Рӯзи 7-уми ноябри соли 2013 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар оид ба натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти мазкур Сергей Лебедев, ки ба ҳайси роҳбари гурӯҳи мушоҳидачиёни ИДМ ба Душанбе омада буд, доир ба натиҷа ва ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард.
С. Лебедев ба рафти баргузории маъракаи интихоботӣ баҳои мусбат дода, зикр намуд, ки ин маъракаи сиёсӣ дар фазои озод ва демократӣ, бо ширкати номзадҳои алтернативӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ва бо омодагии хос сурат гирифт. Роҳбари гурӯҳи мушоҳидачиёни ИДМ иброз дошт, ки ин маъракаи сиёсӣ дар муқоиса ба интихоботҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси қонунҳои мавҷуда баргузор гардида, дар он интихобкунандагон ба таври фаъол ширкат намуданд.
-Раванди баргузории интихоботро ҳайати нозирони ИДМ дар тамоми навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карданд ва шахсан ман дар шаҳри Душанбе аз 8 участкаи интихоботӣ дидан кардам, — гуфт дар идомаи суханаш С. Лебедев.
Дар нишаст зикр гардид, ки гурӯҳи нозирон дар ҷараёни овоздиҳӣ ҳолатҳои қонуншиканиро, ки метавонист ба натиҷаи раъйдиҳӣ таъсир расонад, мушоҳида накарданд, ба истиснои чанд маврид, ки он ҳам бештар ҷанбаи техникӣ дошту дарҳол пешгирӣ шуд.
- Масалан, дар ҷараёни овоздиҳӣ дар бархе аз участкаҳои интихоботӣ мушоҳида шудааст, ки интихобкунандагони ҷавон ҳамроҳи рафиқашон, яъне дунафарӣ вориди утоқи раъйдиҳӣ мешуданд, — иброз дошт С. Лебедев.
Мавсуф дар идома афзуд, ки фаъолияти нозирон мустақилона ва бо эҳтиром ба қонунгузории интихоботии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 500 нафар нозири байналмилалӣ, беш аз шаш ҳазор нафар нозири миллӣ ва беш аз 100 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ мушоҳида кардаанд. Инчунин 159 нафар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз 10 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) - Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Украина дар рӯзи интихобот ширкат варзиданд.
Аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо — 183 нафар, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ — 35 нафар ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо — 48 нафар дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок доштанд.
Ҳамзамон раванди баргузории интихоботи президентиро дар Тоҷикистон нуҳ нафар нозир аз Парлумони Аврупо, ҳашт нафар аз Созмони Ҳамкории Шанхай, 33 нафар нозирони байналмилалӣ аз Амрико, ҳашт нафарӣ аз Хитой ва Британияи Кабиру Япония, инчунин ду нафар аз Арманистон ва як нафар аз Франсия мушоҳида карданд.
Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»