Комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашт №12 ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара ва се деҳоти ноҳияи Нурободро дар бар мегирад. Қароргоҳи комиссияи ҳавзавӣ дар шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 58 воқеъ мебошад.
Дар суҳбат бо раиси комиссияи ҳавзавии мазкур Фузайлшоҳ Идиев маълум гардид, ки аъзои комиссия дар ҳайати 13 нафар аз панҷ ноҳияи номбурда ташкил ёфтааст. То имрӯз доир ба омодагии маъракаи интихобот корҳои зиёдеро ба анҷом расондаанд.
Дар ин давра дар ҳудуди ҳавза 195 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Шумораи овоздиҳандагон ба 127208 нафар мерасад. Дар интихоботи имсола 4056 нафар овоздиҳандагон аз шумори ҷавононе мебошанд, ки бори аввал дар ин маърака ширкат меварзанд.
Мутобиқи «Дастурамал дар бораи муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо» дар назди ҳавза дар ҳайати панҷ нафар комиссия таъсис дода шудааст. Комиссия баъди гузаронидани маҷлиси нахустин ва шинос шудан бо Дастурамал кори худро оғоз намуд. Бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Дастурамал суҳбат гузаронида шуд.
Дар ҳавза чор нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ки пешниҳоди се нафарашон тариқи худпешбарӣ сурат гирифтааст.
Айни ҳол аъзои комиссия ба тартиб додани нақшаи вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон, ташкилу гузаронидани семинарҳо бо раисон, котибону аъзои участкаҳои интихоботӣ, омода намудани рӯйхати интихобкунандагон машғуланд.
Инчунин бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт аз 12 декабри соли 2014 комиссияи ноҳиявии интихоботӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис дода шудааст. Раисии комиссияи ноҳиявиро мудири шуъбаи маорифи ноҳия Холмаҳмад Ортиқов ба уҳда дорад. Дар ҳудуди ноҳия 40 ҳавза ва 67 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Тибқи қонунҳои амалкунанда пешбарии номзадҳо аз 10 январ то 25 январи соли 2015 идома ёфтанд. Дар ин давра аз ҷониби ҳизбҳои дар асоси қонун фаъолиятдошта ва тариқи худпешбарӣ 79 нафар номзадҳо барои соҳиб шудан ба 40 мандати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ шудаанд. Комиссияи ноҳиявӣ дар асоси нақшаи корӣ барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор шудани интихобот саъю талош намуда истодааст.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»