Мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб дар арафаи таҷлили 23-юмин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ доир гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳомиёни Ватанро бо иди касбиашон табрик намуда, оид ба Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» суханронӣ намуданд. Онҳо, аз ҷумла зикр карданд, ки бо мақсади вусъат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030-юм таҳия гардид. Намояндагони мардумӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд: «Шумо — сарбозони шуҷоъ, ки марзу буми азизи кишварамонро ҳифз менамоед, нагузоред, то ин ки душманони бадхоҳ осоиштагии меҳани азизамонро халалдор намоянд».
Сарбозон аз дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди хизмат барои сарбозону афсарон изҳори сипос намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард арзёбӣ карданд ва ҷавононро даъват намуданд, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.
Ҳамчунин, вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони деҳоти ба номи Бердибаев баргузор гардид, ки дар он нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуданд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»