1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Фиристода бояд доно бувад

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

МУАРРИФИНОМА

Рахмонзода (2) Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз 29-уми марти соли 1961 дар деҳаи Андароби деҳоти «Зарбдор»-и ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1978, баъди хатми мактаби деҳаи мазкур, ба Донишкадаи муҳандисию ирригатсионӣ ва механикии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси муҳандис- заминсоз хатм кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1983 то моҳи майи соли 1987 дар вазифаҳои котиби озоди собиқ колхози Хатлони ноҳияи Кӯлоб, инструктори Кумитаи комсомолии собиқ вилояти Кӯлоб ва мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 1987 то моҳи майи соли 1993 ба сифати инструктори Кумитаи комсомолии вилояти Брести Ҷумҳурии Беларус, инструктори шуъбаи ташкилии Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб, котиби якуми Кумитаи комсомолӣ ва раиси Кумитаи ҷавонони шаҳри Кӯлоб ифои вазифа намуд.

Аз моҳи июни соли 1993 то моҳи январи соли 2005 мудири бахши аграрии Корпоратсияи истеҳсолии Кӯлоб, директори Корхонаи Тоҷикистону Америка- «Ориёно», мутахассиси пешбар ва сардори шуъбаи сармоягузориҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи сармоягузориҳои берунаи вазорати мазкур ва сардори Раёсати инвеститсияҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Моҳи декабри соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод  ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи марти соли  2009 муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз 1-уми марти соли 2010 то 5-уми январи соли 2012 вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон ва аз таърихи мазкур то 3-юми феврали соли равон вазифаи раиси шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.

Абдуғаффор Раҳмонзода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хизматҳои ӯ  бо як қатор медалу мукофотҳо қадр карда шудааст. Оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Аз ҷониби ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

Абдуғаффор Раҳмонзода давоми се соли раиси шаҳри Кӯлоб буданаш, тавонист, ки баҳри  беҳбудии зиндагии сокинони шаҳр тадбирҳои судбахшро рӯи кор биёрад. Масалан, дар давраи раиси шаҳр буданаш, қабл аз ҳама, ҳамчун мутахассиси соҳаи заминшиносӣ, дар зиёд намудани майдони кишти зироатҳои асосии кишоварзӣ, ба амсоли пахта, зироатҳои ғалладонагӣ, картошка, сабзавот, полезиҳо, зироатҳои хӯроки чорво ва бунёди боғу токзорҳои нав  натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Соҳаи чорводорӣ низ нисбати солҳои қаблӣ рушд намуд. Барои тараққии соҳаи моҳипарварӣ майдони ҳавзҳо ба 80 гектар  ва шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба  20 адад расонида шуд.

Дар ин давра кори сохтмон нисбати дигар самтҳои хоҷагии халқи шаҳр ба таври чашмгир рушд намуд. Андешидани силсилаи тадбирҳо, ба амсоли вохӯ- риҳои пайваста бо соҳибкорону ашхоси алоҳида, самари нек ба бор овард. Ниҳоят, бунёди зиёди биноҳои замонавии истиқоматӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ, хизматрасонӣ, фарҳангӣ, маъмурӣ ва ғайраҳо маҳз натиҷаи ҳамин тадбирҳоянд, ки симои шаҳрро аз пештара дида, бештар зебову назаррабо ва дилкаш кардаанд.

Самараи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳия, ки аслан ба истеҳсоли орд, маҳсулоти нонию қаннодӣ, гӯштию ширӣ,  равғани растанию ҳасиб, нахи пахтаю чигит, риштаю маҳсулоти дарзӣ ва сангу шағал нигаронида шудаанд, дучанд боло рафт. Саноатчиён нақшаи дурнамои соли 2014-ро ба андозаи 109 фоиз иҷро намуданд.       Тӯли се соли охир соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш низ нисбат ба солҳои қаблӣ, фаъолу пешрав гардид.

Қисмате аз муассисаҳои тандурустӣ дорои биноҳои нав,таҷҳизоти муоинакунандаи замонавӣ ва мутахассисон гаштанд. Фарҳангиёни шаҳр бо дастгирии бевоситаи ӯ соҳиби ду дастаи нави ҳунарӣ  шуданд.

Варзишгарони шаҳр дар симои Мавзуна Чориева ва дастаи футболи «Равшан», ки дар ин миён яке чемпиони Бозиҳои XXX олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 ва дигаре чемпиони Тоҷикистон шуданд, аз дастгириҳои раиси шаҳр хеле бархӯрдор буданд.

Зимни омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 700-солагии мутафаккири бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба  бахти сокинони шаҳр, сарони ИДМ дар Саммити  моҳи ноябри соли рафта, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус -шаҳри Минск баргузор гардид, шаҳри Кӯлобро дар қатори шаҳри Воронежи Федератсияи Россия ба сифати пойтахти фарҳангии давлатҳои ИДМ интихоб намуданд.

Зимни суҳбат мо аз Абдуғаффор Раҳмонзода  нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботиашро пурсон шудем ва ӯ гуфт, ки аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дида,  барномаи хубтару болотаре нест. Барномаи пешазинтихоботию ҳадафи аслии ман, чун дигар ҳамтоёни ҳизбии худ, иҷрои бе чуну чарои ҳар нуктаи ҳамин Барнома аст, ки дар он муҳимтарин самтҳои рушди Тоҷикистони азиз дар солҳои 2015-2020 ҳамаҷониба инъикос ёфтааст.

- Барномаи мазкур қобили қабули тамоми мардуми шарафманди қишвар аст, зеро дар он роҳу усулҳои расидан ба зиндагии шоиста ва хостаҳои миллӣ бисёр равшану возеҳ ба чашм мерасад. Мутмаинам, ки мардуми шарифи кишвар бо сарварии Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон зимни татбиқи ҳадафҳои ин Барнома, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва зиндагии воқеан ҳам шоиста шарафёб мешаванд,- таъкид намуданд А.Раҳмонзода дар хулосаи андешаҳои хеш.

Амалҳои шоистаи дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии худ баанҷомрасонида, нақшаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоии тарҳрезишуда ва ниҳоят ҳадафҳои ҳизбию ормонҳои минбаъдаи Абдуғаффор Раҳмонзодаро дар нисбати шаҳри бостонии Кӯлобу мардуми шарифи кишвар дида, мисрае аз «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ ба хотирам расид: Фиристода бояд, ки доно бувад…

Интихобкунанда вакилеро пешбарию дастгирӣ  мекунад, ки  доною созанда ва фидоии Ватану арзишҳои миллии он бошад.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»