Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 дакабри соли 2019 таҳти №1380, якуми марти соли 2020 дар кишвар интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад. Доир ба омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ҳамсуҳбат шудем.
- Чанде пеш дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти сохторӣ ба амал омад. Вобаста ба он чӣ назар доред?
- Аз ҷумлаи тағйироти ҷиддие, ки дар сохтори низоми интихоботии кишвар ба вуҷуд омад, таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси касбӣ ва доимоамалкунанда мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 19 июли соли 2019 қабул шуд, вазифаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро ҳамчун мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки он интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ карда, гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатро назорат ва риоя, татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро муайян менамояд. Ин муқаррарот, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки институти интихобот ҳамчун унсури ҷомеаи демократӣ дар рушди бемайлони кишвар мақоми хоса пайдо намуда, баҳри дар сатҳи ба талабот ҷавобгӯ амалӣ намудани ваколатҳои он имкониятҳои бештар муҳайё месозад.
- Гузашта аз ин, интихобот ҳамчун унсури таркибии демократия дар ҷаҳони муосир пазируфта шудааст ва ҳамчун институти сиёсию иҷтимоие баромад мекунад, ки тавассути он эътирофи халқ ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимият, қонунӣ будани ҳокимият, таъмини ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа, рушди мардумсолорӣ, татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки бевосита ва ё бавосита дар таъсиси ниҳодҳои мақомоти давлатӣ амалӣ мегардад.
- Яке аз масъалаҳои муҳим, таъмини мустақилияти комиссияҳои интихобот ва раъйпурсӣ мебошад, ки ҷиҳати таъмини шаффофияти интихобот зарур аст. Ин масъала чӣ гуна танзим мешавад?
- Мустақилияти комиссияҳои интихобот, аз ҷумла, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳим мебошад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди риояи қонунгузории интихоботӣ баргузор намудани интихобот аҳамияти калон дорад. Вобаста ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Комиссия мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад». Танзими ҳуқуқии масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки комиссия беғаразона ва ошкорою шаффоф фаъолиятро амалӣ намояд. Ҳамчунин, моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар намудааст, ки «Комиссияи интихоботӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд». Принсипи мустақилияти комиссияҳои интихоботӣ ба ҳамаи онҳо дахл дорад ва ҷиҳати мустақилона, беғаразона амалӣ намудани ваколатҳояшон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
- Омодагӣ барои гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар кадом сатҳ аст?
- Чунонки маълум аст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қабул гардид. Вобаста ба ин, комиссия омодагиро барои гузаронидани интихобот оғоз намуд ва дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ даҳ дастурамал, маҷмӯаи «Саволу ҷавоб»-ро барои комиссияҳои ҳавзавӣ, участкавӣ ва дигар иштирокчиёни раванди интихобот таҳия, тасдиқ ва чоп намудааст, ки сетои он ба забонҳои русиву англисӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ моҳи марти соли 2019 бо Вазорати адлия, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курсҳои омоданамоии тренерон (коршиносон)-ро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи интихоботӣ ташкил намуд. Баъди хатми онҳо, ба 35 нафар коршинос сертификат дода шуд.
КМИР, ҳамчунин, аз моҳи май то оғози моҳи декабри соли ҷорӣ дар ду марҳила семинарҳои омӯзиширо бо аъзои эҳтимолии комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, дигар субъектҳои раванди интихобот баргузор кард. Коршиносон дар рафти семинар ва вохӯриҳо моҳияти қонунгузории кишвар, қоидаҳои умумӣ, муқаррароти вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихобот, мазмун ва моҳияти дастурамалҳои таҳиягардидаро, ки ба раванди интихобот мутааллиқанд, барои аҳолӣ шарҳ доданд.
Ҳамчунин, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ овезаҳо, воситаҳои аёнӣ ва буклетҳои ташвиқотиро барои интихобкунандагон омода намуда, моҳияти онҳоро дар семинарҳои омӯзишӣ фаҳмониданд.
Дар баробари ин, сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фаъол гардонда шуд, ки айни ҳол фаъолият дорад.
Ба изофа, бо кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳуқуқу уҳдадории онҳо дар раванди интихобот, ки тибқи қонунгузории интихоботии кишвар муайян шудааст, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
- Вазъ дар самти таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ чӣ гуна аст?
- Баъди таъини интихобот КМИР Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро тасдиқ намуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба интихобот сохторҳои масъул, муҳлати иҷрои чорабиниҳо ва иҷрокунандагони онҳо мушаххас шудаанд. Тибқи муҳлатҳои дар қонунгузорӣ ва нақшаи тақвимӣ нишондодашуда, комиссия ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва макони ҷойгиршавии онҳо, инчунин, ҳайати комиссияҳои ҳавзавиро бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ намуд. Мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар кишвар 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил шуда, ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи пешакии интихобкунандагони онҳо муайян шуданд.
Намунаи муҳрҳои интихоботӣ баррасӣ ва тасдиқ гардида, комиссияи санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ низ таъсис дода шуд.
- Соли 2016 дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардид. Дар ин робита киҳо метавонанд номзадиашонро дар интихоботи парлумоние, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд?
- Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад. Дар робита ба ин, қайд намудан зарур аст, ки дар фарқ аз интихоботи соли 2015 синну сол, ки 25-сола муқаррар шуда буд, тибқи тағйироти соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёр то ба 30-сола баланд бардошта шуд. Ҳамчунин, дар асоси тағйиру иловаҳои моҳи феврали соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида, талабот (сенз) – и сукунат илова гардид, ки дар асоси он номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон бояд на камтар аз панҷ соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда бошад.
- Интихобот раванди мураккаби сиёсӣ буда, анҷом додани чораҳои дастаҷамъона, аз ҷумла, ҷалби коршиносони соҳаҳои гуногун, аз қабили ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон ва сиёсатшиносони мустақилро низ тақозо менамояд. Оё Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имконият дорад чунин нафаронро дар рафти маъракаи интихобот ҷалб созад?
-Бале, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имконияти ҷалби коршиносонро дорад ва аллакай дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.
- Ба интихобкунандагон чӣ муроҷиат доред?
- Ба ҳамаи онҳо муроҷиат намуданиям, ки аз ҳуқуқи интихоботӣ фаъолона истифода баранд ва дар ташаккули мақомоти олӣ ва маҳаллии намояндагӣ иштирок намоянд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»