Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Мардум номзади арзандаро интихоб хоҳад кард

№125 (4231) 08.10.2020

 ИНТИХОБОТТоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пояҳои давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё ва устувор сохт, ки ба беҳтарин бахтномаи давлатҳои пешрафта шомил гардидани Конститутсияи ҷумҳурӣ самараи он аст. Конститутсия ҳама ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат додааст, ки ҳуқуқ ба интихоб кардан ва интихоб шудан аз ҷумлаи онҳо маҳсуб мешавад. Зимнан, интихобот ифодаи олӣ ва бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ, озоду шаффоф баргузор шудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сокинони мамлакат таҷрибаи иштирок дар интихоботҳои президентиву парлумонро пайдо кардаанд. Интихоботҳои гузашта собит намуданд, ки сокинони кишвар нисбат ба тақдири миллат, ояндаи он ҳаргиз бетараф набуда, фаъолона ширкат меварзанд.

 Ҳоло дар ҷумҳурӣ тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷараён дорад. Номзадҳо фарзандони шоистаи Ватани маҳбубанд ва азму ният, ҳадафу мақсадҳои нек доранд. Хушбахтона, байни номзадҳо ба ин мансаби баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд, ки рушду такомули мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо номи ин абармарди сиёсат тавъам аст.

Эмомалӣ Раҳмон намоёнтарин чеҳраи сиёсӣ, фарзанди асилу арзандаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, бо талошу муборизаҳои пайваста Тоҷикис­тонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол рӯи пояҳои мустаҳками давлатдорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Пешвои миллат қалбашонро бо халқ ҳамнаво сохта, бо камоли масъулият тақдири миллионҳо сокинро ба даст гирифтанд ва мардумӣ эътироф шуданд.

Мардуми кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат, бо дарки баланди масъулият муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мақоми Президенти мамлакат интихоб хоҳанд кард. Камина саодатманд аз онам, ки дар радифи мардуми неруманди кишвар, дар интихоби Сарвари маҳбуб, ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун вакили халқ, аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соҳибқалам — рӯзноманигор саҳм мегирам ва инро ифтихор медонам.

Рисолати фарзандӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз бегонапарас­тиву ҷаҳолат канораҷӯӣ карда, марзу бумро дӯст дорем ва ҳифз намоем. Шукр кунем, ки миллати бузурги тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гардида, дар фазои сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ободу рӯ ба тараққӣ эътироф шудааст. Шукр кунем, ки давлат, миллат, забон, Ватан ва Пешво дорем.

Оромиву шукӯҳи ҳар давлату миллат бар дӯши шаҳрвандони баору номус, бахусус, занону модарон мебошад. Бояд гуфт, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки 20 сол боз ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии занону духтарон таккони ҷиддӣ бахшидааст, барои баланд гардидани мавқеи онҳо дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (соли 2005), бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) ба тасвиб расидани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», вохӯриҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор, фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо зимни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар ҳаёти бонувон тағйироти куллӣ ба амал овард.

Алҳол мардуми сарбаланди кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат барои шоиста ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ кӯшиш доранд ва бунёдкориҳоро равнақ мебахшанд.

Итминон дорем, ки маъракаи сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои таҳаммули муошират, бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон дар рӯҳияи идона, ҳамчун тантанаи демократияи воқеӣ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гашт.

Саодат ҲАЙДАРЗОДА,

сармуҳаррири маҷаллаи «Истиқбол»