Дар ҷомеаи мо занон ҷойгоҳи хоса дошта, бо дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ягона мамлакате маҳсуб меёбад, ки Сарвараш оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фармони махсусро ба имзо расонидааст.
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз зумраи бонувоне мебошад, ки дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият намуда, чун шахси нексиришту поквиҷдон, масъулиятшиносу кордон эътироф гардидааст. Номбурда 2 июни соли 1969 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1992 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи таърихи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудааст. Аз соли 1999 то соли 2000 дар шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ, аз соли 2000 то соли 2002 дар Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис ва аз соли 2004 то соли 2008 ба сифати сардори шуъбаи илм ва экспертизаи мавзӯъҳои илмию техникии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2005 ҳамчун котиби илмии Шӯрои олимони факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва аз соли 2002 то соли 2004 ҳамчун котиби илмии Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои илмӣ, хусусан дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, муҳтавои маърӯзаҳояш дар маҷмӯаи мақолаҳои илмии конференсияҳо ба чоп расидааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2008 Ҳилолбӣ Қурбонзода ба вазифаи муовин ва аз 2 ноябри соли 2011 ба вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то ҳол фаъолият менамояд.
Ҳамрадиф ба фаъолияти пурмаҳсули роҳбарӣ ин бонуи доно ва тавоно номзади илми таърих буда, айни замон барои навиштани рисолаи докторӣ омодагӣ дорад. Ҳарчанд ҳамсуҳбатам хоксорӣ намуд, вале далелу арқом аз он шаҳодат медиҳанд, ки муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ буда, барои меҳнати софдилона ва пурмаҳсулаш мавсуф бо медали «Хизмати шоиста» ва «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Дар раванди суҳбат дарк намудем, ки ӯ соҳиби маърифати баланди инсонӣ буда, нисбат ба атрофиён муносибати хуб дорад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни бонувон тавсеаву тарғиб менамояд ва дар татбиқи он фаъол аст. Тӯли солҳои фаъолият дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба беҳдошти вазъи занон рабтдошта саҳмгузорӣ намудааст. Ӯ мунтазам дар конфронсу семинарҳо, мизҳои мудаввар ва барномаҳои телевизионӣ фаъолона иштирок намуда, оид ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии занон суханронӣ намудааст. Бо занҳои корафтодаву ниёзманд иртиботи ҳамешагӣ дошта, мунтазам бо онҳо суҳбату мулоқотҳо баргузор намуда, дар ҳалли мушкилоташон мадад мерасонад.
Қобилияту кордонӣ, ватандӯстиву масъулиятнокии ӯро ба инобат гирифта, дар Конференсияи XVl бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Ҳилолбӣ Қурбонзода ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36 пешбарӣ гардид. Ҳангоми таҳияи мавод бо барномаи пешазинтихоботии мавсуф шинос шудем. Дар муқаддимаи барномааш чунин зикр намудааст: «Барномаи пешазинтихоботии ман ҷузъи ҷудонашавандаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» мебошад, ки бо мақсади амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст».
Мусоидат намудан ба тарғибу ташвиқи фарҳанги таҳаммулгароӣ, озодандешӣ ва худшиносии миллӣ бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ва хушунатомези диниву мазҳабӣ, иштирок дар таҳияи маҷмӯи санадҳо ва барномаҳои миллӣ, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва созанда боз ҳам муътабар менамояд, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла занонро дар хориҷи кишвар ҳимоя менамоянд, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз масъалаҳои меҳварие мебошанд, ки дар барномаи пешазинтихоботии Ҳ. Қурбонзода зикр шудаанд.
Муътақид гардидем, ки мавсуф ба соҳаи илму маориф низ таваҷҷуҳи хоса дорад.
-Дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, таҳкими оила ва баробарҳуқуқии гендерӣ нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии маро омӯзиш ва пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи ҷавонон ва дастгирии соҳибкорони ҷавон, мусоидат намудан ба муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихиву минтақаҳои истироҳатӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар тавассути ширкат дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ, ироаи пешниҳодҳои мушаххас оид ба такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва қонунгузории соҳа, иштирок дар такмили қонунгузорӣ оид ба баробарии гендерӣ ва таҳкими оила ташкил медиҳанд.
Дар сурати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан кӯшиш менамоям, ки дар рушди низоми қонунгузории кишвар ва ислоҳоти ҳуқуқӣ иштирок намуда, дар густариши фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор саҳмгузор бошам,- мегӯяд Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Мутмаинем, ки ин зани нексиришту поквиҷдон ва дилсӯзу дардошно метавонад интихобкунандагони хешро таври шоиста дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар намояндагӣ кунад.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»