Гашти аспгуна
Неруҳои ба истилоҳ мухолиф, ки то интихоботи имрӯза тӯли ҳафт сол барои ба сари қудрат омадан омодагӣ мегирифтанд, дар лаҳзаи охирини тақдирсоз ақибнишинӣ намуданд. Ё вонамуд карданианд, ки ақиб гаштаанд. Заъфи сиёсии худро онҳо ҳанӯз дар оғози маъракаи интихоботӣ нишон дода буданд. Қаблан мухолифин ба умеди якдигар муддати дарозе натавонистанд номзади ягонаи худро муайян созанд. Дар натиҷа, ғайричашмдошти қисмати электорати ба онҳо умедбаста, зери домани зани начандон маъруф дар кишвар О.Бобоназарова, ки иштирокчии ғайриихтиёри бозиҳои сиёсии исломиёни тоҷик гардидааст, панаҳ бурданд.
Ҷонибдорони мухолифин, ки иқдоми қатъию фаъолро интизор буданд, ба тасмими мазкур сарфаҳм нарафтанд, зеро номзадии О.Бобоназарова – варианти қаблан бохташуда дар интихобот маҳсуб мешуд. Бо вуҷуди ҳама майлу изҳороташ дар хусуси «роҳбарии беҳтар аз Эмомали Раҳмон», ин зан пешвои сатҳи ҷумҳуриявӣ шуда наметавонист. Зеро дар шахсияташ тамоми камбуду заминаҳои шикаст, аз қабили муносибати беэҳтиётонаи анъанавиаш нисбат ба занҳои озодшудаи шарқи мусулмонӣ, маъруф ва шинос набудан барои қисмати асосии аҳолӣ, роҳбарии филиали Фонди Сорос (сарпарасти асосии инқилобҳои ранга) дар Тоҷикистон (муддати даҳ сол), шабеҳият додани ӯ бо Р.Отунбаева ва Қирғизистони аз лиҳози сиёсӣ ноором, робитаи ӯро бадномкунанда бо тарғиботчии асили терроризм Ҳ.А.Тӯраҷонзода.
Тотуяки бадном
Барои раъйдиҳандагони қудратманд номзадии О.Бобоназарова ҳамчун дастпарвару идомадиҳандаи кори С.А.Нурӣ намоиш дода мешавад, зеро замоне номбурда ӯро ба зинаҳои баланди мансаб пешниҳод карда буд. Обруйи ин хонумро ходими динӣ Ҳ.А. Тӯраҷонзода бо дастгирии беҷои фаъолонаи худ расво кард, зеро мардум ҳатто дӯсти душманашонро душмани худ меҳисобанд. Ин робитаи нодуруст боиси он гашт, ки О.Бобоназарова тамоми электорати русзабонро, ки шиносу хешовандонашонро дар солҳои 90-ум гурӯҳҳои исломгаро бо шиорҳои «кофиронро бизан!», аз маҳалли сукунаташон пеш карда буданд, аз даст диҳад. Намояндагони диаспораи русзабонҳо, иттиҳодияҳои миллии Тоҷикистон бо як овоз пуштибонии худро аз Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карданд.
Дар Тоҷикистони дунявӣ муносибат бо исломиҳо эҳтиёткорона аст. На танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки аз ҳофизаи шаҳрвандони оддӣ ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ҳанӯз зудуда нашудааст. Тӯли 20 соли истиқлолияти кишвар исломиҳо натавонистанд нуфузи худро барқарор карда, бегуноҳиашонро собит созанд.
Ҳ.А.Тӯраҷонзода, ки имрӯз О.Бобоназароваро таблиғ мекунад, идеологи асосии он ҳаводиси хунин буд. Ташаббускор ва роҳбари бевоситаи куштори даҳшатноки ходимони намоёни сиёсӣ, намояндагони илму фарҳанг (Н. Ҳувайдуллоев, Б.Исҳоқӣ, М.Ғуломов, М.Осимӣ, М.Назаршоев) буд. Далели мазкур зиёиён, аҳли илму эҷодро аз ҷонибдории О. Бобоназарова боздошт.
Ҳ.А.Тӯраҷонзода тарафдори бо роҳи радикалӣ амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ мебошад. Бо бештари аъзои созмонҳои байналмилалии экстремистӣ ва террористӣ, дастаҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ иртибот дошт ва дорад. Терроризм қисми таркибии фаъолияти Ҳ.А.Тӯраҷонзода дар мубориза бар зидди сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Чӣ дар замони муқовиматҳои шаҳрвандӣ, чӣ дар замони ҳозира ӯ зуд-зуд ба ин тарзи озмудашудаи фишори сиёсӣ рӯй меоварад. Бинобар ин, ҳангоми дар интихоботи президентӣ ба даст оварда натавонистани натиҷаи дилхоҳ барои исломиён, мумкин аст фитна, бесарусомонӣ, бетартибии иҷтимоӣ ва ҳатто сӯйиқасдҳо ташкил карда шаванд. Бояд ба ин кор ҳокимият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва нозирони байналмилалӣ омода бошанд.
Қабл аз оғози имзоҷамъкунӣ ба номзадии О.Бобоназарова аз ҷониби исломиёни тоҷик (ҲНИТ), ҳамтоёни онҳо – «исломиёни дигар» зарар оварданд. Аъзои созмони динӣ-экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз Ҳукумати Тоҷикистон бо дуруштии том талаб намуданд, ки аз тасдиқ кардани Қарордоди байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201 даст кашанд. Ҳамзамон шаш нафар террористон саъй доштанд, ки дар вақти омодагирии қабл аз интихоботӣ сӯйиқасдҳо анҷом диҳанд. Ин далелҳо боиси он гаштанд, ки исломиҳо ҳатто барои номзади ягонаашон миқдори 210 ҳазор имзои таъиншударо ҷамъ оварда натавонистанд. Акнун аз ин вазъият бо нияти бад истифода бурдан аллакай оғоз шуд. О.Бобоназарова ҳокимиятро гунаҳкор донистааст, ки гӯё барояш монеаҳо эҷод карданд, то натавонад марҳилаи имзоҷамъкуниро гузарад. Вале паҳлуҳои заифи худ — маъруф набудан, «менеҷменти» ғайриҳирфаӣ ва пиармаъракаҳои корношоями худу иттифоқчиёнашро намебинад. Акнун изҳори даъвоҳо оғоз шуд. Ҳукумат, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бояд омода бошанд, шояд «аспаки пушти парда» баъди аз марҳилаи аввал (ҷамъоварии имзо) нагузаштан, якбора қӯшлагад партояд.
Дар масъалаи пешвои ҲНИТ -М.Кабирӣ бошад, бояд иқрор шуд, ки ӯ ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба вазъиятро дуруст баҳогузорӣ карда, «ба хотири оромӣ, сулҳу некуаҳволии миллат» худро ақиб кашид. Вале ин мавқеъро барои чанд муддат касб кардаву дар ин бозии сиёсӣ чӣ нақшеро мебозад, баъдтар аён хоҳад шуд, зеро худи М.Кабирӣ пинҳон намекунад, ки: «Шояд мо дар интихобот пирӯз нашавем, вале ин имкониятро истифода мебарем, то аз худ дарак диҳем».
Пешсаф — Фаворит
Пешсафи бешубҳаи маъракаи пешазинтихоботӣ Президенти имрӯзаи давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз таҳлилгарон, коршиносону шарқшиносон, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз бист сол зиндагӣ кардаанд, инро эътироф мекунанд. Ҳатто рақибони сиёсии ӯ маҷбуранд ин далели раднашавандаро эътироф намоянд. Симои ҳамвазни Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи сиёсии Тоҷикистон имрӯз пайдо кардан ғайриимкон аст. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Президенти амалкунанда худро ҳамчун пешвои миллат ва ифодакунандаи сазовори кишвару миллати худ нишон додааст. Ҷамъоварии миқдори лозимии имзо барои дастгирии Президенти амалкунанда меҳнати зиёдеро талаб накард, зеро аъзои ҲХДТ, ки роҳбариашонро бар уҳда дорад, аз 230 ҳазор нафар иборатанд.
Баъди ҳалли масоили низомӣ бо шарики стратегии худ – Россия, ки ба Эмомалӣ Раҳмон 101 фоиз эътимод дорад (тӯли даҳсолаҳои ҳамкорӣ бо ҳам онҳо ба ҷузъиёти як механизми корӣ мубаддал гаштаанд ва ҳамдигарро комилан аз ёд медонанд), Президенти Тоҷикистон дар як вақт таҳдидҳои террористии берунаро хунсо намуда, ҳамзамон ҳар ҳафта ифтитоҳ ва баҳрабардории даҳҳо иншооти нави иқтисодӣ ва иҷтимоии дохили кишварро таъмин мекунад. Нақшаҳои зиёде то кунун татбиқ нашудаанд, баъзе аз онҳо аллакай оғоз гардидаанд. Ин ангезаи иловагиест, ки бояд Эмомалӣ Раҳмонро боз 7 соли дигар дар сари қудрат нигоҳ дорад. Ин омил сабаби асосӣ барои мардум хоҳад буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар идораи давлат барои муҳлати дигар нигоҳ доранд. Бахусус, вақте ки се вазифаи асосии стратегии аз ҷониби Президент пешгирифта ба марҳилаи анҷоми худ нарасидаанд. Мошинолот ба кор даромадааст ва онро боздоштан мумкин нест. Бори бар дӯш бардоштаро дар нимароҳ партофтан нашояд. Маҳол аст, ки каси дигаре пайдо шаваду онро то ба манзили умед расонад.
Тамоми дастовардҳо, иншоотҳои тӯли солҳои истиқлолият дар харобазори иқтисодиёти меросмонда биношударо номбар кардан мушкил аст. Дар солҳои гузашта зиёда аз 100 муассисаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҳамасола сохтмони даҳҳо биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ амалӣ карда мешаванд. Ба дастовардҳои бузурги асосии солҳои охир таваққуф мекунем: омодагии фаъол ба сохтмони НБО-и «Роғун», «Сангтӯда -2», НБО-и хурди «Тутак» дар ноҳияи Рашт, Корхонаи нави истеҳсоли семент ҶДММ «Хуаксин — Ғаюр — Семент» дар ноҳияи Ёвон, азнавсозии ҶСК «Тоҷиксемент», дастгоҳи гармидиҳии барқӣ дар шаҳри Душанбе ва маҳаллаи «Шӯроб»-и ноҳияи Исфара, коркарди захираҳои бузурги карбогидриди «Сариқамиш». Дар даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ бо мақсади баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ 23 лоиҳаи давлатӣ роҳандозӣ карда шудааст, ки маблағи умумии он 3,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад, як ҳазору 650 километр роҳ, 109 пул, 27 километр тоннел сохта шудааст, аз ҷумла роҳҳои Мурғоб- Қулма – сарҳади Хитой, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон, Душанбе –Чанок – сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон. Татбиқи 11 лоиҳаи нақлиётии сармоягузорӣ бо маблағи 5,5 млрд. сомонӣ идома дорад. Лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани «Россия-Қазоқистон – Қирғизистон – Тоҷикистон», «Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон» дар ҳоли коркард қарор дорад. Сохтмони майдони ҳавоии байналмилалӣ дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки айни замон номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Президенти кишвар бидуни алтернатива мебошад. Дар солҳои охир дар ҳеҷ як аз ҳизбҳои сиёсӣ пешвои дигаре ҳамвазни ӯ ба майдон наомадааст, ки қодир бошад оммаи халқро аз ақиби худ бибарад.
Нақшаҳову мақсадҳои мухолифини тоҷик давиданро даруни ҳалқаи сарбаста мемонад ва ба ин васила гумон аст, ки ягон вақт онҳо ба марра расанд.
Алексей Герасимов, ходими калони илмии шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ