Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ваколати аъзои нави Маҷлиси миллиро тасдиқ кард

№92 (3886) 31.07.2018

27 июли соли 2018 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода  ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1 ва Суғд, №2 баррасӣ шуданд.

Қайд гардид, ки 27 июли соли ҷорӣ дар ҳавзаҳои мазкур интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ивази аъзои хориҷшуда доир шуд.

- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботро баргузоргардида ҳисобида, дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии ВМКБ, №1 ва Суғд, №2 мутаносибан Имомназар Хоҷаназар Лутфулло (раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ), Аҳмадзода Раҷаббой (раиси вилояти Суғд) ва Иноятзода Баҳром (раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд) — ро, ки бо аксарияти овоз аз тарафи вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онҳо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ба  қайд гирифт ва ваколаташонро тасдиқ намуд, — гуфт Бахтиёр Худоёрзода.

Дар ҷаласа, инчунин, дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»

******

27 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони вилоят, воҳид­ҳои сохторӣ ва муовини раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурс­ии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидбой Зокиров ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барпо шуд.

Дар он як масъала – «Интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, №2 бар ивази аъзои хориҷшуда» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифулло Абдуллозода изҳор намуд, ки тибқи пешниҳоди Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар – раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода пешниҳод шуданд.

Комиссияи ҳавзавии интихобот иттилоъ медиҳад, ки тибқи натиҷаи интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, №2 бар ивази аъзои хориҷшуда раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода бо аксарияти овоз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб шуданд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»

******

Мутобиқи талаботи моддаҳои 35 ва 57 — и Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Имомназар Хоҷаназар Лутфулло — раиси ноҳияи Рӯшон пешбарӣ гардид. Мутобиқи моддаи 43 — и қонуни мазкур интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якҷояи намояндагии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он баргузор шуд ва бо аксарияти овозҳо раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ, №1 интихоб гардид.

 Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»