Яке аз нишонаҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани ҷомеа баргузории интихобот ба шумор меравад, зеро шаҳрванд метавонад бо иштирок дар интихобот ба воситаи вакилони интихобкарда дар фаъолияти ҳокимият ширкат варзад.
Интихобот василаест, ки шаҳрванд дар он иштирок намуда, барои пешрафт ва рушди ҷомеа овоз медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, нодида гирифтани интихобот ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ ғалат ва хилофи арзишҳои демократӣ мебошад. Мардум нафареро вакил интихоб менамояд, ки дар ҷомеа шахси муътабар буда, барои пешрафту ободии маҳал, ноҳия ва шаҳри интихобкунандагон саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон интихоботро фурсати муносиб ҳисобида, барои интихоби номзади арзанда кӯшиш менамоянд.
Маҳз чунин ҷаҳду талош ва иштироки фаъоли халқи Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2020, ки 1-уми март баргузор гардид, бармало буд. То фаро расидани рӯзи интихобот намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо тавассути расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботӣ ва шахсони ба вакилӣ пешниҳодшуда хеле фаъол буданд. Онҳо дар тамоми гӯшаю канори кишвар ба интихобкунандагон вохӯриҳо ташкил ва ба мардум нақшаву ҳадафҳои панҷсоларо пешниҳод карданд.
Тарғиби пайвастаи номзадҳо буд, ки рӯзи интихобот аз субҳи барвақт мардум ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир гардида, ба ҷонибдории ҳизби сиёсӣ ва вакилон раъй доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани интихоботи шаффофу озод шароит фароҳам овард ва он дар фазои ором баргузор гардид.
Гузашта аз ин, дар давраи тоинтихоботӣ намояндагони ҳизбҳо бо риояи одоби сиёсӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо ташкил карданд. Ҳеҷ яке аз намояндагони ҳизбҳо чун намояндагони созмони экстремистию террористии ҲНИ худро «ҳизби Худо» ва аҳзоби дигарро «ҳизби шайтонӣ» эълон накард. Ҳамчунин, ҳеҷ яке аз намояндагони ҳизбҳо чун наҳзатиҳои террорист мардумро ба он натарсонид, ки «ҳар касе дар варақаи интихоботӣ номи ҳизби моро хат занад, дини мубини исломро хат задааст ва аз дин берун рафтааст». Ҳеҷ яке аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба мисли наҳзатиҳо худро фаришта ва дигаронро шайтон нахонд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки тамоми кинаву адоват, хусумату бадбинӣ ва ҳиллаву найрангро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо ва танҳо тундравони наҳзатӣ паҳн мекардаанд. Дар интихоботи чанд рӯзи пеш гузашта, ки онҳо ҳузур надоштанд, халқ бидуни ҳарос ва даҳшату нафрат овоз доданд.
Умед ПУДИНАЕВ, ходими калони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон