Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор гирифтааст. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои мустақил бо пешниҳод намудани барномаҳои пешазинтихоботии худ талош доранд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи кишварро ба худ ҷалб кунанд. Интихобот ба парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо дар шароите доир мегардад, ки авзои минтақа ва умуман ҷаҳон, рӯ ба бесомонӣ оварда, метавонад ба ҳар кишваре таъсири номатлуб гузорад. Аз ин ҷост, ки сокинони Тоҷикистон талош доранд бо ҳифзи суботу ваҳдати миллӣ, интихоботи қарибулвуқӯъро баргузор намуда, ояндаи хубу гуворои кишварро таъмин созанд.
Ҳамзабонони бурунмарзӣ низ ба ин мавзӯъ аҳамият дода, рушду шукуфоии бардавоми Тоҷикистонро боаҳамият қаламдод мекунанд. Қодиршои Мурувват-муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, сармуҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» дидгоҳи худ ва созмонашро дар ин росто баён кардааст, ки пешкаши хонандагони азизамон мекунем.
-Ҳамзабонони бурунмарзӣ, аз ҷумла тоҷикони Қирғизистон, ба диёри таърихии худ бо қадрдонӣ нигариста, Тоҷикистонро хонаи умед меҳисобанд. Онҳо ба ин боваранд, ки сулҳу субот, пешрафт ва муваффақиятҳои рӯзафзуни Тоҷикистон дар сарнавишти ҳамзабонон, ки дар мамлакатҳои дигар кору зиндагӣ доранд, таъсири мусбат дорад. Ҳар чӣ қадар Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи худро тақвият бахшад, ба ҳамон андоза обрӯву иззати тоҷиктаборон дар хориҷа бештар мегардад.
Ёдам меояд, ки солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Қирғизистон теъдоди зиёди ҳамватанон дар ҳоли оворагиву сарсонӣ ва изтироб ба сар мебурданд. Онҳоро бесомониҳои он айёми сахт водор намуд ҷилои Ватан созанд. Ман медидам, ки ҳар касу нокас ба иззати нафсамон нохун мезад ва дар ҷавоб ёрои посух додан надоштем. Чанд сол баъд ин вазъ сипарӣ шуд. Хушбахтона, хиради азалии миллати куҳанбунёдамон ғалаба кард ва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ба дунболи ин рӯйдоди сарнавиштсоз Тоҷикистон рӯ ба созандагӣ овард ва дар як вақт мавзеъгирии ҷомеаи кишвари Қирғизистон, ниҳодҳои қудратии он нисбати тоҷикони таҳҷоӣ ва муҳоҷир тағйир пазируфт.
Бояд зикр кард, ки дар кишвари Қирғизистон аз аҳди қадим тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар ҳоли ҳозир шумораи ҳамзабононамон ба 55 ҳазор нафар мерасад. Соли 1993 бо ташаббуси як гурӯҳ ҳамзабонони фаъолу дилсӯз дар ин ҷо Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон таъсис шуд. Мақсад аз ташкили ин созмони ҷамъиятӣ ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳангу суннат ва анъанаҳои миллатамон дар ин кишвари ҳамсоя мебошад. Ҷои ифтихор аст, ки созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ барои бақои мактабу маорифи тоҷикӣ дар ин диёр дастовардҳои мушаххасро соҳиб шудааст. Фаъолони созмон бо ваҷоҳат иброз медоранд, ки ин ҳама дастовардҳо дар партави рушду тараққиёти Тоҷикистон муяссар шудаанд, зеро доштани такягоҳ ва ҳомии дилсӯзу ғамхор дар симои Тоҷикистон ба ҳамзабонони бурунмарзӣ неруву тавон ато намуда, онҳоро барои ҳифзу равнақи забону фарҳанги миллӣ раҳнамун месозад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки ба шарофати ғамхории бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар донишгоҳҳои муътабари Душанбе ва Хуҷанд 250 хатмкардагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ройгон таҳсил мекунанд. Ин иқдоми Ватани таърихӣ мояи ифтихору ғурури ҳамзабонҳо шуда, алоқаи онҳоро ба забони модарӣ даҳчанд кардааст.
Дар ин росто, устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ, узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, борҳост, ки зимни суҳбату суханрониҳояш суботу ҳамбастагии мардумони Тоҷикистонро омили асосии сарбаландӣ ва сарфарозии тоҷикони бурунмарзӣ қаламдод мекунад. Ин пири хирад, ки ҳоло дар вилояти Бодкан, дар ҷануби Қирғизистон, дар канори фарзандону наберагон даври пирӣ меронад, то кунун панҷ маҷмӯаи ашъорашро ба забони тоҷикӣ ба нашр расонидааст.
-Бародарони русамон мақоле доранд, ки бозгӯи матлаби интихобкардаи ман мебошад ва ба забони тоҷикӣ ба ин шакл садо медиҳад: «Аз берун нишаста, хубтар метавон авзоъро мушоҳида намуд». Дар Бишкек кору зиндагӣ мекунам, бо табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоҳиб мешавам. Хусусан қишри хабарнигорон ва соҳибназарони ин кишвар хеле фаъолу сертараддуд буда, ҳамвора авзои ҷории минтақаро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашанд. Дидгоҳ ва назари аксари онҳоро роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Тоҷикистони азизамон шунида, фараҳ ва шодӣ вуҷудамро пур менамояд,- суханашро хотима бахшид Шарифҷони Учқӯрғонӣ.
Эмилбек Момунов, як коршиноси масоили минтақавӣ, изҳор медорад, ки рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон бамаротиб аз ҷумҳуриҳои минтақа болотар буда, қобили омӯзишу пайравӣ мебошад. Барои ӯ мояи тааҷҷуб мебошад, ки Тоҷикистони мубтало ба даргириҳои мусаллаҳонаи дохилӣ тавонистааст дар муддати на чандон тӯлонӣ ин ҷароҳатҳоро на танҳо даво намояд, балки дар ҷодаи эҳёи мамлакат қадамҳои устувор бардорад.
Дар тақвияти ин фикри дӯсти қирғизиам мегӯям, ки ин ҳама аз баракати сулҳу субот, ҳамдиливу ваҳдати сокинони Тоҷикистон ва кӯшишу талошҳои бевоситаи Сарвари он муяссар шудааст ва идомаи ин раванд ормону орзуи хурду бузург аст.
Ман бовар дорам, ки миллати шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сиёсати ғамхоронаи Давлат ва Ҳукумат ин маъракаи муҳими сиёсиро дар фазои ваҳдат баргузор намуда, ашхоси лоиқро ба ниҳоди қонунгузорӣ интихоб хоҳанд кард. Таърих ва таҷрибаи рӯзгор борҳо ин воқеиятро собит кардааст, ки дар сурати якпорча будани миллат, ҳеҷ неруи хориҷӣ ва дасти нотавонбин қодир ба рахна задан дар суботи кишвар ва дӯстии халқҳо нест.
Шароити феълии минтақаамон ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазилатро водор менамояд, ки бо намоиш додани зиракии сиёсӣ ва дарки авзоъ, ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошад.
Мехоҳам гуфтаҳои худро бо байти зиндаёд устод Лоиқ хотима бахшам, ки баёнгари ормони ҳамаи тоҷикон аст:
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар мо
Модар яктост, Тоҷикистон яктост!