Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ҳавзаи якмандатаи вилояти Хатлон имрӯзҳо идома дорад.
Чанде пеш бахшҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навоҳии Вахш, Бохтар ва Ҷалолиддини Румӣ дар конференсияи якҷояи худ номзадии Сафаров Бахтовар Амиралиевич – муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Вахш №32 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувон бошанд, Алихон Худоёров — муовини директори Корхонаи коркарди пахтаи ба номи «Неъмат»-и ноҳияи Восеъро ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Восеъ №39 пешбарӣ карданд.
Ҳамчунин аз ҷониби бахшҳои ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 Анвар Тағоймуродов — сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар №27 Тоҳир Ҷобирзода- муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ёвон №29 Толибхон Азимзода — прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Румӣ №30 Ҳокимҷон Холиқов — директори Департаменти БДАТ «Амонатбонк», аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён №31 Садриддинов Бадриддин Талбакович — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қумсангир №33 Сабуров Мирзодавлат — сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фархор №34 Шарифов Сафаралӣ Мусоевич — раиси Ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Данғара №36 Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Муъминобод №38 Маҷидхоҷа Ҷӯрахон Зоир — сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.
Аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошад, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯлоб №37 Саидиброҳими Назар, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қумсангир №33 Маҳмудҷон Файзраҳмонов, аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фархор №34 Юнусов Зайниддин Ҳасанович — духтури кумаки аввалияи тиббии ноҳияи Фархор ҳамчун номзад ба вакилии парлумони касбӣ пешбарӣ шуданд.
Аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фархор №34 Азаматов Нуриддин Пӯлодович — сармутахассиси Идораи кишоварзии ноҳияи Фархор ба вакилии парлумони касбии мамлакат ҳамчун номзад пешбарӣ гардид.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
***
Дар конференсияи якҷояи бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ, Зафаробод дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Спитамен №25 номзадии Аҳмадҷон Қобилов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар конференсияи мазкур номзадии Аҳмадҷон Қобиловро ҳамаи вакилон якдилона ҷонибдорӣ намуда, боварӣ изҳор карданд, ки таҷрибаи бои амалии мавсуф зимни таҳия ва такмили қонунҳои соҳаи кишоварзӣ муфид хоҳад буд.
Аҳмадҷон Қобилов аз соли 2005, аз давраи таъсисёбии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, аъзои фаъоли он буда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва бахшҳои дигари иқтисодию кишоварзӣ кор кардааст. Ӯ аз давраи аввали таъсиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон раиси бахши он дар ноҳияи Спитамен буд. Вақтҳои охир дар мансабҳои сардори Раёсати кишоварзӣ, муовини раиси ноҳия, баъдан раиси ноҳияи Спитамен кор кардааст. Айни ҳол муовини раиси вилояти Суғд буда, сарпарастии соҳаи кишоварзиро ба уҳда дорад.
Дар ин бора аз маркази матбуотии Ҳизби аграрии Тоҷикистон хабар доданд.