КМИР: Оид ба гузаронидани интихоботи Президенти мамлакат 68 ҳавзаи интихоботӣ таъсис ёфт

№95 (4201) 08.08.2020

ИНТИХОБОТҲафтуми августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси он Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид.

Дар он ҷиҳати иҷрои Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 26 аз 6 августи соли равон, ки тибқи он интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ лоиҳаи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуданд.

Тибқи Нақшаи тақвимӣ муҳлати ташкили ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, таъсиси комиссияҳои онҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба марҳилаҳои ҷараёни интихобот пешбинӣ шудаанд. Инчунин, чорабиниҳои дар он дарҷёфта хусусияти ташкилӣ ва иттилоотӣ дошта, дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ намудани онҳо барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин, мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 — и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарори КМИР дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, онҳо номгузорӣ ва рақамгузорӣ карда шуданд.

Дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ доданд.

«Садои мардум»