Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро он парламенти касбӣ ва доимоамалкунандаи кишвар буда, аз вакил дониши хуби сиёсӣ, ҳунари волои қонунэҷодкунӣ ва ҳисси баланди худшиносии миллиро тақозо дорад. Ҳамзамон вакил бояд пайваста бо мардум вохӯрда, аз мушкилоти онҳо пурсон шуда, барои ҳалли мушкилоти интихобкунандагонаш талош варзад.
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №9 Хушвахт Ҳасанов дорои чунин хислатҳо мебошад. Номбурда бо тақозои касбаш аз аввал миёни мардум аст. Ӯ соҳиби ду ихтисос- дорусоз ва ҳуқуқшинос буда, зиёда аз даҳ сол дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Тӯли ин солҳо худро чун шахси ватандӯст, худшиносу худогоҳ, бомаърифат, меҳнатдӯст, ташаббускор ва ташкилотчии хуб нишон дода, бо кордониву масъулиятшиносиаш дар дилу дидаи ҳамкасбону ҳамкорон ҷой гирифтааст. Ҳамчун роҳбар шахси адолатпарвар буда, нисбат ба кор ҷиддӣ мебошад ва пайваста кӯшиш менамояд, ки барои пешрафти Ватани азиз саҳми худро гузорад.
Хушвахт Ҳасанов 3 феврали соли 1978 дар деҳаи Чормағзакони тоҷики деҳоти «Чорбоғ»-и собиқ ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси дорусоз ва соли 2011 Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст.
Фаъолияти кориашро соли 2001 дар ҶДММ «Даво» ба ҳайси дорусоз оғоз намуда, баъдан ба таври гузариш ба сифати химик–таҳлилгар кор кардааст. Солҳои 2002-2006 дар вазифаҳои директори Ташкилоти истеҳсолии ноҳиявии №44–и ҶСШК «Доруи тоҷик» дар ноҳияи Варзоб ва директори дорухонаи №88- и ҶСШК «Доруи тоҷик» дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз соли 2007 то соли 2008 ба ҳайси сармутахассиси Маркази назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2008 то соли 2009 муовини директор ва аз соли 2009 инҷониб директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мегӯяд, ки дар сурати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш дар такмил ва таҳияи санадҳои қонунгузорӣ фаъолона иштирок мекунад. Барномаи пешазинтихоботии мавсуф аз рӯйи принсипҳои инсондӯстӣ таҳия гардида, зимни шиносоӣ бо он муътақид гардидем, ки номбурда чун кадри ҷавон метавонад донишу малака ва неруи худро пайи боз ҳам беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва солимии ҷомеа истифода барад. Тавре дар банди аввали барномаи пешазинтихоботии мавсуф омадааст: «Музди меҳнат тавре муқаррар ва дода шавад, ки сардори оила дар доираи кори муътадил оилаи худро бо ғизо, сару либос, таълим ва ғайра таъмин карда тавонад. Ба хурдсолон бояд кумакпулӣ дода шавад, то ки бисёрфарзандӣ ба камбизоатӣ оварда нарасонад. Модарон бояд фарзандони худро солим ба воя расонида тавонанд».
Дар банди дигари ин барнома ташкили ҷойҳои нави корӣ дар сектори кишоварзӣ (чорводорӣ) ва бо кор таъмин намудани ин аҳолӣ дар дохили кишвар, ки аз стратегияву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, зикр шудааст. Мавсуф дар барномаи пешазинтихоботиаш ба соҳаи тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Ба андешаи мавсуф, бунёди оилаи солим асоси бунёдии ҷомеаи солим мебошад. Аз ин рӯ, номбурда ба воя расонидани фарзанд ва ба ҷомеа пешкаш намудани шахсони аз ҷиҳати ҷисмонию рӯҳӣ солиму нафърасон, муҳайё сохтани шароит барои тарбияи насли солими миллат, пеш аз ҳама, дар оила, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олии касбӣ ва касбии техникиро иқдоми саривақтӣ меҳисобад.
Номбурда, ки директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандиии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, муборизаро зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ба манфиати кор медонад. Ӯ мушкилоти нашъамандиро дар байни ҷомеа эҳсос намуда, дар ин самт якчанд мақола ва мусоҳибаҳояшро дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ чоп кардааст. Дар ин росто, рушди иқтисод ва таҳкими иқтидори давлат, ташкил ва ба истифода додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, бо дарназардошти афзун кардани иқтидори содиротии кишвар, ба роҳ мондани кашф ва коркарди захираҳои табииро ҳамчун бахшҳои афзалиятнок дар барномаи пешазинтихоботиаш ҷой додааст.
Ба андешаи номбурда, мебояд, ки барои боз ҳам паст кардани сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнат, зиёд кардани истеҳсолоти дохилӣ ва рушд додани корхонаҳои хурду бузург аз имконоти мавҷуда самаранок истифода шавад.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»