- Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Қӯрғонтеппа №44 тибқи моддаҳои 14, 18, 21, 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 21 ва 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 41 участкаи раъйпурсӣ ташкил намуд.
Бо қарори комиссия аз 11 марти соли 2016, №2 бо дарназардошти пешниҳоди раиси шаҳр аз 10 марти соли 2016, № 1/623 ҳайати комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ тасдиқ гардид, — гуфт дар суҳбат раиси Комиссияи ҳавзавии мазкур Ашӯрзода Амонулло Ашӯр.
Вай афзуд, ки аз тарафи Комиссияи ҳавзавии Қӯрғонтеппа №44 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр китобчаҳои «Ёддошт ва намунаҳо аз ҳуҷҷатгузориҳои комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ», «Роҳнамои омӯзишӣ» ва «Дастури кории аъзои комиссияҳои раъйпурсӣ» ба участкаҳо дастрас шудааст.
Ҳоло комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ барои дақиқ намудани шумораи овоздиҳандагон ба тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсӣ ҳуқуқ доранд, машғуланд ва то 6 майи соли 2016 бояд рӯйхати овоздиҳандагон пурра омода шавад. Рӯйхати тартибдодашуда барои шиносоӣ понздаҳ рӯз пеш аз раъйпурсӣ пешниҳоди интихобкунандагон мегардад. Ҳамчунин, дар участкаҳои раъйпурсӣ ҳуҷра ва қуттиҳои овоздиҳӣ омодаанд.
- Боварии комил дорам, ки баъди анҷом ёфтани маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ идоракунии давлатӣ боз ҳам сифатан мукаммал, самараноку пурмаҳсул гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд, сулҳу ваҳдат, қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам мешавад, — гуфт дар идомаи суҳбат Ашӯрзода Амонулло Ашӯр ва илова кард: — Бояд ёдовар шуд, ки иштироки фаъолона дар раъйпурсӣ қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Давлат СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»