Якуми марти соли 2015 дар кишвар маъракаи муҳим интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуд. Гузориши хабарнигорони рӯзномаро аз ин хусус дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешкаши хонандагон менамоем.
Участкаи интихоботии №39-и ҳавзаи интихоботии Сино №4 дар бинои Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббӣ-иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон ҷойгир шудааст. Шаҳрвандон бо табъи хушу рӯҳи болида аз соати шаши субҳ ба интихоби ҳизб ва номзади дилхоҳашон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир мешуданд.
Дар участкаи мазкур мо бо намояндагони Созмони Ҳамкории Шанхай Хайрулло Рӯзметов ва Шерзод Раҳматуллоев, ки аз рафти интихобот назорат мекарданд, суҳбат доштем. Хайрулло Рӯзметов дар суҳбат бо мо чунин зикр кард:
- Мо аз участкаҳои интихоботии №39, №43, №44 ва ҳавзаи интихоботии Сино №4 дидан кардем. Вазъият ором, интихобкунандагон болидарӯҳанд. Ягон қонуншиканӣ дида намешавад ва шаҳрвандон низ шикоят надоштанд.
Бояд зикр кард, ки участкаи интихоботии №39 кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Н.Ганҷавӣ, Яккачинор, Камонгаронро қисман фаро гирифта, дар маҷмӯъ 1420 интихобкунандаро ба қайд гирифтааст.
- То соати 2000 дар ин участка 1200 нафар шаҳрвандон дар интихобот ширкат намуданд. Аз ин шумора 12 нафарро маъюбон ташкил медоданд, ки панҷ нафари онҳо худ ба участкаи интихоботӣ ҳозир гардиданд . Ба хонаи ҳафт нафари дигар бо қуттии сайёр намояндагони участкаи мо ҳозир шуданд ва онҳо дар хонаҳои худ ба намояндаи дилхоҳашон овоз доданд. Қобили зикр аст, ки имсол 24 нафар шаҳрвандон дар участкаи интихоботии мо бори аввал дар интихобот ширкат намуданд, — гуфт дар суҳбат раиси участкаи интихоботии №39 Амонулло Ғоибов.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»
***
Дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 шаҳрвандон бо рӯҳи болида шурӯъ аз соати 600 субҳи якуми март ба интихобот омаданд. Тавре котиби ҳавзаи мазкур Саёҳат Достиева дар суҳбат бо мо иброз дошт, мардум дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ба номзадҳо ва ҳизби сиёсии дилхоҳашон раъй доданд. Бино ба гуфти мавсуф, дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1-ум 45 участкаи интихоботӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ, 75788 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.
Тавре мушоҳида намудем, якуми март участкаҳои интихоботӣ фазои идона доштанд. Натиҷаи фаъолона иштирок намудани шаҳрвандон буд, ки аллакай то соати 1100 рӯзи якуми март зиёда аз 60 фоизи интихобкунандагони ҳавза дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуданд.
Участкаи интихоботии рақами 3-и ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 соати 6-и субҳи якуми март дар ҳузури намояндагони байналмилалӣ бюллетенҳои интихоботиро кушода, ба кор шурӯъ намуд. Раиси участкаи мазкур Зубайдулло Нусратов изҳор дошт, ки аз 2020 нафар интихобкунандагони ба рӯйхатгирифташуда 24 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат варзиданд. То соати 2000 рӯзи якуми март дар участкаи интихоботии зикршуда 1726 нафар дар интихобот иштирок намуданд, ки 85,26 фоизро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфти масъулини ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1, нозирони байналмилаливу дохилӣ дар участкаҳои ҳавзаи мазкур хуб фаъолият доштанд ва дар рафти интихобот ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
***
Аз мушоҳидаи ҷараёни интихобот маълум гардид, ки мардум ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо дилгармӣ ва ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ муносибат менамоянд.
Ин сарҷамъӣ ва омодагиҳо дар рафти овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии №26, №27, воқеъ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78-и ноҳияи Фирдавсӣ, ба назар расид. Якҷо бо раиси участкаи интихоботӣ Мирзо Собиров дар соати аввали овоздиҳӣ мушоҳида намудем, ки бештар аз 300 нафар раъйи худро доданд.
Минбаъд низ мардуми зиёд ба участкаи интихоботӣ меомаданд. Аз суҳбат бо Мирзо Собиров маълум гашт, ки шумораи умумии интихобкунандагон 2345 нафар мебошанд.
Дар ин маърака 21 нафар ҷавонон бори нахуст иштирок доштанд. Донишҷӯйи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Азиза Тошева аз ҷумлаи он ҷавононест, ки бори нахуст дар маъракаи интихобот иштирок менамояд. Ӯ хеле хушнуд аст, ки ҳамчун шаҳрванд аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар ин маъракаи сиёсӣ истифода бурда, баҳри шукуфоии кишвар раъйи худро медиҳад.
Ба ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шоҳмансур №3 ҳангоме ворид шудем, ки аъзои комиссия ба қабул ва шумурдани маълумоти аз участкаҳои интихоботӣ воридшуда машғул буданд. Аз суҳбат бо раиси комиссияи ҳавзавии мазкур Абдулло Холиқов маълум шуд, ки дар ҳудуди ин ҳавза 87 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла 15 участка дар хориҷи кишвар ташкил дода шудааст.
Шумораи интихобкунандагони ҳавза 88 ҳазору 438 нафар ва дар хориҷи кишвар бештар аз 90 ҳазорро ташкил медиҳад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
***
Дар ноҳияи Ҳисор як ҳавза ва 79 участкаи интихоботӣ фаъолият менамуданд, ки 120528 нафар интихобкунандаро дар бар мегирифтанд. Дар участкаи интихоботии №11 шаҳраки Шарораи ноҳия аз 2794 нафар раъйдиҳанда 71 нафарашонро ҷавонони бори аввал овоздиҳанда ташкил медиҳанд.
Аз рӯи маълумотҳои пешниҳоднамудаи раиси участкаи интихоботӣ 145 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Хушбахтона, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳудуди участкаи интихоботии №11-и шаҳраки Шарора беморони бистарӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
***
Саҳни бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ он рӯз чун як базмгоҳи бошукӯҳе ба назар мерасид. Мардум сару либоси идона ба бар карда, барои овоз додан ба тарафдории номзадҳои хеш вориди бинои мактаб мешуданд. Дар ин ҷо участкаи интихоботии №73-и ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сомонӣ №8 ҷойгир шудааст. Аввалин шуда, ду нафар собиқадорони меҳнат- мӯйсафедони барнодил Рамазонӣ Қурбонов ва Ҷӯрабек Раҷабов барои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Бо дуои хайри эшон овоздиҳӣ дар интихобот оғоз шуд. Раиси участкаи интихоботӣ-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Давлатпоччо Маликова гуфт, ки дар ҳудуди деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳашт участкаи интихоботӣ ва 21 ҳазору 839 нафар, аз ҷумла дар участкаи интихоботии мо 4358 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст.
– Дар участкаи интихоботии мо 19 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Ҳамчунин дар ҳудуди ин участка 12 нафар беморону барҷомондагон мавҷуданд, ки ҳоло аъзои комиссия барои гирифтани раъйи онҳо бо қуттиҳои сайёр ба хонаҳои эшон рафтаанд, — гуфт ӯ.
Маҳмадшариф Муродов – намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон зимни суҳбат дар участкаи интихоботии мазкур воқеан ҳам шаффофу демократӣ гузаштани интихоботро таъкид намуд.
***
Дар участкаи интихоботии №74, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти асосии №112-и деҳаи Озодии занони деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шудааст, ҷамъ 1171 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда буд.
Тавре, ки раиси комиссияи участкаи интихоботии мазкур Бурҳон Сафаров зикр кард, то соати 13-и рӯз 85 фоизи интихобкунандагон аллакай ба тарафдории номзадҳои хеш ва ҳизбҳои сиёсии дилхоҳашон раъйи хешро додаанд. Дар ин участкаи интихоботӣ нуҳ нафар бори аввал дар интихобот иштирок варзиданд.
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Валиҷон Муродов гуфт, ки интихобот дар ин участкаи интихоботӣ воқеан ҳам шаффоф ва бе ягон тақаллубкорӣ сурат гирифт.
Неъматулло Солеҳов, «Садои мардум»
***
Интихобкунандагон аз деҳаҳои Дӯстӣ, Бӯрёбоф, Маҳмадшои Поён, Ҳазораи деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба участкаи интихоботии № 72-и ҳавзаи интихоботии Сомонӣ № 8 ташриф оварда, дар маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуданд.
Дар участкаи мазкур, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74 воқеъ гардидааст, ба интихобкунандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда буд. Тавре интихобкунандагон дар суҳбат иброз доштанд, онҳо аз барномаҳои аҳзоби сиёсии кишвар ва номзадҳо ҳамаҷониба огоҳ буданд. Сокинони деҳоти мазкур Баҳриддин Маҷидов, Насрулло Ҳабибов, Ҳабибулло Шарифов аз аввалинҳо шуда, овоз доданд ва умедворанд, ки ҳизб ва номзадҳои арзанда дар оянда барои ободии Ватани худ хизмат хоҳанд кард.
-Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 2389 нафар сокинон иштирок намуданд. Аз ин шумора 38 нафарашон бори аввал овоз доданд,- гуфт котиби участкаи интихоботии № 72 Алиҷон Шарипов.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
***
Участкаи интихоботии «Истиқлол» №18 дар шаҳраки Пахтаободи деҳоти «Навобод» ҷойгир шуда, ба ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 марбут мебошад. Саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, ки участкаи интихоботӣ дар ин ҷо воқеъ аст, намуди идона дорад. Одамон гурӯҳ- гурӯҳ вориди саҳни мактаб шуда, ҳамдигарро бо рӯзи интихобот табрик мегӯянд, ба ҳамдигар таманнои саломатӣ ва барори кор орзу мекунанд.
Раиси участкаи интихоботӣ Рӯзигул Тошмирзоева, изҳор дошт, ки сокинони ин гӯшаи зебои диёр аз субҳ ба участкаи интихоботӣ омаданд, то ин ки қарзи шаҳрвандиашонро адо намуда, ба тарафдории номзадҳои сазоворашон овоз диҳанд. Аз баракати сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ сокинони шаҳрак, ки намояндагони миллатҳои тоҷику ӯзбек мебошанд, дар фазои дӯстона зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Шумораи умумии интихобкунандагони участкаи интихоботии мазкур 1900 нафарро ташкил менамояд ва то соати 1000 субҳ 725 нафар дар овоздиҳӣ иштирок карданд.
Яке аз сокинони маҳалла, баъд аз он ки дар овоздиҳӣ иштирок кард, чунин гуфт:
-Ман Саъдӣ Бухориев ҳастам. Хушбахтам, ки ҳоло ба тарафдории ҳизб ва номзадҳои сазоворам овоз додам. Деҳқонам, хоҷагии деҳқонӣ дорам. Дар ҳафт гектар замини хоҷагиам пахта, гандум, сабзавот кишт мекунам. Як гӯшаи заминамро ба боғ тадбил додаам. Ҳамаи ин аз баракати сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳоло ҳатто ба муҳоҷират рафтанро низ бас кардам ва даромаде, ки аз замини хоҷагиам ба даст меорам, ба таъмини аҳли хонаводаам кифоят мекунад. Овози додаи ман ба хотири сулҳ, ободӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст…
Дар участкаи интихоботии рақами №13-и ҳавзаи интихоботии мазкур, ки дар бинои МТМУ №98 ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Бокир Давлатов ҷойгир шудааст, изҳор доштанд, ки то соати 1030 аз 1250 нафар интихобкунандагон 47 фоизашон раъйи худро ба ҷонибдории номзадҳои сазоворашон доданд. Раиси участкаи интихоботӣ Гавҳар Сироҷиддинова иброз дошт, ки дар участкаи интихоботии мазкур 18 нафар ҷавонон бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд.
Тибқи маълумоти раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 Бобомурод Тешаев, аз шумораи умумии 128088 нафар то соати 1200-и рӯз87099 нафар дар интихобот иштирок намуданд.
***
Дар участкаи интихобоии №23 марбут ба ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6 сокинони шаҳраки Шаҳринав ва маҳаллаи коргарҷавонон, ки теъдодашон ба 1739 нафар баробар аст, ба қайд гирифта шудаанд. То соати 1300 аз ин шумора 1070 нафарашон раъй доданд. Раиси участкаи интихоботӣ Тоҷиниссо Шарипова зимни суҳбат изҳор дошт, ки сокини аз ҳама кӯҳансоли маҳалла Қодиров Абдулазизи 96- сола, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, саҳарии барвақт ба участкаи интихоботӣ омада, ба тарафдории номзадҳои сазовораш раъй дода, барои муваффақона ҷараён гирифтани интихобот фотеҳа дод.
Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6 Абдуманон Ғаниев изҳор намуд, ки то соати 1200 аз шумораи умумии 122103 нафар интихобкунандагон 69221 нафарашон, ки 57 фоизро ташкил менамоянд, дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок карданд. Интихобот дар фазои орому осуда ҷараён мегирад. Теъдоди зиёди нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар ҳудуди ҳавза ягон қонуншиканиро ба қайд нагирифтанд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»
***
Мо соати 800 дар участкаи интихоботии рақами 12-уми шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар назди қасри Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд қарор доштем. Бино ба гуфтаи раиси комиссияи интихоботии ин участка Хайруллохон Ҷамолов, участкаи мазкур ба ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 тааллуқ дошта, участкаи мазкур 1518 нафар интихобкунанда дорад.Аз ин ҳисоб 1509 нафарашонро тоҷикон, шаш нафарашонро русҳо ва се нафарашонро ӯзбекҳо ташкил карда, 31 нафари онҳо бори аввал овоз медиҳанд.
Ҳине ки мо ба ин участка ворид гаштем, он хеле серодам буд. Чуноне раиси участкаи интихоботӣ Хайруллохон Ҷамолов ба мо иттилоъ дод, иштироки интихобкунандагон хеле фаъол буда, то соати 800 ин шумора 220 нафарро ташкил намудааст, ки тақрибан 20 фоизи интихобкунандагонро дар бар мегирад.
- Агар раъйдиҳӣ ба ҳамин суръат идома кунад, кори интихобот шом нарасида, ба анҷом мерасад, ба шарте ки ҳамаи интихобкунандагон ҳамин тавр фаъолона ба участка оянд,-гуфт Хайруллохон Ҷамолов.
Участкаи интихоботии № 44-и ҳамин ҳавза, ки дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд, дар наздикии Кохи матбуот ҷойгир аст, низ серодам буд.Нозирони маҳаллӣ, аз ҷумла намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, рафти интихобот ва иштироки интихобкунандагонро назорат мекарданд. Дар ҳузури мо чанд тан аз нозирони хориҷӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳонаш бо рафти ин маъракаи сиёсӣ, риояи тартиби овоздиҳӣ ва ширкати раъйдиҳандагон дар участка ошно гардида, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бино ба гуфтаи раиси комиссияи участкавӣ Мирзонарзулло Ҳошимов, шумораи умумии интихобкунандагон дар ин ҷо 2806 нафарро ташкил карда, 121 нафар ҷавонон бори аввал овоз медиҳанд.
Соати 1300 мо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштем. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи ноҳияҳои калонтарини вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Мо аз рафти интихобот дар участкаи интихоботии рақами 5, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 ҷойгир аст, дидан кардем. Раиси комиссияи участкавӣ Ашрафбой Ашӯров изҳор дошт ки дар ин участка 2586 нафар интихобкунандагон ба рӯйхат гирифта шуда, то соати 12 аллакай 1870 нафар овоздиҳандагон дар интихобот иштирок карданд, ки 72 фоизи шумораи умумиро ташкил менамояд.
Дар ин ҷо ман бо оилаи Ҷабборовҳо шинос шудам. Марди солдидае, ки Юсуфҷон Ҷабборов ном дошт, ҳамроҳи зану ду писару келинҳояш дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок кард.
-Интихоботи имсола нисбат ба интихоботҳои пешина хеле фарқ дорад. Ҳар як аъзои оилаи мо озодона ва мустақилона ба ҳизбу вакилони дилхоҳи худ овоз додем. Ман зиёда аз 40 сол ба ҳайси агроном дар хоҷагиҳои кишоварзӣ кор кардам. Ҳоло дар нафақа ҳастам. Дар замони шӯравӣ ҳам интихоботҳо муташаккилона доир мешуданд. Лекин дар он вақт мо хоҳем- нахоҳем ба ҷонибдории як нафар номзад овоз медодем. Ана акнун дар байни чандин ҳизб ва чандин номзадҳо якеашро интихоб карда, ба ҳизбу номзади дилхоҳамон овоз додем. Ана инро демократия мегӯянд,- хушҳолона ба ман гуфт марди рӯзгордида Юсуфҷон Ҷабборов.
Назар ба гуфтаи раиси ҳавзаи интихоботии мазкур Муаттара Убайдуллоева, ин ҳавза 52 участкаи интихоботиро дар бар гирифта, ба он ба ҷуз ноҳияи Спитамен боз як қисми ноҳияи Зафаробод ва як қисми ноҳияи Ғончӣ шомиланд. Шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 92 001 нафарро ташкил медиҳад. Комиссияи интихоботии ноҳиявии он оид ба интихоботи вакилони халқи ноҳия бошад, 29 участкаи интихоботиро дар бар гирифта, шумораи умумии интихобкунандагонаш 65 ҳазору 665 нафар аст. Дар як вақт дар ҳафт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия комиссияҳои интихоботии ҷамоатҳо оид ба интихоботи вакилони маҷлиси ҷамоатҳо фаъолият мебаранд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев раиси комиссияи интихоботии вакилон ба маҷлиси ҷамоати мазкур Инъомҷон Худойқулов, гуфт, ки 35 ҳавзаи интихоботии вакилон ба маҷлиси ҷамоати деҳот ташкил шудааст.Миқдори умумии интихобкунандагон 15293 нафар буда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 участкаи интихоботи № 5 ташкил шудааст. Шумораи умумии интихобкунандагони он 2589 нафар буда, 12 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд. Раисии участкаро Баҳодур Тӯрабоев ба уҳда дошта, дар ин ҷо ба ҳар як интихобкунанда панҷ варақаи интихоботӣ медиҳанд. Яъне, як варақа барои ҳизбҳои сиёсӣ, варақаи дуюм барои муайян намудани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, варақаи сеюм барои овоздиҳӣ ба вакили маҷлиси вилоятӣ,варақаи чорум барои овоз додан ба вакили маҷлиси ноҳиявӣ ва варақаи панҷум барои интихоби вакили ҷамоат дода истодаанд. Дар ин ҷо низ субҳи барвақт овоздиҳӣ сар шуд, интихобкунандагон дар овоздиҳӣ фаъоланд. То соати 1600 2104 нафар интихобкунандагон мавқеи худро муайян намудаанд, ки 82 фоизи интихобкунандагонро ташкил менамояд.
Дар ин ҷо бо Инъомҷон Тӯраев раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев вохӯрдам. Гуфт, ки ҳамчун нозир аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил иштирок дорад. Таассуроташро аз рафти интихобот пурсон шудам.
- Субҳи барвақт,соат ҳоло 600 нашуда, чорабиниҳои идона дар 29 участкаи интихоботии ҳавзаи мо бо танини садои карнаю сурнай ва фурӯши маҳсулоти қаннодию хӯрока оғоз гардид. Дар қисмати тантанавӣ табрикоту шодбошии як гурӯҳ шахсони барӯманд ва ҷавонони бори аввал дар интихобот иштироккунанда бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.
Барои шод кардани табъи интихобкунандагон тамоми рӯз тавассути баландгӯякҳо оҳангҳои ҷозибу сурудаҳои гӯшнавоз садо доданд. Мардумон, фавҷ-фавҷ дар тан либосҳои идонаю дар лаб табассум бо чеҳраҳои хандон ба участкаҳо ҳозир мешуданд. Ба ҳукми Парвардигор, дар рӯзи аввали баҳори нозанин табиат чеҳра барафрӯхта, офтоби оламоро рӯи худро аз паси пардаҳои чандинмоҳаи зимистон намоён сохт. Рӯзи офтобӣ ба фазои идонаи интихобот тавъам гардид.
-Нозирони байналмилалӣ, намояндагони аҳзоби сиёсию ҳаракатҳои мардумӣ рафти ин чорабинии сиёсӣ ва иштироки интихобкунандагонро назорат мекарданд. Муҳимаш ин, ки то ҳол дар гузаронидани ин маърака ягон камбудӣ ё қонуншиканӣ ба назар нарасид,- гуфт Инъомҷон Тӯраев.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»
***
Мушоҳидаи мо аз рафти маъракаи интихобот дар ҳудуди шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 шурӯъ гардид. Ҳавзаи мазкур ноҳияҳои Темурмалику Балҷувон ва як қисмати ноҳияи Восеъро дар бар мегирад. Дар навбати аввал аз участкаи интихоботии № 5, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳраки Восеъ ҷой гирифтааст, дидан намудем. Анбӯҳи интихобкунандагон дар назди ҳуҷраҳои овоздиҳӣ навбат мепоиданд. Раиси участкаи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Файзулло Худоёров гуфт, ки ҳама хоҳиши барвақттар додани раъйи худро доранд.
– Агар интихобкунандагон ҳамин гуна фаъолона иштирок кунанд, боварӣ дорам, ки то соатҳои 10-11 рафти иштирок аз 60 фоиз ҳам боло меравад, -изҳор дошт ӯ.
***
Дар участкаи интихоботии №31-и ҳавзаи мазкур, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳоти «Тугарак» қарор дорад, Ҷаббор Садриддинов- раиси участкаи интихоботӣ зикр кард, ки 2059 нафар интихобкунанда дорем. Ҳоло соат дувоздаҳуним, аллакай 70 фоизи интихобкунандагон овозҳои худро доданд. 29 нафар интихобкунандаи бемор дорем, баъди нисфирӯзӣ сандуқҳои сайёрро гирифта, назди онҳо меравем
-То ҳамин лаҳза ягон хел қонуншиканӣ ба чашм нарасид,- андешаҳояшро оид ба рафти интихобот хулоса карда гуфт нозири участкаи интихоботӣ аз ҲНИТ Н.Қодиров.
***
Раиси участкаи интихоботии № 26-и ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Зарина Шомадова доир ба рафти маъракаи интихобот дар участкаи мазкур ба мо чунин маълумот дод: -Участкаи мо интихобкунандагони деҳаҳои Панҷосёби Болою Поён ва Гулистони деҳоти «Зарбдор»-ро дар бар мегирад. Ҳоло беш аз 70 фоизи онҳо раъйи худро ба ҷонибдоронашон додаанд. То ҳол ягон нозир аз рафти интихобот дар участка шикоят накардааст.
- Намояндаи ҲНИТ Давлат Шарифов низ ин гуфтаҳоро тасдиқ кард.
***
Боздиди мо аз участкаи интихоботии рақами 39-и ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 ба соати 1600 рост омад. То ин дам 770 нафар интихобкунандагони деҳаи Ғарабдара ва атрофи он, ки мансуб ба деҳоти «Балхобӣ»-и ноҳияи Муъминобод аст, пурра дар маъракаи интихобот иштирок кардаанд ва аъзои комиссияи участкавӣ интизори кушодану ҳисоб кардани овозҳо буданд.
- Барои дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаи интихобот дар участкаи мазкур, ман аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шахси масъул маҳсуб меёбам. Хушбахтона, то ҳамин лаҳза ҳеҷ мушкилоте пеш наомад, — бо қаноатмандӣ гуфт раиси Ҷамоати деҳоти «Балхобӣ» Амирхон Раҳмонов.
***
Раиси участкаи интихоботии № 43-и ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35 Рамазон Аҳмадов андешаҳои хешро дар робита ба интихобот чунин баён намуд:
- Участкаи мо мансуби интихобкунандагони деҳаи Қурбоншаҳиди Поёни деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ аст. То ин дам намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ба рафти маъракаи интихобот дар участкаи мо шинос шуданд. Шумо имкон доред ба нозирони ҳизбҳои сиёсӣ ҳамсуҳбат шавед.
Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки маъракаи интихобот ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳавзаю участкаҳои интихоботии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар сатҳи баланди сиёсию якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»
***
Участкаи интихоботии №32-и минтақаи ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №32 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир аст. Чун анъанаи солҳои қаблӣ аввалин шуда, гурӯҳи мӯйсафедони маҳаллаи Ғайрат баъди адои намози бомдод ба ин даргоҳ омаданд. Ба мо муяссар шуд, ки бо яке аз чунин пирони нуронӣ бобои Сайъалӣ Шарифови 88-сола мулоқот намоем. Ба қавли бобои Сайъалӣ, барои ӯ иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими интихоботӣ аз давраи ҷавонӣ боз одат шудааст.
- Ин навбат ҳам ман бо умед ба ояндаи нек ба ин даргоҳи маърифат омадам. Бигузор Ватани азизам- Тоҷикистон орому осуда бошад ва боз ҳам бештару беҳтар пешрафт кунад, — гуфт ӯ.
Дар ин участкаи интихоботӣ, ки 2317 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудаааст. Аллакай то соати 10-у 20 дақиқаи рӯз 1525 нафарашон мавқеи шаҳрвандии худро муайян намуданд. Ба қавли раиси участкаи интихоботии №32 ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Аҳлиддин Маҳмараҳимов, ин чунин маъно дорад, ки то ин дам 66 фоизи интихобкунандагон ба қитъаи овоздиҳӣ омада, мавқеи шаҳрвандии худро муайян намудаанд.
***
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Бохтар №27, ки дар бинои Раёсати молияи ноҳияи Бохтар, шаҳраки Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, аъзои комиссия хеле серкору сертараддуд буданд.
Онҳо тавассути телефони ҳавзаи интихоботӣ ва телефонҳои дастиашон ҳар сари чанд вақт ба саволу пурсишҳои мутасаддиёни ҳамаи 58 участкаи интихоботии ҳудуди ҳавза, ки 45- тоаш дар ноҳияи Бохтар ва 15 адади дигараш дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ ҷойгир буданд, ҷавоб мегардониданд.
Аз рӯи маълумоти Додарҷон Ғуломов дар ҳавзаи интихоботии Бохтар №27 ҷамъ 99 ҳазору 356 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 2696 нафарашон бори аввал дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд.
Тибқи иттилои бадастомада то соати 15-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ 81 ҳазору 174 нафар, яъне 81 фоизи интихобкунандагони ҳавзаи мазкур мавқеи шаҳрвандии худро муайян намуда буданд.
Тавре мушоҳида намудем, дар участкаҳои ҳавзаи интихоботии мазкур интихобот дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузор гардид.
Мардум ба хотири ояндаи неки кишвар бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб намуданд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
***
Интихоботи соли 2015 барои сокинони водии Рашт ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Мо сафари кории худро аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз намудем. Маркази ноҳия -деҳаи Тоҷикобод аз рӯзҳои муқаррарӣ дида серодам буд. Сокинони деҳа бо чеҳраи кушода ва табъи болида ҳамдигарро табрик мегуфтанд. Аз чанд маҳалла садои мусиқӣ ба гӯш мерасид.
Дар участкаи интихоботии №117 (раисаш Исҳоқ Исмоилов), ки ҳамагӣ 863 нафар овоздиҳанда дошт, шумораи зиёди овоздиҳандагон барои гирифтани бюллетенҳои овоздиҳӣ навбат гирифта буданд. Нозирони байналмилалӣ рафти овоздиҳӣ ва муносибати аъзои комиссияро назорат мекарданд. Дар паҳлуи онҳо нозирони ҳизбҳои сиёсие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият доранд, ҷой гирифта буданд.
Аз суҳбат бо раиси участкаи интихоботӣ маълум гардид, ки то омадани мо 600 нафар овоздиҳандагон раъйи худро ба тарафдории номзади арзанда додаанд.
- Интихобкунандагон бо дили гарм ва умеду орзу ба участкаҳои интихоботӣ меоянд, — гуфт ҳамсафарам роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Тоҳирҷон Устоев.
Мо аз рафти интихобот дар участкаҳои интихоботии №132, №133, №134 ва 135 дидан кардем. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ сокинон муташаккилона дар интихобот ширкат варзиданд.
***
Рафти интихобот дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод низ хеле хуб ба назар мерасид. Бояд тазаккур дод, ки се деҳот ва як шаҳраки ноҳияи Нуробод ба ҳавзаи интихоботии Рашт дохил мешаванд. Дигар деҳоти ноҳия ба ҳавзаи интихоботии Файзобод 11 мансубанд.
***
Дар маркази ноҳияи Рашт- шаҳраки Ғарм, ки ҳавзаи интихоботии Рашт №12 ҷойгир аст, ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон хуб ба назар мерасид. Ҳангоми ошноӣ ба рафти интихобот дар участкаҳои интихоботии №49, №13, №12 ва №1 муташаккилона иштирок намудани сокинони ноҳия баръало буд.
Соати 11 бо раиси комиссияи интихоботии ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортуқов вохӯрӣ доштем. Мавсуф аз иштироки овоздиҳандагон изҳори қаноатмандӣ намуда иттилоъ дод, ки 45,7 фоизи овоздиҳандагон то ин соат ба участкаҳои интихоботии ноҳия омада, овоз додаанд.
Натиҷаи интихобот дар ноҳияҳои минтақаи Рашт гувоҳи он аст, ки сокинони ин навоҳӣ ба хотири фардо ва зиндагии шоистаи худ номзадҳои арзандаро интихоб намудаанд ва умед доранд, ки вакилони интихобнамудаашон дар оянда барои рушду нумӯи кишвар софдилона хизмат хоҳанд кард.
Диловари Мирзо,«Садои мардум»