Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Интихобот – воситаи татбиқи ҳокимияти халқ

№125 (4231) 08.10.2020

ИНТИХОБОТБашарият аз замони ташаккул ҳамчун мавҷуди сиёсӣ пайваста талош намудааст, ки талаботу манфиатро дар сатҳи зарурӣ қонеъ ва ҳимоя намояд. Кӯшишҳо барои бунёди давлат, ҷомеаи озод, маданӣ ва рушдкарда, дастовардҳое мебошанд, ки инсоният бо хиради сиёсӣ онҳоро падид овардааст. Интихобот низ ҳамчун падидаи сиёсӣ-иҷтимоӣ маҳсули фаъолияти инсонҳои андешаманд аст. Албатта, дар ҷамъият ва сиёсат ягон падида худ ба худ ба вуҷуд намеояд. Он зуҳуроте, ки дар шакли гуногун арзи ҳастӣ менамоянд, барои иҷрои вазифае ба вуҷуд оварда шудаанд. Интихобот ҳам дар дилхоҳ ҷомеа вазифаҳои гуногуну мушаххасро иҷро менамояд. Дар замони муосир вазифаи муҳиму амалии интихоботро таъмини субот ва рушди ҷомеа арзёбӣ кардан мумкин аст. Таърихи ташаккули интихобот ҳамчун падидаи сиёсӣ-ҷамъиятӣ собит намудааст, ки он аввалин бор барои ҳамгироии муносибатҳо ва умумигардонии манфиатҳо ба вуҷуд омадааст.

Дар шароити муосир интихобот яке аз омилҳои муҳими рушди давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, воситаи амалигардии ҳокимияти халқ аст. Интихобот ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар раванди идоракунӣ бевосита ва ё бавосита ширкат варзад. Давлатҳои муосир бо дарназардошти принсипҳои ҷомеаи демократӣ конститутсия қабул намуда, низоми муайяни интихоботро рушд медиҳанд. Такя намудан ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани низоми интихобот беҳтарин роҳи ҳимоя ва арзиши олӣ қарор додани ҳуқуқи шахс ба ҳисоб меравад.

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи президентӣ дорад. Интихоботи президентӣ дар мамлакат ҳар ҳафт сол баргузор гардида, як шахс ҳақ дорад ду маротиба ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд. Инчунин шахсе, ки ба синни 18-солагӣ расидааст, ҳуқуқи дар интихобот ширкат варзидан дорад. Интихобот имкон медиҳад, ки шаҳрвандон манфиатҳои умумиро ба вуҷуд оварда, ба ин васила созишро дар ҷомеа таъмин намоянд.

Бояд гуфт, нақш ва вазифаҳои интихобот дар рушд, таҳкими субот, ҳамгироӣ, демократикунонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд бузург аст, ки зикри чанде аз онҳоро зарур мешуморем.

1. Интихобот ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ дар ҳифз ва амалигардии ҳуқуқи шаҳрванд нақши муҳим дорад. Тавре маълум аст, дар давлати демократӣ халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият эътироф гардида, онро маҳз ба воситаи интихобот ташаккул ва аз болояш назорат мебарад.

2. Интихобот дар шароити муосир дар таҳкими субот ва ваҳдати ҷомеа нақши бағоят бузург дорад. Шаҳрвандон сарвар ва ё намояндаи арзандаро интихоб менамоянд, ки он кафили таъмини субот ва зиндагии халқ мегардад. Воқеан, таъмин намудани суботу ваҳдат ва рушди устувори он ба сарваре, ки мардум интихоб кардааст, вобастагии ногусастанӣ дорад.

3. Интихобот шароит ва имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон дар равандҳои сиёсӣ иштирок намуда, фаъолмандии сиёсӣ нишон диҳанд.

Умуман, интихобот ҳамчун падидаи сиёсӣ дар рушди давлат ва таҳкими суботу ягонагӣ нақши бузург дошта, шаҳрвандонро водор менамояд, ки ба манфиатҳои умумимиллӣ бартарият диҳанд. Самаранокии интихобот ба фаъолнокии шаҳрвандон алоқамандии зич дорад. Зимнан, ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқ дорем, ки ба хотири ояндаи дурахшон дар интихоботи қарибулвуқӯъ фаъолона ширкат варзида, номзади арзандаро интихоб намоем.

Фируз ГАДОЗОДА,

муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон