Интихоботи вакилони халқ - 2025

Мушоҳидони ИДМ: Интихобот ошкорову шаффоф буд

№29 (4925) 05.03.2025

IMG_20250303_112223Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 2025 баргузор шуд, ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд. Дар ин хусус сеюми марти соли равон роҳбари ҳайат Леонид Анфимов зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои мониторинги омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот иттилоъ дод.

«Намояндагии мо ягон қонуншиканиеро, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, муайян накард», — зикр кард номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, овоздиҳӣ дар интихоботи вакилон дар вазъияти ором ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузашт.

«Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хулосае омад, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ, ошкоро ва шаффоф баргузор шуда, ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба изҳори озоди иродаи худ таъмин намуд», — изҳор дошт роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»