Номзадҳо пешбарӣ шуданд

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Конференсияи якҷояи бахшҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзадии мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаббатшоҳ Рӯзадорро аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ванҷ № 40 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Ҳамчунин дар конференсияи якҷояи бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, деҳоти «Ванқалъа»-и ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамшо Фелалиевро аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Хоруғ №41 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ карданд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»

***

Дар шаҳри Кӯлоб конференсияи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуда, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Азиз Раҳмонзодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 номзад пешниҳод кард.

***

Дар ноҳияи Ғончӣ конференсияи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан  доир гардид. Раиси ноҳияи Ғончӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ғончӣ №24 номзад пешбарӣ шуд.

***

Дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсияи XIII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Суфиев Хайрулло Савзаалиевичро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сомонӣ №8 пешниҳод намуд.

***

Конференсияи якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархору Панҷ раиси Ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор Шарипов Сафаралӣ Мусоевичро аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор  №34 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

***

Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҷабов Равшан Муҳитдиновичро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Конибодом №19 пешбарӣ намуд.

***

Дар ноҳияи Файзобод конференсияи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Ваҳдат, Роғун ва Файзобод доир гардид.

Вакилони конференсия вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Файзобод №11 номзад пешбарӣ карданд.

А. МУРОДОВ, «Садои мардум»