Зимни мулоқот бо мардум дар Ҷамоати деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳарчанд қисми зиёди дастуру супоришҳои дар Паёми соли 2015 зикргардида иҷро шуда бошанд ҳам, бо сабаби ба иҷро нарасидани баъзе нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат, нафақаву стипендия амалӣ нагардид. Дар Паёми имсола беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити шоиста барои ҳар як шаҳрванд вазифаи олитарини фаъолияти Президенти мамлакат ва Ҳукумат арзёбӣ шуд. Дар ин раванд, аз 1 июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат, нафақаву стипендия, мувофиқан 15, 20, 25 ва 30 фоиз таъкид гардид.
Ҳамчунин, бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, мустаҳкамиву ободии ояндаи Ватан, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ки барои тамоми башарият хавфи на камтар аз силоҳи ядроӣ дорад, вазифаи муҳими сохторҳои қудратӣ ва ҳар як сокини кишвар дониста шуд.
Бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» — ро таҳия ва пешниҳод намояд.
Мавҷуда Қаландарзода дар бораи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи он таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас намудани салоҳияти сохторҳои давлатӣ, ҷалби ҷавонон дар идораи давлат, масъалаҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо ва ғайра мебошад, суханронӣ намуда, тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо тавзеҳ дод.
Инчунин, Мавлуда Қаландарзода ба интихобкунандагон доир ба фаъолияти парлумони кишвар дар тӯли 11 моҳ, такмили қонунгузории оила, соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуд.
Суханоро Абдумамадова