Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Мулоқоти коршиносони КМИР бо сокинони Мурғоб

№120-121 (4226-4227) 29.09.2020

ИНТИХОБОТЧанде пеш дар шаҳраки Мурғоб коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода ва Ҷурабек Қодиров бо сокинону кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот вохӯрӣ баргузор намуданд, ки зимни он асосан масоили иҷрои қонунгузории кишвар, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, фаъолона ширкат варзидан дар маъракаи интихоботи президентӣ, сафарбаркунии дружиначиёни ихтиёрӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр шуд, ки рушду пешрафти минбаъдаи кишвар аз интихоботи шаффофу демократӣ ва озод вобаста аст. Бинобар ин, сокинонро лозим аст, ки вазифаи шаҳрвандиро амиқ дарк намуда, дар маъракаи муҳими дарпешистода фаъолона ширкат варзанд ва ба номзади арзанда раъй диҳанд.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»