Намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ ба парламент роҳ ёфтанд

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

DSC_7334    5Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) дуюми марти соли равон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони халқ брифинг баргузор намуд, ки дар он намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ва нозирони байналмилалӣ иштирок доштанд.

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода изҳор дошт, ки интихобот дар фазои озод, шаффоф, демок­ратӣ ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид. Аз ин лиҳоз, КМИР ба мардуми шарифи Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар интихобот, ҳамчунин, ба ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, мушоҳидони байналмилаливу миллӣ, намояндагони ВАО ва ҳамаи онҳое, ки бо иштирокашон барои озодона, демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани интихобот мусоидат намуданд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

Ӯ гуфт, барои шарҳи ҷанбаҳои гуногуни раванди интихобот, бахусус, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, кормандони КМИР, коршиносон, сиёсатшиносон ва олимони таҷрибадори ҳуқуқшинос аз тариқи ВАО 508 матолиби иттилоотӣ пахш ва нашр намуданд. Аз ҷумла, тавассути шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», радиои «Тоҷикистон», нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», «Народная газета» оид ба қонунгузории интихобот мунтазам хабару мақолаҳо нашр ва шаҳрвандон доир ба раванди интихобот огоҳ карда шуданд.

Зикр гардид, ки дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ дар ҷумҳурӣ 176 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки се нафар номзадиашонро бозпас гирифтанд ва як қарори комис­сияи ҳавзаи интихобот, бинобар ба талаботи моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набудани номзади бақайдгирифташуда, аз ҷониби КМИР бекор гардид.

Бино ба қавли раиси КМИР, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 119 нафар шахси боэътимоди ҳизбҳои сиёсӣ ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот 576 нафар шахси боэътимоди номзадҳо номнавис гардиданд, ки шаҳодати шаффоф ва демократӣ сурат гирифтани интихобот аст.

- Гувоҳи дигари таъмини шаффоф ва ошкор ­гузаштани интихобот он аст, ки ҷараёни интихоботро нозирони байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, комиссияҳои интихоботии дигар давлатҳо ва сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иборат аз 236 нафар мушоҳида намуданд, — таъкид кард Б. Худоёрзода.

Дар раванди интихобот ба КМИР 15 муроҷиат ворид шуд, ки онҳо сари вақт баррасӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, аз 4 929 128 нафар интихобкунанда дар интихобот 4245951 нафар иштирок карданд, ки 86, 4 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.

- Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, Ҳизби демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд, — гуфт раиси КМИР ва афзуд: — Шумораи овозҳои муқобили рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ додашуда 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39 фоизро ташкил медиҳад.

Бахтиёр Худоёрзода иброз дошт, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд: ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5% ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб гардиданд:

Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 16,50% чор мандати вакилӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо 5,10% як мандати вакилӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% чор мандати вакилӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 % як мандати вакилӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо 50,40% дувоздаҳ мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Қайд гардид, ки 41 нафар номзадҳои зерин, ки ба тарафдории онҳо зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагон дар ҳавзаҳои якмандатӣ овоз доданд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд:

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ, №1 — Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин

Аз ҳавзаи интихоботии ҳудудии якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ, №2 — Меликова Парвина Иноя­туллоевна

Аз ҳавзаи интихоботии ҳудудии якмандатии интихоботии Шоҳмансур, №3 — Обидов Фозил

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сино, №4 — Шоҳмурод Рустам

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Турсунзода, №5 — Холмаҳмадзода Солеҳа

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Шаҳринав, №6 — Баротзода Файзулло

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҳисор, №7 — Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сомонӣ, №8 — Юсуфӣ Муҳаммадраҳим

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ, №9 — Усмонзода Хайриддин Усмон

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ваҳдат, №10 — Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Файзобод, №11 — Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12 — Зокирзода Муҳаммадтоҳир Зоир

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд, №13 — Назирӣ Гулбаҳор Назир

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 — Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ӯрунхоҷаев, №15 — Ахмедов Мирзоанвар

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаб­бор Расулов, №16 — Акрамзода Баҳодур Исмоил

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ашт, №17 — Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мастчоҳ, №18 — Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Конибодом, №19 — Раҷабзода Равшан Муҳиддин

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Исфара, №20 — Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Панҷакент, №21 — Шодизода Парвиз Шодибой

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 — Шарифзода Ғиёсиддин

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Истаравшан, №23 — Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич, №24 — Исмоилзода Зуфар Муртазохон

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Спитамен, №25 — Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Бохтар, №26 — Маҷидова Сарвиноз Комиловна

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён, №27 — Шодиён Муҳаммад Султонзода

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ, №28 — Ашӯрзода Гулбаҳор Сангило

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ёвон, №29 — Азимзода Толибхон Ситамурод

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ, №30 — Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Қубодиён, №31 — Файзуллозода Зафар Хайрулло

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш, №32 — Сафарзода Бахтовар Амиралӣ

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷайҳун, №33 — Шарофзода Гавҳар

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фархор, №34 — Раҳмонзода Зоҳир Файзалӣ

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, №35 — Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара, №36 — Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯлоб, №37 — Ҳакимзода Шариф Саидович

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мӯъминобод, №38 — Абдуллоев Мироҷ Саломович

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Восеъ, №39 — Латифзода Рустам Барот

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ванҷ, №40 — Қодири Қосим

Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хоруғ, №41 — Гиёзода Азиз Қодир.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкатварзида аз рӯйхати номзадҳо ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, дар маҷмӯъ, намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.

М. УСМОН, «Садои мардум»