Чордаҳуми октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нақшаи вохӯриҳои якҷояи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагонро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқ намуд. Зикр гардид, ки бо қадри имкон дар ҳама шаҳру ноҳияҳое, ки шумораи зиёди интихобкунандагон доранд, чунин вохӯриҳо ташкил карда шаванд.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзад ба мансаби Президент ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чӣ дар маҷлисҳо ва чӣ дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронад.
Ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шуд, ки аз имкониятҳои пешбиникардаи қонун истифода карда, таври алоҳида дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон баргузор намоянд.
Дар ин раванд мутобиқи қисми 1 моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмонида додани нуктаҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо корҳои ташвиқотию тарғиботиро миёни аҳолӣ ба роҳ монанд.
Дар баробари ин ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тавсия намуд, ки дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 4 сентябри соли ҷорӣ «Дар бораи тасдиқи тартиби истифодаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ» тавассути телевизион, радио ва матбуоти давлатӣ барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳоро муаррифӣ намоянд.
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шакл ва матни бюллетенҳои интихоботиро тасдиқ намуд. Дар бюллетен бо тартиби алифбо рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президент бо зикри фамилия, ном, насаб, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа ва ҷойи кор дохил карда шудааст.
Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз даҳ рӯз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап мезананд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ тайёр карда мешавад. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо санад месупоранд.
Бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот расонида мешаванд. Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, муҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»