Нозирони байналмилалӣ ба қайд гирифта шуданд

№135 (3120) 24.10.2013

Бисту дуюми октябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нахуст масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баррасӣ гардид. Дар марҳилаи ҳассос ва мураккаби ҷаҳони имрӯза шаффоф, озодона ва ба таври демократӣ, дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ ва мутобиқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ  баргузор шудани интихоботи Президент барои эътибори давлати мо ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, барои назорати омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба кишвари мо меоянд.

Иштироки нозирони байналмилалӣ аз ИДМ дар асоси риояи муқаррароти ҳуҷҷатҳои ИДМ оид ба интихобот сурат гирифта, барои таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ИДМ аҳамияти бузургро молик  аст.

Баъдан, масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  мавриди муҳокима қарор гирифт. Оид ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бо мақсади ҳар чӣ бештар дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд,  бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса ва Давлати Қувайт низ участкаҳои интихоботӣ таъсис дода мешаванд.

Дар ҷаласа оид ба ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаробод №38 ва ба қайд гирифтани О. Салимзода ба сифати шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдор қабул гардид.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»