Масъулият дар интихоб

№128-129 (3113-3114) 12.10.2013

Маҳмадсаид Убайдуллоев, узви Раёсати Кумитаи  Марказии ҲХДТ

 Рўзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони Ватани маҳбубамон ба таври умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамоянд. Маҳз тавассути интихобот ҳар як шаҳрванди кишвар дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иродаи сиёсии худро ифода карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад.

Тазаккур бояд дод, ки низоми амаликунандаи қонунгузории мамлакат ба он равона гардидааст, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва раванди идоракунии давлат аз арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ васеъ истифода гардида, ба ҳар узви ҷомеа барои саҳмгузориашон дар тақдиру сарнавишти ояндаи Ватан имкон фароҳам меоварад.

Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» амал менамояд, ки тавассути он ҳар як ҳизб метавонад намояндаи худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва дар интихобот фаъолона иштирок намояд. Қобили зикр мебошад, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат дар марҳилаи омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти назаррасро анҷом дода истодаанд.

Чоруми октябри соли равон вакилони Анҷумани XI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якдилона номзадии Президенти кунунии мамлакат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, ки 9 октябр аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бақайдгирии он сурат гирифт.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри  бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта  шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рў ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамзамон таҳкурсии  гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муттасил рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, бо талошҳои ҷонсўзонаю шабонарўзӣ баъди ҳазор сол боз аз сари нав  баҳри пирўзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Ба сифати Президенти ҷумҳурӣ ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири рушду таҳкими асосҳои демократӣ дар кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» -ро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият муайян кард ва аз тамоми қишрҳои ҷомеа даъват ба амал овард, ки зери ин шиор баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеа ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъю талош намоянд.  Тавре вақт собит намуд, ин ҳидоятҳо дар кишвар натиҷаҳои нек ба бор оварданд.

Иҷрои самтҳои асосии барнома

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 дар Барномаи пешазинтихоботии худ рушди афзалиятноки саноат, хусусан, саноати сабук, хўрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзўр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва махсусан, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ эълон намуда буд.

Дар давоми ҳафт соли сипаришуда дар баробари иҷро гардидани Барномаи стратегии зикргардида боз даҳҳо нақшаҳои миёнамуҳлати дигар низ дар  ҷумҳурӣ татбиқи худро ёфтанд, ки ин ҳама самараи меҳнату заҳмати шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Сарвари давлат ва Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рўҳия ва афкори оммаро,  бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти Президенти ҷумҳурӣ  эътироф кунем.

Таҳлили бахшҳои алоҳидаи Барнома, ки ба фаъолияти ҳафтсолаи Президенти мамлакат алоқамандӣ дорад, бори дигар собит менамояд, ки маҳз бо кўшиш ва талошҳои ватандўстонаи Сарвари давлат  дар як муддати кўтоҳи таърихӣ  Ватани мо ба қатори кишварҳои дорои иқтисодиёти рў ба инкишоф шомил ва хушбахтона, дар ҷомеа ваҳдати миллӣ, суботу амнияти сиёсӣ ва сулҳи сартосарӣ  комилан пойдор гардидааст.

Боби I

1.Рушди устувор ва муназзами соҳаҳои иқтисоди миллӣ

Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо роҳбарии Президенти кишвар  дар доираи барномаҳои қабулкарда рушди ботадриҷи иқтисоди миллиро таъмин намуд.

Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонӣ дар соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувор ва бемайлони иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад. Дар ин давра Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид. Қобили зикр мебошад, ки афзоиши Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 7,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин дастоварди арзанда мебошад.

Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо 4,5 ва маоши миёнаи воқеии як корманд 5,5 баробар афзоиш ёфт.

Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш меёбад, ки нисбат ба соли 2006-ум қариб 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2000, ки 252 миллион сомониро ташкил медод, 48 маротиба зиёд аст.

Таносуби даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2000 ба 14,1 фоиз баробар шуда, ин нишондиҳанда дар соли 2006 ба 19,7 ва дар соли 2013 ба 28,6 фоиз расид.

Тибқи  нишондоди пешакӣ ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар ҷумҳурӣ барои соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 14,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи  барномаи миёнамуҳлат бошад, Буҷети давлатӣ дар соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба 15,5 миллиард сомонӣ  ва соли 2016 ба 16,7 миллиард сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ҳамчунон барои таъмини нишондиҳандаҳои устувори макроиқтисодӣ ва меъёри барномавии таваррум чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Дар соли ҷорӣ татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» оғоз шудааст, ки мувофиқи он сатҳи камбизоатӣ аз 38 фоизи имрўза,  то соли 2015 дар ҳудуди 30 фоиз коҳиш дода хоҳад шуд.

Тавре ҳамагон хуб медонанд, пешрафти иқтисоди миллӣ ба афзоиши маблағгузорӣ ва таъминот бо воситаҳои гардон вобастагӣ дорад ва ин нишондиҳанда, ки ҳамзамон сатҳи бо пул таъмин будани иқтисодиётро инъикос менамояд, дар давоми ҳафт соли охир нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 14 фоиз то 23 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2012 нисбат ба соли 2006 ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии ватанӣ 3,4 баробар афзуда, дороии онҳо 4,4 ва сармояи тавозунӣ 6 баробар, ҳаҷми қарзҳои хурд шаш ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ чор баробар зиёд шудааст.

Дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани таваррум ва татбиқи сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет имкон дод, ки дар давоми 6-7 соли охир сатҳи таваррум аз 19, 7 фоиз то 6, 4 фоиз, яъне беш аз 3 баробар коҳиш дода шавад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда боз ҳам коҳиш ёфта, 2,5 фоизро ташкил дод. Ҳол он ки дар соли 1995 меъёри таваррум қариб ба 1000 фоиз мерасид  ва қарзи берунии мамлакат ба 130 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ баробар шуда, ҳатто соли 2000 низ сатҳи таваррум қариб 61 фоизро ташкил медод.

Тазаккур бояд дод, ки устувории қурби пули миллӣ барои таъмини қобилияти харидории маблағи маош ва нафақа омили зарурӣ мебошад.

Ҳаҷми муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар ҳафт соли охир 836 баробар афзуда, ҳаҷми захираҳои асъорӣ 4,3 маротиба зиёд гардидааст. Ин омилҳо боиси зиёд кардани боигарии миллӣ шуда, барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, бахусус дар муддати ҳафт соли охир, дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хўрокворӣ зиёда аз 2200 коргоҳ ва корхонаи нав бо беш аз 58 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Агар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат соли 2000-ум 1,4 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли 2012 ин нишондиҳанда ба 9,7 миллиард сомонӣ расидааст.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардида, дар ин бахш 13 лоиҳаи сармоягузорӣ амалан татбиқ шудаанд, ки маблағи умумии он дар маҷмуъ зиёда аз 9 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии қариб 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2012 тавассути истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи воқеии аҳолӣ бо молҳои асосии хўрокворӣ, аз ҷумла гўшт ва маҳсулоти гўштӣ 80 фоиз, тухм 75, ғалладона ва орд 50, биринҷ 80, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваҷот 100 фоиз таъмин карда шудааст.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 млн. сомониро ташкил карда бошад, ин рақам дар соли 2013 ба 6,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба  соли 2006-ум ҳафт баробар зиёд мебошад.

Ба ҳамаи ин дастовардҳо нигоҳ накарда, Президенти кишвар  дар Паёмҳои ҳамасолааш ба Маҷлиси Олии мамлакат нигаронии худро изҳор дошта, зикр менамояд, ки чунин вазъ ҳанўз ҳам қонеъкунанда нест, зеро ҷумҳурӣ на танҳо метавонад аҳолии худро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намояд, балки имкониятҳои васеъ дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.

2.Оид ба рушди минтақаҳо

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минтақаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва ин масъала яке аз самтҳои асосии фаъолияташон ба ҳисоб меравад. Дар муддати ҳафт соли сипаришуда рушди шаҳру деҳот ба тадриҷ таъмин гардид, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ, маорифу тандурустӣ ва лоиҳаҳои дигар дар мамлакат аз он шаҳодат медиҳанд.  Дар ин давра барои рушди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 4,8 миллиард сомонӣ, вилоятҳои Хатлон 10,7 миллиард, Суғд 12 миллиард, шаҳри Душанбе 7 миллиард ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Имрўз дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ босуръат идома ёфта, ҳаҷми сармоягузории дохилӣ дар ин самт танҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ аз 231 миллион сомонии соли 2006 ба 2,3 миллиард сомонӣ дар соли 2013 расонида мешавад, ки афзоиши он 10 баробарро ташкил медиҳад.

Танҳо дар ҳафт соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблағҳои Буҷети давлатӣ  мебошад.

3. Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Дар давоми солҳои 2006-2012 сармоягузории хориҷӣ беш аз 20 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ҳафт соли охир барои фаъолияти бахши хусусӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд.

Чорабиниҳои дар ин муддат амалигардида, махсусан, қонунигардонии молу мулк ва маблағҳои шаҳрвандон, эълон гардидани моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар доираи иҷрои супоришҳои Паёми Президенти кишвар аз 1-уми январи соли 2013 Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди татбиқ қарор дода шуд. Дар ин Кодекс барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардидааст. Танҳо дар соли ҷорӣ барои ин  субъектҳои хоҷагидорӣ маблағи имтиёзҳо беш аз 3,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Яъне, ин маблағ имсол ба Буҷети давлатӣ ворид нагардида, барои фаъолияти молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ равона мешавад.

То соли 2017 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард пурра бекор ва меъёри андоз аз фоида то 2 банди фоизӣ кам карда хоҳад шуд.

Бо истифода аз имконияту заминаҳои муҳайёгардида соҳибкорони ватанӣ танҳо дар соли 2012  бо теъдоди 332 корхона ва коргоҳҳои  нави истеҳсолӣ сохта ба истифода доданд.

Агар соли 2006 дар мамлакат якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 33 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 409 миллион сомонӣ амалӣ шуда бошад, ҳоло 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

4. Рушди саноат, сохтмони роҳҳо, нақбҳо  ва афзоиши ҷойҳои корӣ

Барномаи пешазинтихоботии Сарвари давлат дар соҳаи рушди саноат, сохтмони роҳҳо, бунёди нақбҳо ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои корӣ низ амалӣ шуда, ба рушди самараноки ин соҳаҳо асос гузошт. Дар соли 2013 дар мамлакат бунёди 209 корхонаи нави саноатӣ бо 8 ҳазор ҷойи корӣ ба  нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб аллакай дар нуҳ моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 150 корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, зиёда  аз 4500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 4,4 миллиард сомонӣ  амалӣ гардид. Дар натиҷа, 1700 километр роҳҳои мошингард бунёд ва таҷдид гардида, 109 пул ва 31 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Раванди таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кўлоб-Қалъаихумб, сохтмони терминали замонавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қўрғонтеппа – Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.

Нақбҳои калонтарин, монанди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», «Хатлон» роҳҳоро кўтоҳ намуда, ба мардум шароити хуби тиҷоратро муҳайё ва  минтақаҳоро бо ҳамдигар пайваст намуданд.

Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаи бунёди роҳҳои алтернативии минтақавӣ афзалият дода,бо ин васила доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир иқдоми нахустинро амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон оғоз шуд, ки он дар ояндаи наздик омили муҳими рушди иқтисоди кишварамон ва давлатҳои минтақа мегардад.  Маҳз бо ташаббуси Президенти малакат дар ин самт нахустин созишномаҳо ба имзо расида, корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардиданд.

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ шуда, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ пай дар пай фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам гардида, фаъолияти густурда дар ин ҷода идома меёбад.

Ҳамзамон ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии ширкатҳои ҳавоии ватанӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва қобилияти рақобатнокии онҳо мунтазам тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.

Соли 2011 «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардид, ки тибқи он  бунёду таҷдиди беш аз 4000 километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

5. Тоҷикистон — давлати иҷтимоӣ

Давлати иҷтимоӣ будани кишварамон дар моддаи 1-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Дар Барномаи пешазинтихоботии соли 2006 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ҳалли проблемаҳои ба он алоқаманд иқдоми бузургро амалӣ намуд. Махсусан, дар ҷодаи ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон фаъолият ва ҳидоятҳои Сарвари давлат беназиранд, ки он ҳама бори дигар аз ҳиммати баланди инсондўстиашон дарак медиҳад.

Агар дар соли 2006 кўмакҳои гуногун аз Буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2012 ба 170 миллион сомонӣ расидааст. Яъне, дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ду баробар зиёд гардидааст.

Илова ба ин ғамхориҳо, барои кўдаконе, ки аз саробон маҳрум мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди аққали нафақа аз рўйи синну сол, яъне 130  сомонӣ нафақаи моҳона муқаррар гардидааст,  ки он ба суратҳисоби депозитии кўдакон дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» интиқол дода мешавад.

Ҳоло дар кишварамон 3300 нафар кўдаконе, ки на падар ва на модар доранд, инчунин беш аз 102 ҳазор нафар кўдаконе, ки ё падар ё модар надоранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 ҳазор оилаҳои камбизоат дар қайди ин мақомот қарор доранд.

Дар чор соли охир аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон бо ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатнасури 48 ҳазор нафар кўдакон ва тўйи арўсиву домодии 2800 ҷуфт ҷавон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нахустин Қонуни миллӣ таҳия ва тасдиқ гардид, барои осон намудани эҳтиёҷоти мардум нақши ниҳоят бузургро иҷро намуд. Ин Қонуни миллӣ тамоми расму ойин ва маъракаҳои халқро ба танзим даровард ва барои осон гузаронидани чорабиниҳои диниву миллӣ имтиёзҳо ва сабукиҳо муқаррар кард, ки дар натиҷа аз сарфи  беҳудаи маблағ ва хароҷотҳои зиёдатӣ шаҳрвандонро раҳоӣ бахшид. Маҳз ҳамин Қонун барои беҳтар шудани некуаҳволии халқ таъсири мусбат расонид ва аксари одамонро аз фақру нодорӣ наҷот дода, барои беҳтар гардидани вазъи молиявии оилаашон шароит муҳайё сохт. Баъди қабули Қонун дар кишвар 900 ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки пас аз баргузории онҳо ба манфиати шаҳрвандон қариб 10 миллиард сомонӣ сарфа  гардида, зиёда аз 770 ҳазор чорвои калони шохдор камтар забҳ шудааст.

Дар ҳафт соли охир пайваста афзоиши ҳаҷми Буҷети  давлатӣ дар бахши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида расида, дар соли 2013 ба 6,4 миллиард сомонӣ хоҳад расид, ки он нисфи зиёди Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Танҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар зиёд шудани қариб 100 ҳазор ҷойи нави корӣ дар ин давра далели гуфтаҳои болост.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ то соли 2020 аз 12 то ба 16 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ расонида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз 2,5 то 3 баробар зиёд карда шавад. Умуман, дар ҳафт соли оянда даромадҳои воқеии аҳолӣ то 4 баробар зиёд хоҳанд гардид.

Дар соҳаи маориф низ хидмати Сарвари давлат ниҳоят бузург мебошад. Дар зарфи даҳ соли охир дар мамлакат беш аз 1500 мактаби ҷавобгў ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст.

Гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф, таъсиси муассисаҳои ба талаботи замон мувофиқ, аз ҷумла литсею гимназияҳо ва мактабҳои Президентӣ, мукофотҳои нави соҳавӣ, ташкили квотаҳои Президентӣ барои духтарону писарони шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва афроди камбизоат, бахусус ятимон ва маҷруҳони дараҷаи якум ва дуюм,  бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти олии касбӣ, ташкили Стипендияи байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат дар хориҷи кишвар, тайёр намудани мутахассисон ба соҳаҳои ниёзманди мамлакат ва даҳҳо дигар ташаббусҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки маҳз бо саъй ва кўшиши бевоситаи Президенти кишвар дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида, соҳаи маорифро аз буҳрони шадид раҳоӣ бахшид ва барои рушди устувори он замина фароҳам овард.

Дар баробари ин, бо ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамчун дуюмин Қонуни миллӣ баъди муҳокимаи умум тасдиқ гардид, ки беназир мебошад. Ин Қонун барои беҳтар шудани таълиму тарбия дар мамлакатамон асос гузошт ва масъулияти падару модар, омўзгорон ва аҳли ҷомеаро ба рушди маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бештар гардонид.

Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад. Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 250 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 223 мактаб бо тарҳи замонавӣ ва сифати хуби сохтмонӣ барои 45 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи бештари онҳо Роҳбари давлат иштирок намуда, барои пешрафти илму маориф ба кормандони соҳа дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дорад. Соли ҷорӣ барои маблағгузории соҳа зиёда аз 900 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар ҳафт соли охир 12 маротиба зиёд карда шуд. Дар ин соҳаи ҳаётан муҳим ислоҳоти ҷиддӣ оғоз гардида, як қатор барномаю консепсияҳо амалӣ ва  низоми нав дар ин соҳа ҷорӣ карда шуд.

Бо мақсади кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 903 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2013 нисбат ба соли 2006-ум 7 баробар зиёд ба нақша гирифта шудааст ва барзиёд иҷро хоҳад гашт. Аз ҷумла барои тарбияи шоистаи насли наврас ва пешрафти соҳаи маориф маблағгузорӣ 6,7 баробар, тандурустӣ 8,6 маротиба, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6,8 баробар, фарҳангу варзиш ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ 7,1 маротиба афзоиш меёбанд.

Агар ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2000 ҳамагӣ 106 миллион сомониро ташкил дода бошад, он дар соли 2013 зиёда аз 60 баробар афзун хоҳад гашт.

Бо мақсади баҳравар гардонидани шаҳрвандони камбизоат аз кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ ва нафақаи арзанда фаъолияти густурда ва бемайлон амалӣ мегардад. Ҳамин аст, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ дар соли 2012 ба ҳисоби миёна 50 фоиз ва аз якуми сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони муассисаҳои  томактабӣ  ва таҳсилоти умумӣ ба андозаи 30 фоиз, дигар муассисаҳои маориф , тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва стипендия 20 фоиз, кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ аз 15 то 30 фоиз, сохторҳои қудратӣ аз 15 то 35 фоиз ва дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда шуд.

Умуман, дар се соли охир музди меҳнати кормандони буҷетӣ аз 2,5 то 3,0 баробар зиёд гардид, ҳол он ки  дар давраи миёнамуҳлат ин чорабинӣ бояд то 2,0 баробар амалӣ карда мешуд.

Илова бар ин, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафақа ва кўмакпулиҳои иҷтимоӣ 4,5 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маблағгузории он аз 253 миллион сомонӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расидааст.

Дар натиҷаи амалишавии чораҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999 то 38 фоиз дар соли 2012 паст гардид. Баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боиси тадриҷан камшавии нишондиҳандаҳои фавти модару кўдак, зиёд шудани дарозумрӣ ва афзоиши табиии аҳолии мамлакат гардидааст.

Агар дар соли 2000 дарозумрии сокинони мамлакат ба ҳисоби миёна 68,2 солро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 72,5 сол баробар шудааст, аз ҷумла дарозумрӣ дар миёни занон 75,3 солро ташкил менамояд.

Инчунин тибқи таҳқиқот фавти модарон дар соли 2010 нисбат ба соли 2005-ум 12 фоиз паст гардида, фавти кўдакони навзод дар ин давра ду баробар кам шудааст.

Агар дар соли 2000 беш аз 167 ҳазор нафар кўдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 220 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки 25 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмуъ фавти кўдакони навзод ба ҳар 1000 нафари таваллудшуда аз 80 нафар то 17,2 нафар кам шудааст. Фавти модарон бошад, ба ҳар 100 000 нафари таваллудкарда аз 120 то 33,3 нафар коҳиш ёфтааст.

Дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз 6,1 миллион нафари соли 2000 то ба имрўз беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8 миллион нафар расидааст.

Боби II

1. Ҳадафҳои асосии Барномаи пешазинтихобии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ

Тибқи Барномаи пешазинтихобии худ Президенти кунунии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 соли оянда (2013-2020) тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ,  суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир ва дигар вазифаҳои афзалиятноки аввалиндараҷаро баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар Ватани маҳбубамон муайян намуда, ҳамзамон ҳалли ҳадафҳои зеринро зарур мешуморад:

Ҳадафи якум ва муҳимтарини Барномаи  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ин ҳифз ва таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният дар ҷомеа ва ҳамчун дастоварди нодиртарин таблиғи фарҳанги сулҳ мебошад.

Масъалаи ҳифзи дастовардҳои давлат ва  таҳкими пояҳои он, хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рўз аз рўз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор гирифтан ва осебпазир гардидани давлатҳои тозаистиқлол торафт аҳамияти ҷиддӣ пайдо мекунанд.

Дар ин раванд дар Барномаи пешазинтихоботии номзад зикр гардидааст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониамон  аз он иборат мебошад, ки масъалаи ҳифзи манфиатҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бояд як лаҳза ҳам  фаромўш насозем.

Халқи кишварамон сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овардааст ва имрўз шукргузорӣ аз Офаридгор менамояд,  ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ, ваҳдат ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ доранд.

Бинобар ин, вазифаи муҳимтаринамон аз он иборат мебошад, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар рўҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир — ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагиамон густариш бахшем.

Ҳадафи дуюми номзад рушди босуботу бемайлони кишвар, афзоиши иқтидорҳои иқтисодии мамлакат ва дар радифи кишварҳои рў ба инкишоф таҳкиму тавсеа бахшидани мавқеи сазовори  ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳадафи сеюм -баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон ба шумор рафта, дар ин раванд кафолати рушди илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷомеа таъмин мегардад.

Ҳадафи чоруми номзад — муборизаи беамон ба муқобили коррупсия ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ мебошад, ки дар натиҷаи он шиддати фасод дар ҷомеа поён омада, шаффофият дар фаъолияти муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ таъмин мегардад. Ба тартиб даровардани низоми ягонаи самараноки истифодаи маблағҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо ба покахлоқии кормандони давлатӣ ва ғайридавлатӣ  оварда мерасонад.

Ҳадафи панҷум — ба низомдаровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравиии он ва дар дохили ҷумҳурӣ ба кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар мебошад.

Ҳадафи шашум-ҳамаҷони ба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандорӣ ва баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурўҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Аз ин рў, ба муқобили радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, ки  барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурдан дар Барномаи пешазинтихоботӣ ҳамчун вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ватандўст муайян гардидааст.

Шаҳрвандони мамлакат бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарк ва қабул намоянд.

Ҳадафи ҳафтум — дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми гурўҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар мебошад. Маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайвандгар ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми шаҳрвандони мамлакатамон, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ буда, дар айни замон василаи муассиртарини ҳифзи кишвари озоду соҳибистиқлол ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосӣ боқӣ мемонад.

Ҳадафи ҳаштум — ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон равона кардани неру ва  фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ муайян гардидааст ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, барои ҳар чӣ беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносиб фароҳам оварда мешаванд.

Дар ин раванд сохторҳои давлатӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд бо мақомотҳои ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти Қонунро тарғибу таблиғ намоянд, то ки ҷавонон дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрўзаро идома бахшанд ва Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Ҳадафи нуҳум – ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёд дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад.

Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрўз башариятро дар рў ба рўйи омезишу бархўрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Аз ин лиҳоз, шинохтани фарҳангу тамаддунҳои гуногунро ба роҳ монда, бо такя ба гуфтугўйи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои сайёра оқилона истифода бояд бурд. Маҳз бо назардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи аҳли  ҷомеа ниёз дорад.

Ҳадафи даҳум -  арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихор ба шумор меравад.

Забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқ ҳамеша нақши тақдирсоз бозидааст. Ин  аст, ки Барнома оид ба эҳё ва густариши забони давлатӣ силсилаи тадбирҳои судмандро пешбинӣ намудааст.

Дар баробари ҳадафҳои зикргардида, Барнома ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, бахусус таъмини фаъолияти озодона ва шароити зиндагии арзандаро барои ҳар як инсон ҳамчун вазифаи афзалиятноки аввалиндараҷа пешбинӣ намудааст.

2. Беҳдошти некуаҳволии шаҳрвандони кишвар

 Ҳамагон хуб медонанд, ки бо мақсади беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқ зери назорати бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015» амалӣ мешавад  ва он тамоми иқтисодиёти миллӣ ва иҷтимоиётро ба куллӣ тағйир дода, барои пешрафти бемайлони кишвар заминаи устувор фароҳам меоварад. Барои татбиқи Стратегия беш аз 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои маблағгузории Стратегияи мазкур аз Буҷети давлатӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона мешавад ва маблағи он дар маҷмуъ 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси амалӣ гардидани ин ҳуҷҷати барномавӣ инкишофи иқтисодии мамлакат ва идоракунии самараноки он таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ хеле баланд бардошта мешавад ва рушди некуаҳволии бемайлони шаҳрвандони мамлакат таъмин гардида, ин омилҳо барои ба сатҳи нави тараққиёт ворид шудани ҷумҳурӣ замина фароҳам меоваранд.

Бо шарофати ҳамроҳ шудани ҷумҳурӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо имконоти рушди иқтисодии кишвар боз ҳам бештар хоҳад гашт. Бояд гуфт, ки маҳз бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастани мамлакат ба ин созмон ба вуқуъ омад ва раванди ба ҷомеаи тиҷоратии ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудан ба анҷом расид.

Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронидашуда ва зиёд шудани рақобатпазирии онҳо, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад зиёд кардани иқтидори содиротии кишвар тавассути рушди истеҳсолоти саноатӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, беҳтар намудани инфрасохторе, ки ба тараққиёти соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургияи ранга, саноати сабук ва хўрокворӣ равона шудаанд, таъмин хоҳад шуд.

Дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ истеҳсоли маҳсулоти ватании қобили рақобат таъмин карда мешавад.

3. Неруи созанда — омили пешрафт

Мусаллам аст, ки таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста, қабл аз ҳама ба неруи созандаи инсонӣ ниёз дорад ва тарбияи шахсияти худшиносу ватандўст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят фарди дорои қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрўзаро тақозо менамояд.

Бинобар ин, дар Барномаи пешазинтихоботӣ раванди таълиму тарбия  дар ҳафт соли оянда низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ боқӣ мемонад ва ҳамаи тадбирҳои зарурӣ дар ин ҷода амалӣ карда мешаванд, то хонандагону донишҷўён ба мактабҳои миёна, коллеҷу литсейҳо, гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбию баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватаниву хориҷӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кўдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам амалӣ карда мешавад. Инчунин теъдоди мактабҳои замонавӣ зиёд карда шуда, сифати таълиму тарбия баланд ва тарбияи кадрҳои коргарии ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он таҳия мегардад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳар чи зудтар ба талаботи имрўза мутобиқ гардонидани стандартҳо ва барномаҳои таълимии мактабҳои олии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Ба хотири ҳифзи саломатии мардум фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ  беҳтар ва татбиқи самараноки «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин намудани онҳо, азхудкунии технологияи нав, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин тарбияи кадрҳои муосир, ки ба талаботи рўз  ҷавобгў бошанд, амалӣ хоҳанд гардид.

Доир ба масъалаҳои вобаста ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу ибтикори ҷавонон ва занон, инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, муаррифии онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инкишофи театр ва кино ва дигар навъҳои санъат, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, рушди полиграфия ва интишори китоб, бо истифода аз технологияи муосири электронӣ баҳри таблиғи маданияти миллӣ, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки дар бахши фарҳанг дар доираи Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар кишвар амалӣ хоҳанд шуд.

Доир ба рушди варзиш, солимии  инсон, муҳайё намудани шароит барои сиҳатии омма ва таҳкими заминаҳои варзишӣ дар мамлакат иқдомоти боз ҳам бештар ба роҳ монда шуда,  сохтмони як қатор комплексҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои фароғативу варзишӣ, истироҳатгоҳҳои табобативу варзишӣ нисбат ба солҳои гузашта бештар сохта мешаванд, ки ин ҳама солимии аҳли кишварро таъмин менамояд. Таблиғи варзиш дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус миёни наврасон ва ҷавонон идома меёбад.

4. Мубориза ба муқобили коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Мубориза бо коррупсия масъалаи мубрами рўз мебошад. Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Аз ин рў, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ яке аз самтҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар ҳафт соли оянда дар ин самт, аз ҷумла тавсеа бахшидан ба Ҳукумати электронӣ, насби камераҳо дар роҳҳо, бартараф кардани коллизияи қонунҳои дар Парлумон қабулшаванда, таҳия ва мавриди тасдиқу истифода қарор додани  Барномаи зиддикоррупсионии то соли 2020, фаъол гардонидани кори Палатаи ҳисоб, Шўрои ҳамоҳангсози зиддикорупсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Дар Барномаи пешазинтихоботӣ инчунин амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар назар дошта шудааст. Ҳамчунон дахлнопазирии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ татбиқ шуда, риояи ҳифзи қонунҳои амалкунанда пурзўр карда мешавад.

Терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон ва дар маҷмуъ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ имрўз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфта, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд. Пешгирии ин ҳолатҳо, масъалагузорию ҳамкорӣ кардан бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, муборизаи беамон бурдан дар сатҳи мамлакат ҳадафҳое мебошанд, ки дар Барномаи пешазинтихоботӣ ба ҳайси масъалаҳои аввалиндараҷа шомил гардидаанд. Аз ин лиҳоз,   мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолият қарор дода шудааст.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то ба имрўз яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишварамон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ тибқи Барномаи пешазинтихоботӣ  ин сиёсат минбаъд низ идома меёбад.

5. Озодии  виҷдон — пояи муҳими маънавиёт

Масъалаи муносиботи дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ дар Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ мақоми махсусро дорост. Қобили зикр мебошад, ки дар  доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои таъсиси масҷидҳо, муассисаҳои таълимии динӣ, сохтани масҷидҳои муосир ва аз ҷиҳати меъморӣ комил намудани онҳо Ҳукумати  кишвар корҳои шоистаеро ба анҷом расонидаст.

Ҳамдигарфаҳмии созанда, таҳаммулгароӣ, муносиботи дўстона, ҳамзистиву ҳамкорӣ бо фарҳангу динҳои дигар тавонистаанд ва метавонанд дини мубини исломро ҳамчун фарҳанги олампазир ва дини пешрафта муаррифӣ намоянд. Дар оянда низ дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ ба дин ва арзишҳои он чунин муносибат идома меёбад. Маҳз бунёди давлати демократӣ, сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори демократия барои гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ ва дунявият барои ҳамзистии дину мазҳабҳои гуногун шароити мусоид фароҳам меоварад. Вазъияти ташвишовари бисёр давлатҳои дуру наздик нишон медиҳад, ки онҳо аз зиддиятҳои миллию мазҳабӣ ва сиёсӣ солҳо боз халосӣ надоранд. Дар ин маврид таҷрибаи талхи ин кишварҳоро дуруст омўхта, ҳамагонро зарур аст, ки ба ҳар гуна таблиғоти носолим бовар накарда, манфиатҳои давлат, субот ва амнияти кишварро ҳифз намоянд.

Барои ҳалли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятноки дар Барномаи пешазинтихоботӣ муайянгардида ва инчунин дигар проблемаҳои бартаридошта татбиқи  масъалаҳои  зерин низ дар назар дошта шудаанд:

- тақвият бахшидан ва такмили сохтори ташкилӣ ва соҳавии иқтисоди кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илм ва технология, навсозии соҳаҳои иқтисод, татбиқи саривақтии  навовариҳои истеҳсолӣ ва истифодаи босамар аз неруи муосири ақлонӣ;

- коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, идома додан ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, хусусан саноат ва кишоварзӣ, бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолии дорои технологияҳои муосир;

-  бунёди зиёда аз 200 корхонаи нави саноатӣ ба маблағи қариб 4 миллиард сомонӣ ва дар заминаи ба кор андохтани иқтидорҳои НБО – и «Роғун» тақвияти ҷиддӣ бахшидан ба ин раванд;

- фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама бо роҳи таъмини тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ;

- ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди он дар марҳалаи миёнамуҳлат;

- ба дараҷаи сифатан нав баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи тухмии хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои холимондаву партов, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, бунёди боғу токзорҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо;

- андешидани тадбирҳои иловагӣ ва тақвият бахшидан ба зиёд кардани номгуй ва ҳаҷми молҳои содиротии кишвар, инчунин пайдо намудани бозорҳои нави минтақавию ҷаҳонии фурўши онҳо.

Татбиқ намудани тартиби нави кўмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад.

Ҳамзамон масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар боқӣ мемонад ва ҳалли бемайлони муттасили он дар маркази фаъолияти Сарвари давлат қарор мегирад.

Дар баробари таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ба масъалаи касбомўзӣ, бахусус тақвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти дурусти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва инчунин марказҳои касбомўзии калонсолон дар Барномаи пешазинтихоботӣ  диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Бо мақсади такмили ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва манзил тибқи Барномаи пешазинтихоботӣ кодексҳои меҳнат ва манзил дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда мешаванд.

Ҳамчунин ба хотири мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ба талаботи замони муосир кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ низ дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда мешаванд.

Мақсад аз идома додани дигаргунсозиҳо ва татбиқи амалҳои дар боло зикргардида таъмини рушди иқтисодиёт, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва инкишофи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ҷиҳати идома додани ислоҳот дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ ва ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тақвият бахшидан, инчунин таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо амали воқеӣ ҳисобида, иҷрои чунин масъалаҳоро зарур мешуморад:

Аввалан, дар кори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолона иштирок намуда, манфиатҳои ҷумҳурӣ дар он ҳимоя карда мешаванд.

Дуюм, рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика таъмин карда мешавад.

Сеюм, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар таъмин мегарданд. Бо ин мақсад барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои онҳо таҳия карда мешаванд.

Бо назардошти он ки ҷойгиршавии қувваҳои корӣ ва афзоиши табиии аҳолӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат зиёд намудани ҷойҳои нави кориро талаб менамояд, бо истифода аз сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.

Чорум, сиёсати самараноки молиявӣ татбиқ карда мешавад, ки тибқи он сиёсати молиявӣ ба мақсади пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, хусусан дар самти тағйирёбии нархи молу ашёи хом ва маводи хўрокворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, инчунин ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва густариши муносибатҳои байналмилалии молиявӣ равона мегардад.

Дар ин самт истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ бо назардошти гузаштан ба маблағгузории хизматрасонии давлатӣ дар асоси фармоишҳои давлатӣ ва меъёрҳои маблағгузории сарикасиву суроғавӣ, гузариш ба усулҳои замонавии амалӣ намудани сармоягузории давлатӣ, татбиқи саривақтии барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.

Панҷум, ҷалби бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат таъмин мегардад.

Барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ рушди соҳаи туризм омили муҳим ба шумор меравад ва имкониятҳои бузургеро доро мебошад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои мусоиду нодири тиббиву муолиҷавӣ, кўҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд. Муҳайё сохтани шароити мусоид барои сармоягузорону сайёҳон ва пешниҳоди лоиҳаҳои ҷолиб барои ҳамкориҳои судманд ва бо ин мақсад ба роҳ мондани маданияти баланди хизматрасонӣ дар маркази фаъолият қарор мегиранд.

Ташкили Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба таъмини минбаъдаи рушди босубот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва амалӣ намудани ҳадафҳои миллии мамлакат мусоидат менамояд.

Шашум, имкониятҳои коммуникатсионии мамлакат инкишоф дода мешаванд.

Бо кушодашавии нақби «Шаҳристон» ва «Хатлон» мамлакат аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳо ёфт. Оид ба ҳалли масъалаи баромадан ба баҳр ва бандарҳои тиҷоратӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Ҳафтум, низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмин намудани самаранокии идоракунии давлатӣ тақвият дода мешавад. Ин иқдом аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки дар навбати аввал, рушди бомароми иқтисоди миллӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ аз он вобаста мебошад.

Дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои «ҳукумати электронӣ» ҳар чӣ васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешбурди сиёсати самарабахши интихоби кадрҳои роҳбарикунанда ва беҳтар гардонидани иҷрои вазифаҳои давлатӣ масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дар радифи масъалаҳои умда қарор мегиранд.

Дар робита ба ин, ҳайати сифатии кадрҳои хизмати давлатӣ  бо роҳи ҷорӣ намудани усулҳои нави хостагирӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии онҳо куллан тағйир дода шуда, дастгоҳи идоракунии касбӣ ташаккул ёфта, аз ҳама волотар хизмати содиқона ба халқу Ватан ҷойгузин мегардад.

Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат ва рушди босуботи ҷомеа равона гардида, дар он манфиатҳои миллию давлатӣ дар мадди аввал қарор гирифтаанд ва ҳар як шаҳрвандро ҳидоят менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, волоияти Қонунро риоя намояд, таҳаммулпазириро пеша кунад, бо донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ худро мусаллаҳ созад ва дастовардҳоро дар муддати ҳафт соли охир нодида нагирад ва дар интихоботе, ки рўзи 6- уми ноябри соли ҷорӣ доир мегардад, барои ваҳдати комил, сулҳу субот ва амнияти сартосарӣ овоз дода, ба тараққиёти устувори кишвари азизамон муваффақ ва бо интихоби шоистаи худ барои ояндаи босаодати Ватани маҳбуб ва беназирамон саҳми арзандаи хешро дареғ надорад.