Интихоботи вакилони халқ - 2025

Интихобот таҷассуми иттиҳоду ҳамдилӣ ва эътимоду ҳамгироист

№22 (4918) 17.02.2025

Таҳти унвони «Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи мутахассисони соҳа, коршиносон, олимону дониш­мандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки «интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ ва ҳамзамон, падидаи беназиру аҳамиятбахши ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар давлати озоду демократии мо низ нақши ниҳоят бузург дошта, дар рушду тавсеаи кулли бахшҳои ҷомеа таъсири назаррас хоҳад гузошт. Ташкилу доир намудани интихобот, пеш аз ҳама, маънии иттиҳод, ҳамдилӣ, эътимод, сулҳу субот, ҳамгироӣ, умумисозии манфиатҳо, хубтару беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум ва нишонаю принсипҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар худ таҷассум месозад. Ифодаю баёнгари олии бевоситаи ҳокимияти халқ интихоботу раъйпурсии умумихалқӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми азизу заковатманди мо ин маъракаи муҳими сиёсиро бо сари баланду ифтихори махсуси миллӣ баргузор ва ҷамъбаст хоҳанд намуд».

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирзода роҷеъ ба раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихоботи парлумонӣ андешаронӣ намуд. «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди демократия буда, он раванди сиёсие мебошад, ки мубориза барои ҳокимият хосияти осоишта дошта, субъектҳои дар он иштироккунанда бо ҳадафи дақиқ ва бошуурона вориди муборизаи сиёсӣ мешаванд. Ниҳоди интихобот фарогири ҷанба ва унсурҳои гуногуне мебошад, ки тавассути онҳо вазифаҳои гузошташуда амалӣ мегарданд. Унсурҳои муайяни сохторие, ки имрӯз интихобот дар бар мегирад, имкони фаъолияти онро ҳамчун ниҳоди том ва воҳид таъмин менамоянд. Аҳамияту моҳияти ин ниҳодро Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар намудааст. Дар моддаи 6 Конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Ин меъёр аҳамияти хоси сиёсӣ дошта, моҳияти мардумсолориро ифода менамояд. Ба халқ мутааллиқ донистани ҳокимият ва эътирофи ҳуқуқи халқ ба идоракунии бавосита ва ё бевосита ифодаи технологияи ташаккули ҳокимият дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин ҳошия, эътирофи интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ инъикоси майли ҳокимият ба таҳкими демократия мебошад», — афзуд М. Хидирзода.

Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронс муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзуи «Интихобот ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон: воқеъият ва дурнамо», роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Хонзода оид ба «Роҳу воситаҳои муосири ҷалби электорати сиёсӣ дар маъракаҳои интихоботӣ: таҷрибаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон», муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода роҷеъ ба «Ташаккули фарҳанги интихобот ва таъсири он ба низоми амнияти миллӣ», дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳумоюн Имомов доир ба «Ҳуқуқи интихобот ҳамчун ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Шарифзода дар мавзуи «Мақом ва нақши ҳуқуқи интихоботӣ дар раванди маъракаҳои интихоботӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»