Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, якуми марти соли ҷорӣ дар кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Раванди омодагиҳо ва фароҳамсозии шароит аз ҷониби мақомоти дахлдор далели возеҳи он аст, ки ин чорабинии сиёсӣ дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир мегардад. Бо дарназардошти муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ, зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон минҷумла чунин таъкид намуда буд: «Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд. Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем». Яке аз нишонаҳои он, ки интихобот ҷавобгӯйи талаботи қавонини байналмилалӣ доир мегардад, мавҷудияти бисёрҳизбӣ ва рақобати шадид миёни ҳизбҳову номзадҳо маҳсуб меёбад. Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки омилҳои мазкур дар кишвари мо воқеан мавҷуд буда, барои ширкати тамоми аҳзоби сиёсӣ ва нафарони алоҳида дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ шароити зарурӣ фароҳам аст.
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) яке аз ҳизбҳои сиёсии кишвар маҳсуб ёфта, дар сафи худ деҳқонон, кормандони ташкилоту муассисаҳои хизматрасони комплекси агросаноатӣ, зиёиён, донишҷӯён ва ҳамаи онҳоеро, ки нисбат ба ояндаи соҳаи кишоварзӣ бетараф нестанд, муттаҳид сохтааст. Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Сафаров, ки аз ҷониби ин ҳизб номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, барои ҷомеаи Тоҷикистон чеҳраи ошност. Мавсуф давоми фаъолияти худ дар вазифаҳои гуногун бо масъулиятшиносиаш соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Барои интихобкунандагони ноҳияи Восеъ ин нафар аслан ниёз ба муаррифӣ надорад, зеро дар даъвати қаблӣ рисолати намояндагии ин мардумро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дошт. Ба сифати нафари аз фаъолияти мақоми олии қонунгузори кишвар огоҳ гуфта метавонам, ки Зайнудин Сафаров тавонист давоми вакилиаш ин масъулияти азимро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намояд. Тавассути саҳмгузорӣ дар таҳияи қонунҳое, ки ҷомеа ба онҳо ниёз дорад, тавонист дар боз ҳам мукаммал гардидани заминаи қонугузории мамлакат саҳмгузор бошад. З. Сафаров барои сокинони ноҳияи Восеъ ҳоҷат ба муаррифӣ надорад ва аз ин нуктаи назар банда аз овардани шарҳи ҳолаш худдорӣ менамоям. Номбурда фаъолияти хешро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин шурӯъ намуда, сипас, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Зери роҳбарии ин нафар фаъолияти Комиссияи фавқуззикр беш аз пеш тавсеа ёфт.
З. Сафаров ба он назар аст, ки дастгирии давлатии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар деҳот, бахусус хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки теъдоди онҳо зиёда аз 150 ҳазор адад мебошад, ворид намудани дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба қарзҳои имтиёзнок, андозбандии ҳавасмандкунанда ва кумакҳои моддӣ-техникӣ ниёз доранд. Муътақид аст, ки бидуни таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат ғайриимкон аст.
Дар сурати комёб шудан барои ҳалли мушкилот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии интихобкунандагон амалисозии иқдомотро дар ҳама бахшҳои ҷомеа ба нақша гирифта, онҳоро марҳила ба марҳила амалӣ намуданист. Зимни суҳбат иброз дошт, ки тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 150 ҳазор гузаштааст. Ин аз як тараф хуб аст, ки деҳқонон соҳиби саҳми замин шудаанд ва таҷдиди соҳа рафта истодааст. Вале мушкил ин аст, ки аксари ин хоҷагиҳо хурд буда, истеҳсолот дар онҳо таври одӣ, яъне истифодаи қувваи ҷисмонии инсон ба роҳ монда шудааст. Дар ин росто, аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар масоҳати 0,10- 0,5 гектар хоҷагидорӣ намуда истодаанд. Табиист, ки фаъолияти чунин хоҷагиҳо ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавоб дода наметавонад ва қисми зиёди роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба машварат ва тавсияҳои олимону мутахассисон эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, зарур мешуморам, ки бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ марказҳои машваратӣ ташкил карда шаванд. Дар ин ҷода, пеш аз ҳама, бояд имкониятҳои Вазорати кишоварзӣ самаранок истифода гардад,- мегӯяд ҳамсуҳбатам. Дар сурати комёб гардиданаш Зайнудин Сафаров тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод, ки ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ вусъат ёфта,сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд, миёна ва азим ва истифодаи илман асосноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия густариш ёбанд. Дар ҳамин радиф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, барқарор намудани мавзеъҳои ба эрозия дучоршудаи табиат, ҳамкории ҳасана бо кишварҳои ҳамсоя оид ба ҳалли масоили обию энергетикӣ дар маркази диққаташ хоҳанд буд. Вобаста ба талаботи ҷаҳони муосир зарурат ба миён омадааст, ки азхудкунии канданиҳои фоиданок ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодиёти кишвар вусъат ёбад ва иқдомот ҷиҳати барқарор намудани корхонаҳои бузурги саноатӣ, таъмин намудани баробарвазнии воридот ва содирот ва ба ин васила, таъмин намудани амнияти иқтисодии мамлакат амалӣ гарданд. Ба андешаи Зайнудин Сафаров, дар ин самт истифодаи оқилонаи Буҷети давлатӣ, андешидани чораҳо оид ба афзоиши даромадҳои буҷет тариқи рафъи иқтисоди ниҳонӣ, дуруст ба роҳ мондани пардохти андозҳо аз тарафи андозсупорандагони калон, қатъиян манъ кардани сохтмон дар заминҳои обёришаванда зарур ва ногузир аст. Мо хуб дарк менамоем, ки иҷтимоиёт яке аз соҳаҳои муҳими дилхоҳ кишвар маҳсуб ёфта, вазъи он бояд зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат қарор дошта бошад. Биноан ба он назар аст, ки бояд таъмини зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар, пардохти саривақтии музди меҳнат, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси камбизоат, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолон ва дигар ашхоси ниёзманд ва ғайра беш аз пеш густариш бахшида шаванд.
-Дар ин росто, таъмини дастгирии давлатии оила, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими он, беҳсозии шароити кор ва маишии занони деҳот, дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии занон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону наврасон, амалӣ намудани силсилатадбирҳо ҷиҳати зиёд кардани андозаи кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо барои занони ҳомила, модарони танҳо, оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои кӯдакони маъюбдошта, барқарор намудани шабакаи муассисаҳои беруназмактабӣ дар маркази диққати ман қарор хоҳад дошт, -дилпурона гуфт номбурда.
Аз раванди суҳбат пай бурдем, ки З.Сафаров хуб дарк намудааст, ки бе фарҳангу маънавиёт рушди ҷомеаро умедвор шудан мантиқан нодуруст аст. Бинобар ин, кӯшиш ба харҷ доданист, ки ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарор кардани мероси таърихию фарҳангӣ, тарғиби анъана ва расму оинҳои суннатӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, рушди илму маориф, омӯзиш ва тарғиби осори ниёгон ва дастгирии аҳли эҷод дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Дар ҳамин радиф, саҳми ҷавононро дар рушди ҷомеа нодида гирифтанӣ нест. Аз ин нуктаи назар, амалӣ намудани тадбирҳои муҳим, ки нақши онҳоро дар ҷомеа барҷастатар менамояд, аз ҷумлаи тасмимҳои Зайнудин Сафаров маҳсуб ёфта, баҳри татбиқашон азми қавӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, муътақидам, ки ин нафар қодир аст, ки тамоми неруи зеҳнии хешро барои дар амал татбиқ намудани нуктаҳои зикршуда равона карда, комёб гардад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»