Ҳафтаи гузашта аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд дар толори китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирии номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳкум намудани фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҷамъомад доир намуданд, ки дар он адибон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа ширкат карданд.
Раиси «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд Илҳом Юсуфов, узви Ҷамъияти дӯстӣ Нодирҷон Солиҷонов, шоир ва рӯзноманигор Султонмурод Ҳоҷибоев, фаъолони марказ — шоири ӯзбекзабон Ҷамшед Пиримов, собиқадори хизмати давлатӣ Олимҷон Ҷоробоев ва дигарон баромад намуда, хизматҳои шоистаи фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу амният дар мамлакат ёдовар шуданд ва изҳор доштанд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандатарини арзандаҳост ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Ҳамчунин, амалҳои ифротии аъзои ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом маҳкум карда шуд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»