Чанде пеш дар шаҳраки Мурғоб коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода ва Ҷурабек Қодиров бо сокинону кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот вохӯрӣ баргузор намуданд, ки зимни он асосан масоили иҷрои қонунгузории кишвар, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, фаъолона ширкат варзидан дар маъракаи интихоботи президентӣ, сафарбаркунии дружиначиёни ихтиёрӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки рушду пешрафти минбаъдаи кишвар аз интихоботи шаффофу демократӣ ва озод вобаста аст. Бинобар ин, сокинонро лозим аст, ки вазифаи шаҳрвандиро амиқ дарк намуда, дар маъракаи муҳими дарпешистода фаъолона ширкат варзанд ва ба номзади арзанда раъй диҳанд.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»