Ҳар як ҳодисаи сиёсие, ки дар ҷомеа ба вуқӯъ мепайвандад, ба шахс таъсири бевосита ва ё бавосита расонида, дар шаклгирии тафаккур ва рафтори сиёсии ӯ нақш мебозад. Ҳамин аст, ки муҳити иҷтимоиро ҳамчун омили таъсиррасон дар ташаккулёбии шахсият арзёбӣ мекунанд. Дар навбати худ, шахс ҳамчун субъекти сиёсат қодир аст динамизми раванду ҳодисоти сиёсии ҷомеаро тақвият бахшад ва барои ҳадафнок амалӣ шудани онҳо мусоидат намояд.
Ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа моро бо раванду ҳодисот ва зуҳуроти гуногун рӯ ба рӯ мекунад. Баъзе аз онҳо хусусияти муваққатӣ, баъзеи дигар дарозмуддат ва қисме хислати доимӣ касб намуда, ҷузъи таркибии ҳаёти ҷомеаро ташкил медиҳанд. Дар ин радиф, интихобот раванди сиёсии хоса мебошад, ки қодир аст ба камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа таъсири бевосита расонад. Он ба сифати василаи таъминкунандаи рушди ҷомеа пазируфта шуда, тавассути хусусиятҳо, аз қабили марҳиланокӣ, шаффофият, низомсозӣ ва амалинамоии иродаи мардум, имконияти мусоидро барои қувваҳои сиёсӣ ба вуҷуд меорад, то ки онҳо неру ва қудрати худро бо роҳи осоишта санҷанд.
Интихобот раванди сиёсие мебошад, ки баҳри такмили фаъолияти қувваҳои сиёсӣ, ба ҳам омадани онҳо, инчунин, муборизаи осоиштаи байни онҳо, майдони мусоид муҳайё месозад. Ин мубориза иқтидори сиёсӣ, маҳорати ташкилотчигию корбарии қувваҳои сиёсиро дар байни мардум муайян намуда, онҳоро барои таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа муваззаф мегардонад.
Раванди интихобот барои ҷомеа ва ҳар як субъекти дар он ширкаткунанда дорои чаҳорчӯбаи муайяни қоидаҳо ва муҳлати муайяни вақт буда, тақозо менамояд, ки онҳо риоя карда шаванд. Бенизомӣ дар интихобот қабул нест. Дар ҳолати сар задани бенизомӣ дар пешбурди мубориза моҳияти аслии интихобот вайрон мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб қувваҳое, ки вориди маъракаи интихобот мешаванд, риояи қоидаҳои муайяншударо бояд таъмин намоянд.
Дар ин масир чаҳорчӯбаи қонун ва институтҳои муайяннамудаи он нақши бориз доранд. Таҷрибаи ҷаҳонии интихоботҳо собит намудааст, ки чаҳорчӯбаи муайяннамудаи қонунро риоя намудани субъектони интихобот нишонаи маҳдудияти амали онҳо набуда, баръакс, оинаест, ки сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеаро инъикос менамояд. Ҳамин аст, ки баҳри танзими муносибатҳо байни субъектҳои интихобот, ташкили тартиби баргузорӣ ва қоидаҳои иштирок дар он даҳҳо санади ҳуқуқии байналмилалӣ қабул шудаанд, ки принсип ва шаклҳои ташкили интихоботро муайян намудаанд ва давлатҳо дар қонунгузории миллӣ он талаботро ба инобат гирифтаанд.
Интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ қувваҳои гуногунро баҳри ба даст овардани қудрат ба майдони мубориза мебарорад. Довари ин мубориза шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, ки тавассути баҳодиҳӣ ба фаъолият, маҳорат, таҷриба ва имконияту қудрати сиёсии субъектҳои интихобот нисбат ба онҳо қарор қабул мекунанд ва масъалаи фаъолияти минбаъдаи онҳоро ба сифати қувваи амаликунандаи ҳокимияти сиёсӣ ҳал менамоянд.
Дар назар гирифтан зарур аст, ки интихобот раванди сиёсии дорои хусусияти мураккаб мебошад. Мураккабии ин маъракаи сиёсӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеа ва мақомоти ҳокимияти давлатиро фаро мегирад. Фарогир будани интихобот дар он аён мегардад, ки:
- ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии дорои ҳуқуқи пешбарии номзад, сиёсатмадорон ба раванди сиёсӣ ҳамчун субъектҳои мубориза ворид мешаванд ва ба ҷомеа «маҳсулоти сиёсӣ»-ро пешниҳод мекунанд;
- муборизаҳо бо мақсади ташаккули мақомоти ҳокимият (намояндагӣ ва ё иҷроия) сурат мегиранд ва ҷараёни талошҳои сиёсӣ бо истифода аз технологияҳои гуногуни сиёсӣ ва интихоботӣ амалӣ карда мешаванд. Онҳо метавонанд хусусияти фардӣ ва ё оммавӣ дошта бошанд. Интихоби технологияҳои интихоботӣ ба субъектҳои интихобот вобаста мебошад;
- шаҳрвандон ҳамчун сарчашмаи ҳокимият бо амалӣ намудани ҳуқуқи интихоботӣ ҷиҳати ташаккули мувозинати нави қувваҳои сиёсӣ дар давлат овоз медиҳанд. Ба ифодаи дигар, он қишри ҷомеа, ки ҳуқуқи интихоботӣ доранд, ба ин маъракаи сиёсӣ ворид мешаванд;
- сатҳи баланди фаъолнокии сиёсии ҷомеа маҳз дар ҳамин давра ба вуҷуд меояд ва аз мақомоти ташкил ва баргузоркунандаи интихобот танзими дурусти муносибатҳо ва идоракунии дурустро тақозо менамояд. Маҳз дар ҳамин вазъият таъмини хусусияти осоиштаи интихобот зарур аст, ки тавонад баҳри субъектони ба ин раванд воридгашта шароити баробар муҳайё созад.
Ин омилҳо собит месозанд, ки барои идомаи муборизаи осоишта маҳз тафаккури баланди сиёсӣ, риояи фарҳанги мубоҳиса ва рақобат, коркарди технологияҳои ҷавобгӯ ба талаботи электорат, истифодаи дастовардҳои техникию технологии замони муосир, ба инобат гирифтани сегментатсияи дурусти электорат, нишон додани сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ, маҳорати кор бо омма ва донишу фарҳанги баланди ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Ба инобат гирифтан зарур аст, ки ҳар як марҳилаи баргузории интихоботҳо дорои хусусиятҳое мебошад. Вазъи сиёсӣ, сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, воқеияти иҷтимоию фарҳангӣ ва вазъи рӯзгори мардум омилҳои муҳиме мебошанд, ки ба рафти интихобот, ташкилу баргузории он таъсири бевосита расонида метавонанд. Онҳо омилҳои таъсиррасон ба рӯҳияи сиёсии мардум мебошанд. Бесабаб нест, ки дар бархе аз кишварҳои дунё дар арафаи интихоботҳо бо истифода аз технологияҳои гуногун, аз ҷумла, технологияҳои ифлоси сиёсӣ, ҷиҳати заиф нишон додани қувваи сиёсии дар сари қудратбуда муборизаҳои сиёсӣ авҷ гирифта, боис ба сар задани бетартибиҳои ҷамъиятӣ мегарданд.
Яке аз нишондиҳандаҳое, ки сатҳи камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро дар ин раванд таҷассум менамояд, рафтори сиёсии шаҳрвандон мебошад. Ҳар як интихобот имконияти сабақандӯзии таърихию сиёсӣ барои иштирокчиёни он аст. Шаҳрвандон дар интихобот ягона сарчашмаи ҳокимият ба шумор мераванд ва тақдири номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба иродаи онҳо вобаста мебошад. Шакли рафтори сиёсии интихобкунандагон ифодаи сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии дар ҷомеа ташаккулёфта ба шумор меравад. Назариячиён ду шакли рафтори сиёсиро ҷудо мекунанд, ки яке шакли фаъоли иштироки сиёсӣ ва дигаре нигилизми сиёсӣ буда, ифодакунандаи мавқеи ғайрифаъоли субъекти сиёсат вобаста ба иштироки ӯ дар равандҳои сиёсӣ мебошад. Шакли фаъоли иштироки сиёсӣ ифодакунандаи мавқеи нисбатан фаъоли субъекти сиёсат ҷиҳати ширкат варзидан дар ҳаёти сиёсии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Субъектоне, ки ба онҳо нигилизми сиёсӣ хос аст, нисбат ба равандҳо ва зуҳуроти сиёсӣ хушбин нестанд. Онҳо, умуман, ширкат дар равандҳои сиёсиро инкор мекунанд ва ё дар ҳолати ширкат намудан муқобили номзадҳо баромад менамоянд. Ин зуҳурот нишонаи он аст, ки онҳо дар эътирофи номзадҳо ва равандҳо мушкилӣ мекашанд ва моҳияти барномаҳои онҳоро дуруст дарк карда наметавонанд.
Ҷанбаи дигари муҳиме, ки ба камолоти ҳуқуқии шахс таъсири калон мерасонад, шинохти ҳуқуқу озодиҳо, уҳдадорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад, ки баҳри пешрафти ҷомеа ва давлат хеле муҳим аст. Раванди интихобот бори дигар мавқеи сиёсии шахсро нишон дода, собит месозад, ки маҳз ӯ қодир аст бо иштирок дар ташаккули мақомоти ҳокимият саҳм гузорад.
Ҳуқуқи интихоботӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ҳуқуқи конститутсионии шахс баромад намуда, кафолати таъмини эътирофи ӯ ҳамчун субъекти муҳим дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ мегардад. Аз ин нуктаи назар, татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ ба шумор рафта, сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва шаҳрвандии шахсро ифода менамояд. Дар мамлакат иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад, ки онро бояд бевосита, ихтиёрӣ ва озодона истифода барад.
Воқеияти сиёсии ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала нишон медиҳад, ки сатҳи баланди иштироки интихобкунандагон дар интихобот яке аз нишонаҳои шакли фаъоли рафтори сиёсии онҳо мебошад, ки хусусияти конвенсионалӣ дорад. Масалан, дар интихоботи парлумонии соли 1995 – 84 фоизи интихобкунандагон, соли 2000 — 93,4, 2005 – 93,2, 2010- 85,2 ва соли 2015 — 87,7 дарсад иштирок намуданд. Ин нишондиҳанда дар интихоботи парлумонии соли 2020-ум 86,4 фоизро ташкил дод. Яъне, нишондиҳандаи аз 84 то 93,4 дарсад ифодакунандаи сатҳи баланди иштироки мардум дар маъракаҳои сиёсии ҷомеа мебошад. Ин нишондиҳандаи камолоти сиёсию ҳуқуқии интихобкунандагон ва болоравии сатҳи масъулияти шаҳрвандии онҳо мебошад. Ба инобат гирифтан зарур аст, ки интихоботҳои парлумонӣ дар кишвар солҳои 1995 ва 2000 дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва барқароркунии ҳолати баъдиҷангӣ баргузор гардиданд. Маҳз дар чунин марҳилаи мушкил дастгирии фаъоли мардум тавассути иштирок дар интихобот ислоҳотҳоро қувваи қонунӣ бахшида, баҳри самаранок татбиқ гаштани онҳо мусоидат намуданд.
Шумораи интихобкунандагони ба муқобили номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 овоздода 58081 нафар ё 1,5 фоиз ва дар интихоботи соли 2020-ум 59 ҳазору 30 нафар ё 1,39 фоизро ташкил дод. Ин чунин маънӣ дорад, ки шахсони дорои нигилизми сиёсӣ дар ҳама давру замон ҳастанду боқӣ мемонанд. Яъне, як амри маъмулӣ дар ташаккули шакли рафтори сиёсии шаҳрвандон мебошад. Ҳамчунин, аз омор бармеояд, ки фоизи онҳо назар ба интихоботи соли 2015 кам шудааст. Ҳамин аст, ки интихобот на танҳо василаи ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, балки омили муҳими камолоти фарҳанги сиёсии ҷомеа низ маҳсуб меёбад.
Ҳар марҳилаи байни интихоботҳо фурсати муносиби вақт барои амалӣ намудани ҳадафҳои қувваҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Дар ин марҳила онҳо имкон доранд воқеияти иҷтимоии ҷомеаро омӯзанд, талаботу эҳтиёҷоти онро муайян намоянд, роҳу усули таъмини пешрафти минбаъдаи онро асоснок ба электорат пешниҳод кунанд. Аз ин нуқтаи назар, интихобот механизми камолоти қувваҳои сиёсӣ низ маҳсуб меёбад, ки баҳри такмили фаъолияти онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маълум аст, ки муборизаҳои сиёсӣ метавонанд шаклҳои осоишта ва ғайриосоишта дошта бошанд. Интихобот шакли осоиштаи муборизаҳои сиёсӣ ба шумор меравад ва риояи ҳатмии шакли муайяни фарҳанги сиёсиро тақозо менамояд. Зеро тавассути риояи меъёрҳои он сатҳи камолоти ҳизб ва ё дигар қувваи сиёсӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Фишороварӣ, таҳдид, тарс додан, ришва додан ба интихобкунанда ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандонро халалдор менамояд, ҳамчун амалҳои ғайриқонунӣ, истифодаи онҳо дар раванди интихобот нишонаи фарҳанги пасти сиёсӣ шинохта мешавад. Аз ин рӯ, принсипҳои умумии интихоботӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ мебошанд, тақозо менамоянд, ки озодӣ ва ихтиёрии интихоб барои ҳар як шаҳрванд таъмин карда шавад. Эҳтироми ҳуқуқи интихоботии шаҳрванд низ ҷузъи таркибии фарҳанги интихобот ба шумор меравад.
Масъалаи дигаре, ки камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии қувваҳои сиёсиро инъикос мекунад, шакли ташкили муборизаҳои сиёсӣ мебошад. Маълум аст, ки дар маъракаҳои интихобот истифодаи усули номақбул, аз қабили назарфиребии сиёсӣ, туҳмату буҳтон задан ба рақиби сиёсӣ, бадномкунӣ ва дигар усули манфии таъсиррасон ба чашм мерасад. Қувваҳои сиёсӣ онҳоро ҳамчун механизмҳои интихоботӣ истифода мебаранд, вале паҳлуи дигари масъала дар он аст, ки истифодаи ин усулҳо аз доираи ахлоқ берун мебошанд. Аз ҳамин сабаб онҳоро ҳамчун технологияҳои «сиёҳ» маънидод мекунанд.
Таҷрибаи интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2020 дар мамлакат нишон дод, ки ҳизбҳои сиёсии дар ин маърака иштироккунанда аз усули зикршуда даст кашидаанд ва муборизаи сиёсии онҳо дар доираи фарҳанг ва одоби баланди муошират сурат гирифт. Ин нуқтаро мушоҳидони байналмилалӣ низ махсус зикр карданд. Масалан, роҳбари Миссияи мушоҳидони ИДМ С. Лебедев иброз дошт, ки: «Дар интихоботҳои пешин интихобкунандагон нисбат ба номзадҳо он қадар серталаб набуданд, зеро ба шиорҳои популистии баъзе аз онҳо дода мешуданд, ки дар натиҷа беиҷро мемонданд. Ҳоло бошад, интихобкунанда интихоб мекунад, ки ба ҷонибдории кӣ овоз диҳад, номзад чӣ ваъда медиҳад ва дар барномаи пешазинтихоботии ӯ чӣ омадааст. Оё номзад метавонад онро иҷро намояд ва ё барномаи ӯ ноиҷро мемонад?! Ҷиҳати дигари фарқкунандаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон он аст, ки бе ҳангомасозии ифлос ва ҷанги бадномкуниҳо байни номзадҳо баргузор гашт».
Ин баҳодиҳӣ ба камолоти сиёсию ҳуқуқии ҳам интихобкунанда ва ҳам ҳизбҳои сиёсӣ буд, ки дар фосилаи байни интихоботҳо ба вуҷуд омад ва ба раванди умумии интихобот таъсир гузошт.
Ҷанбаи дигари муҳиме, ки камолоти ҳуқуқию сиёсии ҷомеаро инъикос менамояд, такмили қонугузории соҳаи интихобот мебошад. Он имкон медиҳад, ки дигаргуниҳои дар ҷомеа бавуҷудоянда дар қонунгузории интихобот низ таҷассум ёфта, барои шаффофу ошкоро гузаштан мусоидат намоянд. Масалан, вобаста ба такмили қонунгузории интихоботӣ дар мамлакат метавон зикр намуд, ки дар марҳилаи панҷсолаи байни интихоботи парлумонӣ ва ҳафтсолаи интихоботи президентӣ қонунгузории интихоботӣ ба таври назаррас такмил ёфта, он, пеш аз ҳама, ба Конститутсия ва талаботи ҷомеа мутобиқ карда шудааст. Ҳамчунин, таҷрибаи мавҷудаи мушоҳидаи интихобот ва пешниҳоди тавсияҳо низ ба инобат гирифта шуда, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории миллӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои воридгардида вобаста ба синну соли интихоб шудан, фаъолияти мақомоти ваколатдори баргузоркунандаи интихобот, тартиби иштироки мушоҳидони миллию байналмилалӣ, таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои муҳими қонунгузории интихоботӣ ҷиҳати демократию ошкоро баргузор намудани маъракаи интихобот мусоидат намуданд. Тағйирпазирии қонунгузории интихобот дар ҷумҳурӣ нишонаи он аст, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт пайваста такмил ёфта, механизмҳои муосири таъминкунандаи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар амал татбиқ шуда истодаанд.
Илова ба гуфтаҳои боло, зикр намудан зарур аст, ки маъракаи интихобот раванди иҷтимоишавии сиёсии шаҳрвандонро суръат мебахшад. Дар ин марҳила шаҳрвандон имкон доранд, ки симои воқеии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳоро шиносанд. Зеро раванди гуфтугӯю мулоқоти бевосита бо онҳо, инчунин, шиносоӣ ба барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, истифодаи шабакаҳои иттилоотии интернетӣ ва дигар имкониятҳои фазои маҷозӣ ҳаҷми зарурии маълумотро ба интихобкунанда пешкаш менамоянд. Шинохти ҳизби сиёсӣ ва ё номзад дар шароити мавҷудияти рақобат сурат мегирад.
Омили дигаре, ки ба камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа дар раванди интихобот мусоидат мекунад, таъминоти иттилоотии раванди интихобот мебошад. Иттилоот ҳамчун василаи муҳими ташаккулдиҳандаи фазои интихоботӣ ба шумор меравад ва бидуни он тасаввур кардани маъракаи интихобот номумкин аст. Зеро маҳз дар заминаи иттилооти бадастомада имконияти интихоб ба вуҷуд меояд. Аҳамияти ин омил дар замони ҷомеаи иттилоотӣ муҳим мебошад. Васеъшавии имкониятҳои иттилоотӣ, зиёдшавии манбаъҳои иттилоотӣ ва дастрасии осон ба онҳо имконият медиҳад, ки шахс иттилооти пурра ва даркориро дар бораи номзад ва ё ҳизби сиёсӣ дастрас намояд.
Ҳамин тариқ, таҳлили масъалаи нақши интихобот дар камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нишон медиҳад, ки воқеан ҳам интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа нақши назаррас дошта, василаи муҳими таъмини иҷтимоишавии сиёсии шахс, такмили муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятию сиёсӣ, камолоти сиёсию ҳуқуқии шахс ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Интихобот ҳамчун ченаки рушди фарҳанги сиёсии ҷомеа инъикоскунандаи маҷмӯи арзишҳо ва меъёрҳое мебошад, ки дар раванди рушди минбаъдаи давлат аҳамияти хос доранд. Такмили низоми мавҷудаи муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳз дар раванди интихобот имконияти тағйирпазирии осоиштаро пайдо мекунад. Ин бошад, фурсати муносиб барои ҷобаҷогузории қувваҳои сиёсӣ буда, низоми мавҷудаи сиёсӣ ва идоракуниро маъно ва моҳияти тоза мебахшад. Аз ҳамин сабаб интихоботро метавон ҳамчун василаи дохилии такмили низоми сиёсӣ арзёбӣ намуд, ки маҳз аз захираҳои дохилии давлат ва ҷомеа қувваи навро барои пешрафти минбаъдаи он пайдо ва сафарбар мекунад. Ташаккули низоми нави муносибат, пешниҳоди роҳҳои нави инкишоф, коркарди механизмҳои ҷадиди таъминкунандаи самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки тавассути интихобот ташаккул ёфтааст, маҳз натиҷаи интихобот буда, дар якҷоягӣ баҳри пешрафти ҷомеа таъсири муайян расонида метавонанд.
Махфират ХИДИРЗОДА, профессор