Интихобот рӯҳияи идона дошт

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

1 марти соли 2020 дар мамлакат интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва муташаккилона доир гардид. Гузориши хабарнигоронамон аз ин хусус.

Интихобкунандагони участкаи интихоботии №32-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд. Ҳангоми ба ин ҷо омадан соат аз 12 гузашта буд. Раиси участка Орифа Оқилова изҳор дошт, ки то соати 12:00 зиёда аз 51 дарсад интихобкунандагон раъй доданд.

Номбурда фаъол будани ҷавонони 18-соларо махсусан қайд кард. Бино ба гуфти ӯ, мушоҳидони милливу байналмилалӣ низ рафти интихоботро дар қитъа мушоҳида намудаанд.

Дар участкаи интихоботии №3-и ноҳияи Фирдавсӣ низ интихобот дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.

 

Тибқи маълумоти раиси участка Толибҷон Шокирҷонов, то соати 13:00 тақрибан 65 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Раванди интихоботро мушоҳидон аз сафоратҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай мушоҳида намудаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

******

02Нахустин рӯзи моҳи равон соати 800 (бо вақти Санкт-Петербург) дар участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия овоздиҳӣ шурӯъ шуд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва дигар субъектҳои шомили Округи федералии шимолу ғарби Россия муваққатӣ ё доимӣ зиндаги мекунанд, овоз доданд.

Ҷараёни интихоботро намояндаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мушовири шуъбаи мониторинги интихобот Татяна Шулгина, муовинони котиби генералии Шӯрои ИДМ — намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Айк Чилингарян, Жогорку Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон Нурбек Сатвалдиев мушоҳида намуданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Давлаталӣ Назризода иттилоъ дод, ки участкаи интихоботӣ мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур, №3 вобаста шудааст. Дар Консулгарии генералӣ 1 ҳазору 970 нафар интихобкунанда номнавис гардидааст.

Тавре маълум шуд, дар участкаҳои интихоботии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург то соати 1800 (бо вақти Санкт-Петербург) зиёда аз 1000 интихобкунанда овоз доданд.

Маратҷон ҶАББОРОВ, аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

*******

DSC01678Дар участкаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии Ҳисор, №7 маъракаи интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муташаккилона, шаффоф ва бо рӯҳияи баланди идона сурат гирифт.

Мардум бо рӯҳбаландии том ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Президент, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ масъулиятшиносона ба номзадҳои арзанда овоз доданд.

Аз мушоҳидаҳо дар участкаҳои интихоботии №8 (раисаш Гулшан Низомова) — шаҳраки Ҳисор, №10 (И. Бозорова), №11 (З. Роибова), №12 (Г. Бобокалонов) — шаҳраки Шарора ва участкаҳои интихоботии №15 (раисаш М. Мирзоева), №16 (З. Ҷобиров), №25 (Ш. Зокирова) — деҳоти «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор бармеомад, ки комиссияҳои интихоботӣ барои муташаккилона ҷараён гирифтани интихобот корҳои тарғиботиро хуб ба роҳ мондаанд. Чунки дар онҳо маъракаи овоздиҳӣ хеле бонизом сурат гирифт.

То соати 15-и нисфирӯзӣ дар участкаҳои зикршуда аз 75 то 85 фоизи интихобкунандагон мавқеи худро муайян намуданд.

Аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ онҳоеро, ки бори аввал ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карда буданд, бо гулҳои тару тоза пешвоз гирифта, ҳуқуқҳояшонро фаҳмониданд.

Дар маҷмӯъ, интихобот шаффофу демок­ратӣ ва дар доираи меъёрҳои муайяншуда сурат гирифт.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

******

Маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 14 участкаи интихоботӣ муташаккилона оғоз гардид.

Сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон озими участкаҳои интихоботӣ шуда, бо боварӣ ба ояндаи неки худ ба намояндагони мардумӣ раъй доданд.

Ба иттилои раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ Хушқадам Асматуллоев, натиҷаи овоздиҳӣ дар шаҳр 95 дарсадро ташкил дод. Раъйи 160 нафар овоздиҳандаи барҷомонда аз тариқи қуттиҳои сайёр гирифта шуд.

Зикр бояд кард, ки дар маъракаи сиёсӣ 17 ҳазору 828 нафар сокини шаҳр, аз ҷумла, зиёда аз 400 нафар, бори нахуст ширкат варзиданд.

Дар участкаҳои интихоботӣ фазои идона ҳукмфармо буд. Комиссияҳои интихоботӣ, тибқи талаботи қонунгузорӣ, фаъолият карданд.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»

******

Дар участкаи интихоботии №11, ҳавзаи якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ, №2, ки дар МТМУ №70 воқеъ аст, аз пагоҳӣ навои суруду таронаҳои ватандӯстона ба гӯш мерасид. Вале иштироки сокинон то нимаи рӯз чандон назаррас набуд. Танҳо баъд аз нисфирӯзӣ интихобкунандагон якбора фаъол шуданд.

Яке аз сокинон бо номи Фаррух Ҷумъазода, ки бори аввал овоз медод, гуфт:

- Бароям ҷолиб аст, ки интихобот чӣ гуна доир мегардад. Аз расонаҳои хабарӣ, ки ҳар рӯз дар бораи интихобот мақола чоп мекунанд ё намоиш пешкаш мекунанд, маълумоти кофӣ ба даст овардаам, аммо шахсан то ин дам дар интихобот ширкат наварзида будам.

Сокини кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ Сокина Холова иброз дошт, ки аз оилаи онҳо ду нафар дар интихобот иштирок карданд.

- Ман ва шавҳарам дар интихобот иштирок кардем. Панҷ нафар номзад бароямон шинос буданд, онҳо қаблан бо сокинон вохӯрӣ доштанд. Ман ба тарафдории яке аз онҳо, ки фикр мекунам, сазовор аст, овоз додам, — зикр кард вай.

Бино ба маълумоти масъулин, то нимаи рӯз дар участкаи интихоботии №11, ки дар он 2025 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда буд, 42 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Раиси участка Аҳтам Лақаев гуфт, ки дар овоздиҳӣ 95,2 фоизи овоздиҳандагон иштирок карданд.

Дар участкаи интихоботии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сад­риддин Айнӣ воқеъ аст, иштироки интихобкунандагон нисбатан фаъол ба назар расид. Бояд гуфт, ки аз 2200 нафар овоздиҳандаи ин участка аксариятро донишҷӯёни муқими хобгоҳи донишгоҳ ташкил медоданд. Дар он то нимрӯзӣ беш аз 50 фоиз дар интихобот ширкат карданд.

- Дар умум, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Исмоили Сомонӣ, №2 77591 нафар дар интихобот иштирок намуданд, ки 88,5 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт зимни суҳбат раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Исмоили Сомонӣ, №2 Комил Шарипов. Ӯ афзуд, ки нозирони байналмилалӣ ба 53 участкаи ҳавза рафта, ҷараёни интихоботро мушоҳида карданд. Ба қавли Комил Шарипов, нозирони байналмилалӣ, аз рафти овоздиҳӣ ягон шикояту эроде баён накарданд.

Раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур, №3 Фаридун Ҳакимов низ иттилоъ дод, ки аксарияти интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд.

- Аз 89 ҳазор интихобкунандае, ки дар ҳавза ба қайд гирифтем, 76273 нафар дар овоздиҳӣ ширкат доштанд, ки 85,7 фоизро ташкил медиҳад. Рафти интихоботро мушоҳидони зиёди байналмилалӣ назорат карданд. Хушбахтона, ягон ҳолати қонуншиканӣ ба назар нарасид, — гуфт Фаридун Ҳакимов.

М. УСМОН, «Садои мардум»

*******

Назар ба қавли раиси ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ванҷ, №40 Ёдгоршо Шеров, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ, аз ҷумла, ноҳияи Рӯшон (46 участка), Шуғнон (37 ), Ванҷ (44), Дарвоз (32 участка) бо фарогирии 60 ҳазору 562 овоздиҳанда дар сатҳи баланд доир гардид.

Тибқи иттилои раисони участкаҳои интихоботӣ, то соати 18 беш аз 90 фоизи интихобкунандагон ба маҳали овоздиҳӣ ҳозир шуда, ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд. Дар участкаҳои интихоботии №16, 19, 20, 31, 32 ва 33 оммавияти интихобот беҳтар таъмин гардид.

Интихобот дар фазои озод ва шаффоф анҷом пазируфт.

Пайшамбе ШОҲЗОДА, «Садои мардум»

******

DSC03263Тавре раиси ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, №9 Ҳабиба Қурбонова иброз дошт, дар 114 участкаи интихоботӣ, ки дар ҳафт ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб ва ҳафт ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ воқеъанд ва 204 160 нафар интихобкунандаро дар бар мегиранд, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд, бо риояи талаботи қонунгузорӣ, шаффоф ва демократӣ ҷараён гирифт.

Аз ҷумла, интихобкунандагони участкаҳои интихоботии №28-и деҳоти «Россия» бо шумораи 3420, №38-и деҳоти «Гулис­тон» бо шумораи 2000 ва №47-и деҳоти «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо шумораи 2500 нафар аз субҳ бо дарки ­масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ ба участкаҳои интихоботӣ омада, бо умеди пешрафту тараққиёти Тоҷикис­тони азиз, беҳбудии ҳаёти мардуми кишвар овоз доданд. Дар участкаҳои №28 — 46 нафар, №38 — 42 ва №47 — 65 нафар бори аввал дар маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

Раисони участкаҳои интихоботии зикр­гардида иброз доштанд, ки мардум дар интихобот, воқеан ҳам, фаъолона ширкат варзиданд. Интихобот дар доираи қонунгузорӣ, шаффоф ва демократӣ доир гашт. Интихобкунандагон озодона ба ҷонибдории номзадҳо раъй доданд.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

*******

рафтБино ба гуфти раиси участкаи интихоботии №22 — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Манзура Олимова, дар қитъа, ки 2 ҳазору 592 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буд, 131 нафар бори нахуст дар интихобот ширкат варзиданд. Собиқадори маориф Муродҷон Умарови 80 — сола аввалин шуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз дод. Сипас, Зулфия Набиева ва Хуршед Холиқов, ки акнун синнашон ба 18 расида буд, раъй доданд.

Собиқадори меҳнат Мирзоаҳад Мақсудови 85 — сола, ки бо рӯҳияи баланд ба участкаи овоздиҳӣ омада буд, гуфт:

- Ман ба ҷонибдории сулҳу ваҳдат, рушду пешрафти Тоҷикис­тон овоз додам, ки ба шарофати кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст.

Дар участкаи интихоботии №37-и шаҳри Хуҷанд 2301 нафар интихобкунанда номнавис гардидааст, ки 10 нафари онҳо бори нахуст дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд. Раиси участкаи интихоботӣ Таҳмина Каримова гуфт, ки мардум аз субҳ дар интихобот бо рӯҳияи болида фаъолона иштирок ва вакилони худро дар Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карданд.

Дар участкаи интихоботии «Сарбанд», №55-и ноҳияи Спитамен то соати 1500 беш аз 90 дарсади интихобкунандагон раъй доданд.

- Дар интихоботи пешин чунин муташаккилиро надида будам, — гуфт раиси участка Маҳбуба Умурзоқова.

Ҳанӯз соат 6 нашуда, интихобкунандагон ба участка омада, оғози маъракаи муҳими сиёсиро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят, лаҳзаи интизорӣ ба поён расид. Бо хоҳиши интихобкунандагон аввалин шуда, собиқадорони меҳнат Абдураззоқ Умурзоқов ва Гулшода Ҳайдарова овоз доданд. Барои Гулшода бошад, он рӯз ид буд. Дар рӯзи якуми баҳор вай 18-сола шуд ва бори нахуст дар интихобот иштирок кард. Хурсандии ­худро бо даъвати ҳамсолонаш ба пайравии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмат кардан ба халқу Ватан изҳор дошт.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»

******

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон дар қатори дигар шаҳрвандони мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  аз субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят иштирок намуданд.

Бино ба иттилои раиси Комиссфияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода, то соати 1000 аллакай 41,5 фоизи интихобкунандаҳо овоз доданд.

- Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ 253 нафар аз чор ҳизб — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуданд, ки 72 нафарашон зан буданд. Номзадии 95 кас бо баргузории конференсияҳои ҳизбӣ ва 158 нафари дигар ба тариқи худпешбарӣ муайян шуда буд, — афзуд ӯ.

Номбурда гуфт, ки дар 1068 қитъаи раъйдиҳии вилоят овоздиҳӣ хуб ҷараён гирифт. Шумораи умумии интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 миллиону 698 ҳазору 656 нафарро ташкил дод, ки 61 138 нафари онҳо бори аввал овоз доданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»