Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳмонова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода ва муовини котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Раҳимов ҷиҳати мушоҳидаи омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот ба Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 то 23 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкент қарор доштанд.
Баъди бозгашт Наргис Раҳмонова таассуроташро ба хабарнигорамон чунин баён дошт:
- Дар арафа ва рӯзи баргузории интихобот дар ҳайати гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба чанд ҳавзаю участкаи интихоботӣ рафта, суҳбату мулоқот анҷом додем. Ҳамчунин, бо муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон У. Вафоев, муовини раиси Ҳизби демократии Ӯзбекистон — «Миллий тикланиш» Ф. Муҳаммадҷонова ва раиси Ҳизби экологии Ӯзбекистон Б. Алихонов вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э. Абдусаломов иттилоъ дод, ки солҳои 2017-2019 ҷиҳати такмили қонунгузории марбут ба интихобот санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори зиёда аз 50 кишварро омӯхта, бо мутахассисони варзидаи соҳа машварат анҷом додем ва бори аввал дар таърихи кишвар 26 июни соли 2019 Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул намудем. Сипас, дар Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси матбуотӣ бо ширкати рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ доир гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андеша баён намуданд. Ҳамчунин, дар парламенти Ӯзбекистон вохӯрию суҳбатҳо доштем.
22 декабри соли 2019 — рӯзи баргузории интихоботи Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гурӯҳи нозирон дар шаҳри Тошкент, дар 10 ҳавза ҷараёни овоздиҳиро мушоҳида намудем, ки воқеан ҳам шаффоф, демократӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»