Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҳаёт Одинаев аллакай таҷрибаи кор дар парлумони касбии мамлакатро дорад. Ӯ соли 2011 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, тӯли як соли фаъолият дар парлумон тағйироту иловаҳои зиёдро ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ се лоиҳаи қонунро таҳия намудааст.
Дар муҳокимарониҳои парлумонӣ дар доираи барномаи СААШ «Ҳамкориҳо ба хотири сулҳ» дар шаҳри Брюссел ширкат варзидааст.
Донишу малака, собиқаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва ҳисси баланди хештаншиносиву ватанпарастӣ имкон додааст, ки номбурда ҳамчун вакили фаъол дар ташаккули низоми қонунгузории кишвар саҳми муносиб гузорад. Мавсуф 20-уми августи соли 1966 дар деҳаи Толеи нави ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.
Соли 1983 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, ба факултети банақшагирӣ-иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1990 онро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар ҷараёни таҳсил тӯли солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст.
Баъди хатми донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимони факултет ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ ба кор қабул мешавад. Соли 1993 ба аспирантураи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, пеш аз муҳлат (майи соли 1995) рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Тӯли солҳои 1995-2001 дар вазифаҳои ҷонишини декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1998 сазовори унвони илмии дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи КАС дониста шуд.
Ҳ.Одинаев солҳои 2001-2004 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, моҳи майи соли 2005 рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Моҳи октябри соли 2007 ба ҳайси профессори кафедраи иқтисод ва идоракунии комплекси агросаноатӣ пазируфта шуд.
Аз моҳи декабри соли 2005 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Тӯли ин муҳлат дар факултети зикршуда якчанд навигариҳо ба вуҷуд овард. Соли 2007 Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Рушди босубот» созмон ёфта, дар доираи он солҳои 2007 ва 2010 ду лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд. Дар факултет ихтисоси нави «Кори иҷтимоӣ» таъсис ёфта, дар ин ҷода бо Донишгоҳи Стокголм (Шветсия) робитаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Мавсуф аз соли 2008 то соли 2011 вазифаи сардори раёсати таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, соли 2012 ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳаёт Одинаев раиси Шӯрои илмӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 — Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисоди минтақавӣ) буда, инчунин узви се Шӯрои илмӣ оид ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад. Роҳбарии илмии лоиҳаи фармоишии илмӣ-тадқиқотиро, ки Шӯрои координатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба уҳда дорад.
Аълочии маорифи Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи иқтисодчиёни ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Рушди босубот» дар назди Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар кори мизҳои мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Мушкилоти тадриси фанҳои иқтисодӣ» (ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, соли 1998), «Мушкилоти экологияи глобалӣ ва рушди босубот» (ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, соли 2001), конференсияҳои байналмилалии «Хонишҳои Татуровӣ», соли 1996, «Хонишҳои Ломоносовӣ», солҳои 2000, 2001, 2003, 2004, 2008, 2010, 2012, «Муҳити атроф ва инсоният» (ДДМ ба номи М.В.Ломоносов) ва семинарҳои зиёд иштирок ва баромад намудааст.
Дар раванди пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯи «Моделсозии макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 2009-2011) иштирок намуда, дар курсҳои омӯзишӣ доир ба ин соҳа дар шаҳри Париж такмили ихтисос намудааст.
Ҳ. Одинаев собиқаи бештар аз 24-солаи омӯзгорӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дорад. Муаллифи беш аз 80 асари илмӣ, аз ҷумла ду монография, ду китоби дарсӣ ва шаш дастури таълимӣ-методӣ аст. Таҳти роҳбарии ӯ ҳашт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳоло роҳбарии илмии ҳашт аспирант ва як докторантро ба уҳда дорад.
Номбурда дар ташаккулёбии сиёсати аграрӣ-иқтисодӣ, мушкилоти экологӣ, танзими ҷараёнҳои интегратсияи обию энергетикии мамолики Осиёи Марказӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла обҳои байнисарҳадӣ тадқиқотҳои илмӣ бурда истодааст.
Ҳ.Одинаев ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар таъмини гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра пайваста саҳмгузор бошад. Муътақидем, ки будани чунин нафарони кордону масъулиятшинос дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати халқу миллат аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»