Тасмими Баҳром Исмоилзода дар робита ба пешниҳоди номзадиаш аз омилҳои мазкур маншаъ гирифтааст
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода аз ҳавзаи интихоботии №39 аз Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст. Ӯ ба сифати узви фаъоли ҳизб, ки роҳбараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, бо иродаи шикастнопазир ба сабқат ворид шуда, аҳдофи мушаххас дорад.
Аснои суҳбат гуфт, ки дар раванди таҳияи барномаи пешазинтихоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба он зоҳир гардид, ки мақсадҳои дар он муайяншуда бояд воқеӣ, амалишаванда бошанд.
Номзадии ӯ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба он назар аст, ки айни замон барои амалӣ намудани корҳое, ки ба нафъи миллату Ватан нигаронида шудаанд, шароит фароҳам аст. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки «танҳо ташаббускор будан лозим аст ва Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст бояд дошт».
Дар сурати пирӯз шудан вай, пеш аз ҳама, баҳри роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои манфии бегона, ҳимояи манфиатҳои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризму экстремизм кӯшиш менамояд. Бо хулоса аз фаъолияти Баҳром Исмоилзода дар вазифаҳои гуногун метавон мутмаин буд, ки минҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷавонон низ ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ хоҳад кард.
Устувор гардонидани пояҳои моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳими аъзои ҲХДТ муайян шудааст. Аз ин рӯ, Баҳром Исмоилзода минбаъд низ дар доираи имконият ва ваколат беш аз пеш беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои зикршударо меҳвар қарор дода, баҳри бетаъхир бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ҷаҳду талош хоҳад кард.
Далели бебаҳс аст, ки маҳз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат эътироф ва интихоб гардидани ин бахши муҳим замина фароҳам овардааст, ки рушди бемайлони он таъмин гардад. Муҳим он аст, ки дар заминаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат маблағгузории соҳа низ тамоюли афзоишро касб намудааст.
Дар робита ба ин, Баҳром Исмоилзода як силсила корро ба нақша гирифтааст, ки моҳиятан идомаи мантиқии ибтикори дар боло зикршуда маҳсуб мешавад. Муътақид аст, ки дар соҳаи маориф омӯзгор нақши асосӣ дорад ва то чӣ андоза муваффақ гардидан ба таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани сатҳи саводи шогирдон маҳз аз дониш, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобаста аст. Ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан, аз як тараф, ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаро ба соҳа таҳрик бахшидан, аз тарафи дигар, саҳми онҳоро дар тарбияи насли нав дучанд мекунад.
Ҳамсуҳбатам бо сароҳат иброз намуд, ки бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, ҳамаи имкониятро истифода бурда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои он барои 5 соли оянда неруи худро равона месозад.
Илова бар ин, Баҳром Исмоилзода азми қавӣ дорад, ки робитаро бо воситаҳои ахбори омма тақвият бахшида, аз ин минбари баланд баҳри ба шаҳрвандон расонидани моҳият ва аҳамияти иқдомҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардида, қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдоришуда самаранок истифода намояд.
Ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намудан хеле муҳим аст, зеро вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки ба зиммаи аксарашон вазифаҳои пурмасъулият вогузор аст, имкон доранд, ки аҳамияту мазмуни корҳои амалигардида ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ содаву фаҳмо шарҳ диҳанд. Бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо муқовимат бо таҳдидҳои муосир дар соҳаи иттилоот низ мадди назар хоҳад буд.
Ба андешаи муддаии курсии вакилӣ, бо хулоса аз дархости интихобкунандагон такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳо муфид аст.
Дар маҷмӯъ, тасмиму нақшаҳои Баҳром Исмоилзода аз нияти нек маншаъ гирифта, баҳри татбиқашон азми қавӣ дорад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»