Интихобот рӯҳияи идона дошт

№ 12.10.2020

Субҳи 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Барои инъикоси раванди интихобот дар панҷ участкаи интихоботии ҳавзаи Исмоили Сомонӣ-2 қарор доштем. Дар участкаи интихоботии №15, ки 1490 овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ овоз доданд. Пешвои миллат аз раиси комиссияи участкавӣ дар бораи иштироки интихобкунандагон пурсон шуда, ба аъзои комиссия муваффақият орзу карданд. 

Рафоат Қувватова раиси участкаи интихоботии №15 иброз дошт, ки иштироки сокинон дар интихобот хуб аст. То соати 800 тақрибан 10,5 фоизи овоздиҳандагон омада, раъйи худро доданд. Дар ин участка 17 нафар бори аввал дар интихобот ширкат варзиданд, ки бо гул ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Яке аз онҳо Нозанин Содиқова буд, ки бо хушҳолӣ гуфт:

- Ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба интихобот омада, Президенти мамлакатро барои ҳафт соли оянда интихоб кардам. Бовар дорам, ки иштироки мо – ҷавонон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба осудагии кишвар ва ояндаи боз ҳам дурахшон мусоидат хоҳад кард.

Дар участкаи интихоботии №15 ду нозири байналмилалӣ рафти интихоботро мушоҳида мекарданд. Яке аз онҳо вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Алексей Чепа бо қаноатмандӣ гуфт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои идона дошт.

- Мо ба чанд участкаи интихоботӣ, хусусан, ба участкаи интихоботие, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷой гирифта буд, рафтем. Он ҷо ҳавои идона дошт, ҷавонон мерақсиданду шодӣ мекарданд. Ба онҳое, ки бори аввал дар интихобот иштирок намуданд, туҳфаҳо тақдим гардид. Хусусан, донишҷӯён фаъол ба назар мерасиданд. Ба мушоҳидаи мо, дар давоми се соат тахмин 20 фоизи интихобкунандагон овоз доданд, — афзуд А. Чепа.

Дар участкаи интихоботии №12-и ҳавзаи Исмоили Сомонӣ 2, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷой гирифта буд, низ иштироки фаъоли овоздиҳандагон, хусусан, донишҷӯён, ба назар расид. Раиси комиссияи участка Дилшод Раҷабов изҳор дошт, ки аз 1406 интихобкунанда то соати 1000 - 53,6 фоиз (755 нафар) дар интихобот ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки ба ин участка 242 нафар бори аввал ба овоздиҳӣ омаданд ва бо мукофоти махсуси роҳбарияти донишгоҳ – гул, китоб ва нишони сарисинагӣ қадр шуданд.

Дар участкаҳои интихоботии №11 ва №13 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2 бошад, то нисфирӯзӣ беш аз 50 фоизи овоздиҳандагон раъй доданд. Дар участкаи интихоботии №11 — 1926 ва дар участкаи интихоботии №13 — 580 овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст.

Дар участкаи интихоботии №2-и ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ-2, ки дар МТМУ №8 ҷойгир буд, шумораи зиёди нозирони байналмилалӣ ба назар расид. Тавре раиси комиссияи участка Азизбек Боронов зикр кард, то соати 11 ҷараёни ин интихоботро дар ин участка 30 нозири байналмилалӣ ва 6 нозири миллӣ мушоҳида намудаанд. Дар ин ҷо то нисфирӯзӣ 52,2 фоиз (964 нафар)-и интихобкунандагон овоз додаанд.

Сипас, ба ҳавзаи Исмоили Сомонӣ 2 рафта, бо раиси комиссияи ҳавзавӣ Комил Шарипов ҳамсуҳбат шудем. Ӯ аз иштироки интихобкунандагон изҳори қаноатмандӣ ва аз ҷумла, иброз намуд:

- Дар ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки аз чил участка ва 57 237 интихобкунанда иборат мебошад, 1145 нафар бори аввал иштирок намуданд. Сокинон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят фаъол буданд. То соати 1200 аллакай 51 фоизи овоздиҳандагони ҳавза ва ё 29180 нафар ба интихобот омаданд. 

М. УСМОН,

Садои мардум»