Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020

КМИР 5 номзадро ба қайд гирифт

№112 (4218) 15.09.2020

ИНТИХОБОТДар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки 13 сентябри соли равон доир гардид, масъалаи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки то 10 сентябри соли 2020 мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба КМИР барои баррасӣ ва бақайдгирии номзадҳо аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдор ворид гардиданд.

КМИР ҳуҷҷати номзадҳоро мувофиқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии зикршуда мавриди омӯзиш қарор дода, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — Латифзода Рустам Барот, ки аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, ки аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикис­тон, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Раҳматзода Рустам, ки аз ҷониби Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Абдуллоев Мироҷ Саноновичро, ки аз ҷониби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд, ба қайд гирифт.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи дигари КМИР, ки 14 сентябри соли равон доир гардид, масъалаҳои рад кардани бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бақайдгирии шахсони боэътимоди номзадҳо, мушаххас кардани ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба қавли раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода, то 13 сентябри соли 2020 мувофиқи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои баррасӣ ва бақайдгирии номзад ба КМИР ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби Ҳизби демократи Тоҷикистон ворид гардиданд ва бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65-и Конститутсия, инчунин  қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии  зикршуда ҷавобгӯй набудан бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, ки аз ҷониби Ҳизби демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад гардид.

Илова бар ин, КМИР шахсони боэътимоди номзадҳои сабтиномшударо ба қайд гирифт, ки дар гузаронидани маъракаи интихобот ба онҳо ёрӣ расонида, манфиаташонро дар муносибат бо мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва комиссияҳои интихоботӣ ҳифз мекунанд.

М. УСМОН,

«Садои мардум»