Низоми интихобот падидаи муҳими демократист

№26 (4132) 27.02.2020

Низоми интихобот падидаи муҳими демократия ва маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меояд. Ба воситаи интихобот вазифаву мансабҳои олии давлатӣ дар мақомоти намояндагии ҳокимият ва идораи давлатӣ ишғол карда мешаванд. Масалан, ба воситаи интихобот, бевосита яке аз палатаҳои Маҷлиси Олӣ — Маҷлиси намояндагон ва Президенти ҷумҳурӣ интихоб мешаванд.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби вакилони Маҷлиси миллӣ 27-уми марти соли 2020 баргузор мегардад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва боқимонда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб хоҳанд шуд. Агар ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (масалан, президент, парламент, ҳукумат, низоми судӣ) бо истифода аз сохторҳои демократӣ, яъне бо усулҳои интихобот, раъйпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра асос ёфта бошад, пас, хулоса кардан мумкин аст, ки дар он давлат режими сиёсии демократӣ амал мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Ҳокимияти давлатӣ бояд мувофиқи иродаи воқеии халқ ташкил ва ба манфиати халқ нигаронида шавад. Ба маънои умум, демократия пурра ҳокимиятии халқро ифода мекунад. Яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандонро ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ташкил медиҳад. Аз ин хотир, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон қайд карда буданд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.

Б. МУДДИНОВ, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи ба номи Билол дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе