Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҳабдаҳуми феврали соли равон бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти роҳбарии Пол Эберхард мулоқот намуд.
Номбурда аз корҳое, ки то имрӯз аз ҷониби комиссия дар робита ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ амалӣ гаштаанд, ёдовар шуда, зикр кард, ки КМИР тибқи талаботи қонунгузории марбутаи кишвар барои субъектҳои иштирокчии раванди интихобот ҷиҳати рақобати солим шароити баробар муҳайё намудааст.
Қайд гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромад аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дорад.
Роҳбари ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбат арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти нозирони байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.
М. УСМОН, «Садои мардум»