Миссияи мушоҳидони СҲШ интихоботи дар мамлакат баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф кард

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

DSC_1255- Интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат мутобиқ буд, — изҳор дошт роҳбари Миссияи мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров зимни нишасти матбуотӣ, ки дуюми марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

«Миссия интихоботи баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф намуда, изҳор медорад, ки интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гоми муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон буд, зеро вайронкунии меъёрҳои қонунгузории миллиро, ки қонунияти интихоботро зери шубҳа мебаранд, мушоҳида накард», — гуфт Нурлан Аккошкаров.

Тӯли фаъолият аъзои Миссияи мушоҳидони СҲШ аз 314 участкаи интихоботӣ ва аз мақомоти интихоботии минтақавӣ ва ноҳиявии Тоҷикистон дидан намуданд. Тибқи натиҷаи мушоҳидаҳо, аъзои Миссия иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, аз ҷумла, ҷавононро мушоҳида карданд. Аъзои комиссияҳои интихоботӣ барои татбиқи тартиби овоздиҳӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда буданд.

Миссия бо роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо раисон, котибҳо ва аъзои комиссияҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва участкавии интихоботӣ, интихобкунандагон, нозирони маҳаллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма вохӯриву суҳбатҳо анҷом дод.

Миссияи мушоҳидони СҲШ бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврал то 1 март дар Тоҷикистон қарор дошт ва даъвати мушоҳидони байналмилалиро ҳамчун талоши роҳбарияти Тоҷикис­тон ҷиҳати таъмини интихоботи ошкоро, шаффоф ва демократӣ арзёбӣ менамояд.

«Садои мардум»