Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020

Интихобот таҷассумгари иродаи халқ аст

№115 (4221) 19.09.2020

ИНТИХОБОТИнтихобот воситаест, ки тавассути он таҳкиму такмили сохторҳои ҷамъиятӣ таъмин мегардад. Моҳияту хусусиятҳои он дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, аз ҷумла чунин зикр шуда: «Ҳар инсон ҳуқуқ дорад дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад; ин ирода бояд дар интихоботҳои давраӣ ифода ёбад, ки зимни ҳуқуқи умумӣ ва баробари интихоботӣ ба тариқи овоздиҳии махфӣ ё шаклҳои дигари дорои дараҷаи баробар, ки озодии овоздиҳиро таъмин кунанд, бояд баргузор гарданд».

 Интихобот бо ҳама мураккабӣ ва ихтилофнок будан воситаи асосии сиёсати бунёдгар ва созанда мебошад. Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки интихобот баргузор накунад. Новобаста ба сохт ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷамъиятӣ, сохторҳои гуногуни таркибии кишварҳои олам ба интихобот рӯ меоранд.

Марак 2Тоҷикистон низ, чӣ дар гузаштаи на чандон дур ва чӣ дар замони ҳозира, дар роҳи инкишоф аз интихобот дар сатҳи гуногун истифода менамояд. Раванди интихобот, ки мураккабу пурҷараён аст, масъалаҳои гуногунро пеш мегузорад, ки ҳал намудан ё ба инобат гирифтани онҳо талаби рӯз аст. Махсусан, дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро мақсад қарор додаст, рӯ овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург ва, умуман, инкишофи ҷомеа амри воқеъ аст. Аҳамияти омӯзиши интихобот, системаҳои интихоботӣ, навъу шаклҳои зуҳуршавии онро ҳам аз ҷиҳати назариявию методологӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ рӯзмарра мегардонад. Аз ин хотир, дарки амиқу фаҳми дурусти моҳияту хусусиятҳои интихобот аҳамияти воқеӣ пайдо намудаанд.

Дар ҷомеаи демократӣ интихобот дар сатҳ ва шаклҳои гуногун ва ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Он хоси соҳаи алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ набуда, қариб ҳама унсури таркибии ҳаёти ҷомеа, объекту субъектҳои онро фаро мегирад. На танҳо ташкилоти сиёсӣ, балки мақомоти ғайрисиёсӣ низ ба интихобот ниёз доранд. Онҳо онро васеъ истифода менамоянд. Вале, бештар интихобот дар раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа дучор гашта, ба таври хоса зоҳир мегардад. Бештар ташкилоти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа, инс­титутҳои сиёсӣ, мақомоти идораи корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба он рӯ меоранд.

Ҳамчун рукни асосӣ ва зарурии ҷомеаи демократӣ эътибор пайдо намудани интихобот беҳуда набуда, рӯоварии мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба он заруранд. Зеро он ва рӯоварӣ ба системаҳои интихоботии комил тарзи беҳтарини ташаккулу инкишофи мақомоти гуногуни ҳокимият (на танҳо ҳокимияти давлатӣ) ва идора (на танҳо идораи корҳои давлатӣ) тавассути изҳори иродаи сиёсии шаҳрвандон аз рӯи қоида, меъёр ва низоми муайян мебошад. Ба даст овардани ваколати ҳокимият ё ҳамроҳ гаштан ба ҳокимият тавассути изҳори иродаи сиёсӣ, мақсади охирини ташкилот ва институтҳои сиёсии ҷомеа нест. Соҳибваколат гаштани номзадҳо бояд фақат воситае бошад, ки ҳангоми воқеӣ гардонидани мақсадҳои ниҳоӣ истифода гардад.

Дар олами муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии зуҳури одамон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолият мебошад. Одамон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд. Соҳибихтиёрии фард ҳангоми интихобот равшан мегардад. Ҳангоми интихобнамоӣ набояд касе ё чизе ба одамон таъсир бахшад ё онҳоро маҷбур созаду фишор оварад.

Яке аз принсипҳои асосие, ки мақоми ҳар шаҳрвандро дар интихобот муайян менамояд, принсипи умумият ба ҳисоб меравад. Шаҳрвандон, новобаста ба мансубияти сиёсӣ (ақидаҳои сиёсӣ, узви кадом ташкилоти сиёсӣ будан), синфӣ, миллию этникӣ, касбӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва новобаста ба сатҳи даромад, боигарӣ, маълумотнокӣ ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд. Ин принсип фақат дар ҳолатҳои мушаххас маҳдуд мегардад. Пеш аз ҳама, он шаҳрвандоне ҳуқуқи интихоботиро соҳиб нестанд, ки солашон ба меъёр мувофиқ нест ё онҳо бо қарори суд аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шахсони гирифтори касалии рӯҳӣ ва шахсоне, ки дар макони истиқомат ба муддати зарурӣ муқимӣ набуданд, дар интихобот иштирок карда наметавонанд.

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аҳамияти калон дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Нақши интихобот дар амалӣ гардидани ҳокимияти халқ муҳим буда, мардум тавассути он шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳо интихоб менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардонидани ҳокимияти халқ нақши сазовор дорад.

Дар мамлакат санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки ташкил ва раванди интихоботро дар ҷумҳурӣ таҳким мебахшанд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санаду қонунҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст. Таъкид кардан зарур аст, ки санадҳо асосҳои сиёсию ҳуқуқии низоми ташкили интихобот дар ҷумҳуриро таҳким бахшида, раванди баргузории онро самаранок мегардонанд. Раванди ташкил ва баргузории интихобот аз ҷомеа ва элитаи сиёсӣ фаъолнокӣ ва иштироки баланди сиёсиро талаб дорад, зеро иштироки васеи омма ва раъй додан ба номзади арзанда, ҳамчунин ташкили ҳокимият дар заминаи интихобот фаъолнокиро тақозо менамояд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат заминаҳои бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурӣ дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодии шаҳрвандон дар солҳои соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Дар ин миён интихобот барои мардуми кишвар ҷиҳати ташаккул ва амалигардонии ҳокимият шароити мусоидро фароҳам овардааст.

Қобили зикр аст, ки дар мамлакат интихобот аввалин маротиба, бар асоси системаи интихоботии омехта, моҳи феврали соли 2000-ум баргузор гардид. Ташкили маҷлиси дупалатагӣ тибқи Созишномаи баимзорасидаи сулҳи миёни тоҷикон аз 27 июни соли 1997 дар назар дошта шуд. Ба ин хотир, 26 сентябри соли 1999 Раъйпурсии умумихалқӣ доир шуд. Сипас, интихоботи Маҷлиси Олӣ дар Тоҷикистон соли 2000-ум тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 10 декабри соли 1999 дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид, баргузор гардид.

Маъракаи интихобот давраи муҳими муайянкунандаи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Тавре дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад… Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд. Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд».

Зимнан, тибқи дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар пойтахти мамлакат аз ҷониби сохторҳои марбута дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Онҳо бояд субъектҳои фаъол ва созандаи ҷомеа бошанд ва имконият доранд, ки ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавиро дар байни мардум озодона, дар асоси қонун тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикронро пайдо ва барои ободию ояндаи кишвар фаъолият намоянд.

Насимҷон КАРИМЗОДА,

мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе