Ёздаҳуми октябри соли равон кишвар фазои идона дошт. Шуруъ аз соати 6:00 тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ба кор шуруъ намуда, шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат карданд. Ҳангоме ки мо ба ҳавза ва участкаҳои интиботӣ рафтем, рӯҳияи идонаи мардум баръало эҳсос мешуд. Дар Ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сино №4 80 участкаи интихоботӣ таъсис ёфта, барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳо андешида шудаанд. Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сино №4 Аббос Саидмуминзода иттилоъ дод, ки ҳамаи комиссияҳо бо маводи лозима, аз ҷумла маводи конселярӣ, таблиғотӣ, шиору овеза ва антисептику ниқоби тиббӣ таъмин шудаанд. Дар ин ҳавза 142 489 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буд, ки 121087 нафар, ё 84,88 дарсад дар интихобот ширкат кардаанд. Дар участкаи интихоботии рақами 44 Ҳавзаи интихоботии Сино №4 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1149 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 22 нафарашон бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат кардаанд. Бино ба гуфти раиси участка Орифа Оқилова то соати 12:32, ки мо дар он ҷо ҳузур доштем, зиёда аз 33 дарсади интихобкунандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Номбурда изҳор дошт, ки участка то соати 20:00 11 октябр фаъолият намуда, 1139 нафар интихобкунанда раъйи худро ба номзади арзанда доданд, ки зиёда аз 90 дарсади интихобкунандагон мебошад.
Дар участкаи интихоботии №43 Ҳавзаи интихоботи Сино №4 низ шаҳрвандон фаъолона дар интихобот ширкат карданд. Аз 2560 нафар интихобкунанда то то соати 13:00 зиёда аз 420 нафар дар интихобот ширкат доштанд. Раиси комиссияи участкавӣ Муборак Назарова изҳор дошт, ки барои нафароне, ки имконияти маҳдуд доранд, қуттии сайёр ташкил шуда, дар рафти интихобот ягон арзу шикоят ба қайд гирифта нашудааст.
Раиси комиссияи участкавии интихоботии №42 Ҳавзаи интихоботии Сино №4 Сорбон Қаландарзода зимни суҳбат бо мо доир ба рафти ширкати шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр кард, ки аз 2350 нафар интихобкунанда то соати 12:45 50 дарсад дар интихобот ширкат кардаанд.
Дар ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдасӣ №1 низ омодагиҳо барои дар сатҳи баланд гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб буд. Бино бар иттилои котиби комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оида ба интихоби Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавсӣ №1 Ҳабибулло Ғуломзода дар ин ҳавза 41 участкаи интихоботӣ ташкил шуда, ҳамаи он бо маводи конселярӣ, антисептикӣ, шиору овеза ва маводи таблиғотӣ таъмин карда шуд. Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавза 76673 нафарро ташкил медиҳад. То соати 14:00 53,9 дарсади интихобкунандагон дар интихобот ширкат карда, ба ҷонибдории номзади арзанда раъй доданд. Ҳабибулло Ғуломзода иттилоъ дод, ки то охири рӯз 85,39 дарсади интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, доир ба ташкил ва баргузории он ягон арзу шикоят ворид нашудааст.
Зимни мушоҳидаҳои мо низ дар участкаҳои интихоботии Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 кор бо тартиби муайян идома дошт. Аз ҷумла, дар участкаҳои интихоботии рақами 1,2,4,5 шаҳрвандон фаъолона ширкат мекарданд. Дар ин участкаҳо то соати 14:00 мутаносибан 36,7, 68,4, 49,9 ва 60 дарсад интихобкунандаҳо раъй додаанд. Бино ба маълумоти роҳбарони участкаҳои интихоботии зикршуда Искандар Давлатов, Абдулмаҷид Толибов, Мансур Сафарзода ва Наргис Юлдошева то ба охир расидани вақти овоздиҳӣ (соати 20:00, 11 октябр) мутаносибан 82,4, 87,49, 85,4 ва 87 дарсади шаҳрвандон дар интихобот ширкат варзиданд.
Рафти кор дар ҳавза ва участкаҳои зикршударо нозирон ва мушоҳидони дохиливу байналмилалӣ назорат кардаанд. Аз рафти баргузории интихобот ба ҳавза ва комиссияҳои интихоботӣ ягон арзу шикоят ворид нашудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
“Садои мардум”