Фаъол шудани қувваҳои пешбарандаи раванди пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар бархе аз ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолгашта боиси кашмакашу «инқилоб» — ҳо шуд. Ин наҳс ба мардуми дар дунё бо меҳру инсонӣ номбаровардаи тоҷик низ таъсир гузошт ва мансабталошҳои «тезпазак» аз феврали соли 1990 занону мардонро ба майдонҳо кашиданд, ки оқибат миллатро ба ҷангу хунрезӣ овард.
Августи соли 1992 Иҷлосияи XV Шӯрои Олӣ таклифи Президенти мамлакат Раҳмон Набиевро пазируфта, намояндагони мухолифро ба Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид кард ва мо — вакилони мардумӣ, бо умеди он ки ҷанг пешгирӣ шавад, ба маҳалҳо рафтем. Аммо ба ҷои оромӣ, баръакс ҷанг авҷ гирифт. Сабаб он буд, ки аъзои пешини Ҳукумат кори қолабиву карахтшударо идома медоду аъзои «нав» аз ҳад зиёд худро фаъол нишон дода, барои аз «бозӣ» баровардани қаблиҳо мубориза мебурданд.
Дар бораи ҷанг чизе намегӯем, зеро он мавзӯи дигар аст, вале қайд кардан зарур аст, ки қувваҳое пайдо шуданд ба ҳар ду ҷониб аз рӯи мавқеъ якхела муносибат мекарданд, яъне ҷонибе агар ғолиб меомад, ҷониби муқобилро ёрмандӣ мекард ва баръакс. Дар натиҷа, маҳалҳо, хусусан шаҳри Қӯрғонтеппа, тез — тез аз даст ба даст мегузашт. Агар ин дер давом мекард, ба фикрам, оҳиста-оҳиста кишвар чун Афғонистон ба майдони ҷанг табдил меёфт. Ҳукумати вақт манфиатдори даъват кардани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ набуд ё силоҳбадастон намегузоштанд.
Қувваҳои гуногуни сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат роҳҳои ғайриконститутсиониро низ истифода карда, намоишҳои тӯлонӣ ва ноустуворкунандаи авзои сиёсӣ, инчунин тезутунд кардани муносибатро дар ҷомеа ташкил карданд ва дар натиҷа, ҳукумати иҷроия бо мақомоти қудратӣ фалаҷ гардид. Ду мақомоти бонуфузе, ки барои бехатариву амнияти давлату мардум умре аз ҳисоби давлат мехӯрданду мепӯшиданду бологузар буданд, дар вақти зарурӣ, яъне ноамнии мардуму хатари давлат худро бетараф эълон намуданд, ки ин мусибат буд.
Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ба он оварда расонд, ки Президент Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод. Раиси Шӯрои Олӣ Р. Набиев ҳангоми маъракаиинтихоботии президентӣ маҷбур шуд ваколати худро боздорад. Аммо баъди Президент интихоб шудан зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфо навишта, бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олиро иҷрокунандаи вазифаи Президент таъин карданд, ки хилофи конститутсияҳои кишварҳои мутамаддин ва Конститутсияи ҳамонвақта ва имрӯзаи Тоҷикистон буду ҳаст. Акнун бе дар даст доштани фишангҳои асосии давлатдорӣ, ки ишора кардем, охирин умеди аксарияти мардум ба Парлумон нигаронида шуд. Хушбахтона, боварии онҳо ҷомаи амал пӯшид. Вакилони Шӯрои Олӣ, аз як тараф бо тақозои виҷдон, бо дарки масъулият баҳри ба эътидол овардани вазъият ва аз ҷониби дигар, қисме махсус барои тезутунд кардани вазъи сиёсии кишвару расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ барои гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ зуд — зуд ҷамъ меомаданд.
Дар ҷомеа, бахусус дар Парлумон ва Ҳукумат, се гурӯҳ ба вуҷуд омад. Гурӯҳи аввал, онҳое, ки тарафдори Ҳукумат буданд. Дуюм, онҳое, ки бо такя ба қувваҳои беруна мехостанд ҳокимиятро ба даст оранд ва дар ин роҳ аз зӯроварӣ низ даст намекашиданд. Сеюм, гурӯҳе, ки мавқеи бетарафиро ишғол мекард. Яъне шавад обӣ, нашавад лалмӣ. Вакилоне, ки Ҳукумати қонуниро тарафдорӣ мекарданд, бештар буданд.
Пайи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олӣ – Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров ва рӯз то рӯз ба муборизаи ошкорову таҳдидкунанда гузаштани неруҳои мухолиф хавфи нооромиҳои дохилиро бештар намуд. Бо роҳи фишор ба Парлумон ва Ҳукумати иҷроия ва бадтар аз ҳама, оғози гаравгонгирии аъзои Ҳукумату вакилони Шӯрои Олӣ, бесуботии вазъи сиёсӣ дар кишвар, махсусан пойтахт ва эҳсоси тарсу ваҳмро афзуд.
Ҳамин тариқ, соли 1992 дар бинои Шӯрои Олӣ ба қатл расондани сардабири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шӯрои Олӣ Муродулло Шералиев, дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) тирборон намудани одамони бесилоҳи аз Кӯлоб ба Душанбе меомада, ноҷавонмардона куштани прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, гаравгонгирии вакилону аъзои Ҳукумат, ҳуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ барои ишғол ва саркӯб шудани ҳуҷумкунандагон дар он ҷо, замина барои оғози ҷанги доманадор дар Тоҷикистон шуданд.
Дар авҷи он ҳама кашмакашу даргирии хунин, барои ба ҳам овардани тарафҳо баргузории иҷлосияи созиш ва ё анҷумани мусолиҳатомез ногузир буд, вале маҳалли баргузории он бо дарназардошти даргириҳои марказ ва нооромиҳои дигар манотиқи атроф, дар пойтахт номумкин буд.
Албатта, ҳар иқдоме, ки ба вуҷуд меояд, мақсади махсусро дорад. Ба даст овардани Истиқлолият самараи иқдоми бузург буд то бо чашми ақл дида тавонем, ки манфиати миллату давлат дар ҷои аввал меистад.
Вақте сухан аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум меравад, бояд як чизро фаромӯш накунем ва доимо ба онҳое, ки барои баргузорӣ, таъмини кори орому самараноки ширкаткунандагон, бемуболиға фидокорӣ кардаанд, арҷгузор бошем. Чунки он бо ҷоннисории абармардон доир гардид ва хушбахтона, масири пешрафту самти ҳаракати ҷомеаро дар чаҳорсӯи мавҷудият ва инкишоф муайян сохт. Берун аз пойтахт баргузор шудани он мавзӯи доманадор аст, ки бояд воқеӣ ва беғараз омӯхта, баҳо дода шавад.
Барои ҳалли мусбати тақдири кишвар шахсиятҳои ватандӯст ба иҷлосия омаданд. Рӯзи аввал бо иштироки онҳо ва депутатҳои халқ машварат гузаронида шуд, ки онро Маҷлиси миллӣ номиданд. Дар иҷлосия вакилони мардумӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, кормандони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Онҳо мавқеи мухталиф доштанд, аммо аксарият баргузории иҷлосияро талаб намуда, барои босамар идома ёфтани он таклиф пешниҳод карданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992, соати 10 — и пагоҳӣ, таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров ба кор шурӯъ намуд. Дар он аз 230 нафар вакил 193 кас иштирок доштанд. Аз 37 нафар вакили боқимонда 4 нафар бо сабабҳои гуногун аз олам гузашта, 4 нафар дар давоми иҷлосия ҳозир шуданд. 25 нафар бесабаб ширкат наварзиданд, 4 ҳавзаи интихоботӣ озод буд.
Баъд аз садо додани Гимни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони халқ хотираи намояндагони мардумӣ Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев, Мавлон Олимовро, ки ба таври фоҷиавӣ ва Қурбоналӣ Имомовро, ки ногаҳон вафот карда буданд, инчунин он шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки дар ҷанги дохилӣ ба шаҳодат расиданд, бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.
Сипас, барои баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳайати 40 нафар намояндани халқ Комиссияи муросо созмон дода шуд, ки раиси он вакил Қурбон Тӯраев интихоб гардид ва дар кори ҷаласа танаффус эълон шуду Комиссияи муросо корро оғоз намуд.
Баъди гузаронидани машварати Комиссияи муросо иҷлосия бо иштироки 197 вакил корро идома дод.Инчунин, дар кори он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.
Сараввал вакилон мақомоти кории иҷлосияро интихоб карданд. Пасон, аз номи Комиссияи муросо Қ. Тӯраев оид ба рӯзномаи иҷлосия сухан ронда, инчунин таклиф кард, ки бо сабаби ба рӯзнома ворид намудани истеъфои аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ, пеш бурдани иҷлосия бояд ба уҳдаи вакили куҳансолтарин вогузошта шавад. Ӯ номзадии Ҳабибулло Табаровро пешниҳод кард. Раисикунанда А. Искандаров нисбат ба ин пешниҳод норозигӣ баён намуд. Ва гуфт, ки ба аризаи истеъфо имзо гузоштааст ва ҳақ дорад, ки то вақти ҳалли масъала ба ҷаласа раисӣ кунад. Пешниҳод ба овоз монда шуд, вале қабул нашуд. Таклиф оид ба раиси иҷлосия интихоб кардани намояндаи халқ Ҳ. Табаров бо аксарияти овоз қабул гардид. Ҳамин тариқ, ҷаласа зери роҳбарии Ҳ. Табаров оғоз шуд.
Ба ихтилофи назарҳо нигоҳ накарда, ҳама мекӯшиданд, қарорҳое қабул шаванд, ки бештар ба оромиву амнияти мардум мусоидат намоянд ва онҳоеро, ки хонаву ҷой ва макони зисти хешро тарк намудаву рӯ ба фирор овардаанд, ба оромӣ ва андешаи солим раҳнамун созанд.
Дар лаҳзаҳои аввал баъзеҳо суханони раисикунандаро шунидан намехостанд ва кори иҷлосияро халалдор мекарданд. Вале аксарияти намояндагон, аз қабили шахсиятҳои барӯманд ҳозиронро ба таҳаммулу ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд. Бо сабаби кашмакашу нофаҳмиҳои зиёд 16 ноябри соли 1992 иҷлосия бо музокироту баҳсҳо поён ёфт. Аммо 17 ноябр бо баъзе сабабҳои ҷузъӣ доир нагардид.
18 ноябр раисикунанда ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки бо сабаби ҳанӯз ба истеъфо нарафтани Раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ таклиф ҳаст, ки раисии иҷлосияро Акбаршо Искандаров идома диҳад.
Ин таклифро аксарият пазируфтанд. Баъд, намояндагони халқ, Адолат Раҳмонова, Ҳикмат Шарифов ва Қодирҷон Ҷабборов пешниҳод карданд, ки дар ҳар сурат иҷлосия бояд мутобиқи Дастури Шӯрои Олӣ корро идома диҳад. Раисикунанда таклифро ба овоз монд ва он қабул гардид.
Мутобиқи Дастури Шӯрои Олӣ рӯзномаи пешниҳоднамудаи Раёсати Шӯрои Олӣ аввал ба овоз монда шуд, вале қабул нагардид. Сипас, рӯзномаи пешниҳодкардаи Комиссияи муросо, ба истиснои қисмати сеюми он, ки оиди истеъфои Раиси Шӯрои Олӣ буд, ба овоз монда шуда, қабул гардид.
Масъалаи истеъфои Раиси Шӯрои Олӣ баҳсҳои тӯлониро ба миён овард, ки зимни он таклифҳои намояндагони халқ бештар бо эҳсосот сурат мегирифт. Ҳамон рӯз вакилони халқ лоиҳаи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардондани ваколатҳои депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҷудогонаи интихоботӣ» — ро баррасӣ ва қабул намуданд, ки мувофиқи он ваколатҳои депутатии А. И. Субботин, И. А. Сентов, А. И. Семин, Ю. А. Букреев, Ш. Усмонова, В. М. Мазо, А. Н. Мартовитский, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафта буданд, қатъ карда шуд.
19 ноябр А. Искандаров иҷлосияро аз пешниҳоди масъалаи бозхонди Раиси Шӯрои Олӣ оғоз намуда, таклиф намуд, ки ҷаласаро депутат Ҳ. Табаров раисӣ кунад. Таклиф аз ҷониби намояндагон қабул гардид.
Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров аз вазифа бозхонда шуд.
Бо таклифи раисикунанда масъалаи навбатӣ, яъне интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қаpop гирифт. Намояндаи халқ А. Мирзоев аз ноҳияи Ҳисор, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ба сухан баромада, номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Вакили халқ X. Ғафуров номзадии Иззатулло Ҳаёевро пешниҳод намуд. Вале И. Ҳаёев зимни баромад таклифро як навъ бозии сиёсӣ номида, аҳволи бади саломатияшро сабаб нишон дода, номзадиашро бозхонд.
Комиссияи баҳисобгирии овозҳо номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба бюлеттени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намуд. Натиҷаи овоздиҳӣ чунин буд: аз 197 депутат 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Баъд он кас ба ҳайси Роҳбари давлат савганд ёд намуда, зикр карданд, ки дар хизмати мардум қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ содиқ хоҳад монд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Оғози кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем». Ин садоқату самимият дар ҷараёни хидматҳои минбаъдааш, дар назди халқу Ватан баръало собит шуд.
Охири ҳамон рӯз унвонии президентҳои Федератсияи Россия Б. Елтсин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон Н. Назарбоев, Ӯзбекистон И. Каримов, Қирғизистон А. Акаев дар хусуси вазъияти ҷамъиятиву сиёсии кишвар муроҷиатнома қабул гардид.
Рӯзи дигар иҷлосияро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида, масъалаи қонуни будан ё набудани аризаи истеъфои Президенти мамлакат Раҳмон Набиевро ки зери фишору таъқиби силоҳбадастон навишта буд, баррасӣ кард.
Чанд тан намоянда, аз ҷумла Валентина Абдусамадова ва Адолат Раҳмонова таклиф намуданд, ки «хуб мешавад, агар Раҳмон Набиев чун Президенти интихобнамудаи халқ, аз минбари иҷлосия арзи дилашро ба мардум расонад». Ва бо дарназардошти ин таклиф Раҳмон Набиев ба толор даъват шуда, моҷаро ва воқеоти душвори ба сарашомадаро батафсил ҳикоят намуд. Сипас, мардуми ҷумҳуриро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, аз мансаб истеъфо дод ва ба Роҳбари давлат Э. Раҳмон барори кор хост. Иҷлосия Қарори истеъфои Раҳмон Набиевро қабул карда, ҳамчунин ба ӯ як қатор имтиёзро муқаррар намуд.
Ҳамон рӯз истеъфои аъзои Девони вазирони ҷумҳурӣ низ қабул ва А. Абдуллоҷонов Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва супориш гирифт, ки сохтор ва ҳайати нави ҳукуматро пешниҳод намояд.
Мардуми ҷумҳурӣ, тарафҳои даргир, гурезаҳо бо як ҷаҳон умед самараи фаъолият ва қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияро, ки аз беҳтарин сарчашмаи зуҳури ақлу хиради сиёсӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешонгаштаву дилшикаста ба шумор мерафтанд, дар ҳар як хонадони кишвар аз радиову телевизион бесаброна интизор мешуданд. Воқеан, мақсаду мароми иҷлосия низ танҳо он буд, ки ба сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва ягонагии халқу миллатҳо асос гузорад ва барои осоишу амният заминаҳои мусоид фароҳам гардад.
Ба ҳамин минвол иҷлосия Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» — ро баррасӣ ва барои такмили он комиссия таъсис дод. Гузориши иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии ҷумҳурӣ дар бораи роҳҳои халъи силоҳ шунида, масъалаҳои афви умумӣ баррасӣ шуд. Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва раисони кумитаву комиссияҳои Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд.
Сипас, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот бо қумондонҳои силоҳбадасти ноҳияҳои Шаҳритус, Қумсангир ва Панҷ гузориш доданд.
Комиссияи босалоҳият лоиҳаи Қонун «Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқоматии доимиашон баргаштани гурезаҳо»- ро низ таҳия ва ба баррасии иҷлосия пешниҳод намуд, ки меъёрҳои зеринро муқаррар мекард:
Ба гурезаҳое, ки ба маҳалли зисташон бармегарданд, интиқоли аҳли оила ва молу амволашон бепул сурат гирад. Ба Девони вазирон супорида шавад, ки тартиби интиқоли гурезаҳоро муқаррар намуда, ба иҷлосия ахбор диҳад. Ҳангоми тартиб додани буҷаи соли 1993 оид ба интиқоли гурезаҳо ба маҳалли зисташон моддаи алоҳида муқаррар шавад.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мавзӯи асосии маҷлиси Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи «Тадбирҳои муътадил намудани вазъияти ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯзнома дохил шуд. Масъалаи зикршуда мувофиқи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон бояд баъди мулоқот бо қумондонҳои дастаҳои мусаллаҳ мавриди баррасӣ қарор дода мешуд. Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар масъалаи муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаи масъалаҳо изҳорот қабул карда шавад. Намояндагон ин пешниҳодро низ некбинона истиқбол намуданд.
Раиси Шӯрои Олӣ Э. Раҳмон ба намояндагони халқ иброз дошт: «Имрӯз рӯзи махсус аст. Зеро ки сарварони ҷабҳаи халқии Тоҷикистон ва силоҳбадастони мухолифин бо даъвати шумо дар толор ҳузур доранд». Баъдан, роҳбари ҷабҳаи халқии Тоҷикистон С. Сафаров ва аз ҷониби мухолифин Ҷ. Буйдоқов бо хоҳиши намояндагони халқ ҳолати ногувори вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва навоҳии тобеи ҷумҳуриро муфассал шарҳ дода, бо рӯҳияи аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан, таҳкими сулҳу осоиш дар мамлакат ибрози ақида намуданд. Таҳти чапакзании пурмавҷи аҳли толор намояндагони силоҳбадастон ҳамдигарро ба оғӯш кашида, ба якдигар даст доданд. Дар чашми бисёриҳо ашки шодӣ ҳалқа зад. Он рамзи оғози осоиш, сулҳ, бародарӣ, муҳаббат ва садоқат буд.
Иҷлосия то соати 22:20 дақиқаи шаби 25 ноябр бе танаффус давом кард. Вале дар чеҳраи касе аз хастагӣ осоре наменамуд. Роҳбари тозаинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон аз субҳ то бевақтии шаб ба иҷлосия раисӣ мекарду баъди он барои бо силоҳбадастон вохӯрдан ба минтақаҳои даргир парвоз. Ҳайрон мешудем, ки он кас кай дам мегирифта бошанд? Дар кору мақсади нек, Худо қувват мебахшидааст.
Сокинони вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) тамоми чораи аз дасташон омадаро андешиданд, ки ҳар чӣ зудтар тарафҳо ба ҳам омада, сулҳу оромӣ барқаpop гардад. Аз ҷумла, ҳамон рӯз сокини шаҳри Хуҷанд И. Хӯҷаев ҳамаро ба оши оштӣ даъват намуд.
Раиси Шӯрои Олӣ Э. Раҳмон баъди ифтитоҳ бахшидани кори ҷаласаи навбатӣ гуфт: «Дӯстони гиромӣ! Ин дақиқаҳо Парчами нави Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки ба тозагӣ қабул намудем, тамоми Тоҷикистонро муттаҳид месозад». Намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят содир кардаанд», баррасӣ ва қабул намуданд.
Баъд Раиси Шӯрои Олӣ бо муроҷиат ба намояндагони халқ, меҳмонон ва сарварони дастаҳои мухолиф, аз асар ва оқибати фоҷиабори даргириҳо, аз даст додани хешу табор, фарзандон, падару модарон, ба хун кашидани миллати тоҷик, саҳифаҳои нангини таърихро бори дигар пеши рӯ оварда, ҳамаро ба ҳамдигарфаҳмиву ба рӯи ҳамдигар боз намудани оғӯши бародарӣ даъват намуда, аз минбар поён шуда, Парчами ҷумҳуриро бӯсида, ба дида молид. Дигар шахсиятҳои маъруфи кишвар, инчунин сарварони дастаҳои мухолиф низ бо ифодаи ризоят ба якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллат ин иқдоми ӯро пайравӣ намуданд. Баъдан, Роҳбари давлат депутатҳо ва меҳмононро ба дастархони «оши оштӣ», ки дар саҳни Қасри Арбоб ороста шуд, даъват намуд.
27 ноябр роҳбари котибот барқияву табрикоти бешумореро, ки аксарият ба хайрхоҳии кори иҷлосия ва намояндагони халқ равона шуда буданд, қироат намуд. Аз ҷумла, аз номи роҳбари Ҷамъияти тоҷикони Амрико Мирмуҳаммад Зоҳири Яъқубӣ ва Сарвазири Федератсияи Россия бо орзуи сулҳу салоҳ ва пешрафти муваффақиятнок барқияҳо расиданд. Сари чанд вақт вазъияти манотиқи ҷумҳурӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт ва барои муътадил идома ёфтани кор заминаҳои мусоид фароҳам омад.
Ба Шӯрои вазирон табдил додани Девони вазирон низ баррасӣ ва қабул гардид.
Баъдан, бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи асосии ҷаласаҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат ба ҳисоб мерафт. Дар асл Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳаёти халқу давлат таърихӣ боқӣ монд. Он ҷумҳурӣ ва мардумро, ки чун киштии бепаноҳ бе нохудо монда буду ҳар замон тӯфони ҳаводис ба ғарқ шудану нестӣ таҳдид мекард, раҳо бахшида, масири ҳаракат, чароғи роҳнамои онро муайяну шахсеро дар симои фарзанди фарзона — Эмомалӣ Раҳмон гавҳаршиносона сари фармон боз овард, то киштӣ ба соҳили мурод раҳнамун гардад.
Ба назари ман, баргузории иҷлосия, ки дар пойтахт нею дар дуюмин шаҳри бузурги кишвар баргузор гашт, на ин ки моро ба ҳам овард, балки мисли Теҳрон, Ялта, Потсдаму Ҳелсинки ва дигар шаҳрҳое, ки дар онҳо конфронсу ҷамъомадҳои тақдирсози ҷаҳонӣ доир мегарданд, Хуҷандро номдору шуҳратёр кард. Шаҳрҳои Хоруғу Турсунзода, ки зери таъсири гурӯҳҳои муқобил буданд, ба баргузории иҷлосия мусоидат намекарданд. Хориҷи кишварро барои он рад кардем, ки аз як тараф, нангу ори миллӣ буд, аз тарафи дигар, таҷрибаи талхи тақдири Афғонистонро пеши назар овардем. Яъне, дар Маскаву Душанбе (давраи шӯравӣ) чанд роҳбару раёсат тайёр карда, ба он ҷо бурда шинонданду оқибат он амалҳо ба чӣ оварда расонд, медонистем. Дувум, ботил будани даъвои онҳое, ки гӯё шимолиҳо ба хотири бақои ҳукуматдорӣ минтақаҳои ҷанубро ба ҳам «ҷанг андохтанд»- ро исбот кард. Яъне, шимоли кишвар на ҷудоиандоз, балки муттаҳидкунанда ва созандагиро бо муносибати самимӣ ва масъулияти баланди ватанпарастӣ дар назди таърихи кишвару миллат нишон дод, ки барои баргузор шудану самаранок анҷом ёфтани Иҷлосияи XVI тамоми шароитро фароҳам овард.
Мо, иштирокчиёни иҷлосия дар толор ҳангоми танаффус, дар долону гулгаштҳои атрофи Қасри Арбоб, назди фаввораҳо, баъди ба итмом расидани рӯзи корӣ дар нақлиёт, дар ҳавлии меҳмонхонаву ошхона аз ҷониби масъулону мардуми одӣ чунон самимияту ҳалимӣ ва хайрхоҳиву ғамхорӣ медидем, ки гӯё наздикони ҳар яки онҳоро аз вартаи ҳалокат наҷот дода бошем. Чунин муносибатро мо он рӯзҳо ҳангоми тамошои Комбинати «Абрешим» ва Иттиҳодияи қолинбарорӣ аз ҷониби аҳли заҳмат низ эҳсос кардем. Занону духтарони зебо, ҷавонони дар назари аввал беғами паси дастгоҳҳои бофандагӣ бо нигоҳҳои пурмаъниву хайрхоҳона ба мо нигариста, танҳо як чизро интизор буданд: ба мувофиқа расиданро. Чанд зану духтар, ки дар Комбинати «Абрешим» кор мекарданд, мо — вакилонро ба ҳалқа гирифта: «Эй кош, чун дар ватани ҳамсоягон дар кишвари мо ҳам сулҳу ҳамбастагӣ мешуд!», — мегуфтанд. Духтарони ҷавонро мусибати миллӣ чунон хаставу ғамшарики аҳли ҷомеа карда буд, ки чун калонсолони ҳаётдида сухан мегуфтанд. Баъзан он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯям, ки он даврони нангбор ҳар яки моро, аз ҷумла, кӯдакону наврасонро низ ба дараҷае пеш аз вақт пиртар кард.
Боварии комил дорам, ки чӣ қадаре вақт моро аз баргузории иҷлосияи таърихӣ дур барад, ҳамон қадар аҳамияти он дар бақову пойдории давлатдорӣ пурарзиштар мешавад ва дармеёбем, ки бо чӣ заҳматҳое вакилони дарвоқеъ мардумӣ, аз рӯи виҷдону масъулият аз байни худ Сарвари арзанда интихоб карданд ва бо ҳидояту роҳбарии он кас Истиқлолияти бадастовардаро ҳифз намуда, якпорчагии хоки Тоҷикистон ва ҳамбастагии мардумро таъмин намуданд.
Ростӣ, бисёре аз вакилон аз майдони ҷанг ба иҷлосия омада буданду рӯзҳои аввал андешаронияшон бо эҳсосот сурат мегирифт ва ба роҳбарияти Шӯрои Олӣ нобоварӣ изҳор намуда, ҳатто тавре қайд шуд, раисии иҷлосияро ба уҳдаи на раис, балки вакиле вомегузоштанд. Вале баъди он вакилон дарк намуданд, ки ба иҷлосия бо як мақсад — барои ба ҳам овардани тарафҳои даргир омадаанд, қарор шуд, ки ба иҷлосия аз нав Раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров роҳбарӣ намояд. Вале ҳангоми дида баромадани масъалаи истеъфои Раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ А. Искандаров таклиф ба миён гузошт, ки ба иҷлосия Ҳ. Табаров роҳбарӣ кунад. Ин таҳаввулоте дар муҳити ҳамдигарфаҳмии аҳли иҷлосия буд, ки он имрӯз ба гуфтан осон менамояд, вале ҳамон вақт онро нишонаи оғози ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷомеа шумурдан мумкин буд. Ман, яке аз вакилони ҷиддан танқидкунандаи Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров будам. Лекин баъди аниқ фаҳмидани он, ки бархе аз силоҳбадастон зидди даъвати иҷлосияву истеъфои ӯ буданд, вай иҷлосияро даъват кард. Ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи Президент, барои истеъфо додан, иштироки Ҳукуматро таъмин намуд, бигузор иҷрокунандагияш ғайриқонунӣ буд. Магар бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ, сари қудрат омадани Сомоса, Пиночет, Ҳ. Муборак, Ё. Арафот, П. Мушарраф, Саудҳо ва дигарон қонунӣ буд, ки солиёни зиёд ба кишварҳо роҳбарӣ карданд? Онҳо ҳама аз ҷониби созмонҳои ҷаҳониву абарқудратҳои манфиатдор эътироф шуданд. Ба Ё. Арафот ҷоизаи Нобелии сулҳ ҳам доданд. Инчунин, баъди дар дунё барои мансаб шуда, ба чӣ гуна роҳҳо рафтани ҳаммислонашро дидан, аз ҷумла чанд роҳбари Афғонистон то мурдани худу мардуми зиёд аз мансаб даст накашиданд, роҳбарони Чили, Судон, Конго, Чад, Сурия ва дигарҳо, то пора гаштани кишварҳояшону кушташавии мардуми зиёди бегуноҳ ва охирин тарафдоронашон мондан ҷангро давом дода, тарки мансаб накарданд, ҳамчун тоҷик, ба дурандешию миллатдӯстии Акбаршо Искандаров аҳсан бояд гуфт.
Шиори асосии Ҳукумат аз рӯзи аввали сари кор омадан «Ба гузашта салавот гуфтан»-у гунаҳкору бегуноҳ будани тарафҳоро ба вақт, ба доварии таърих ҳавола кардан буд. Шояд барои ҳамин ҳам қувваҳои солими тарафҳо аз риояи ҳамин меъёр ба мувофиқа расиданд. Ин шиор то кунун риоя мешавад, албатта, ба истиснои аъмоли баъзе аз «қаламкашон»- и дархостӣ, ки мисли «чуғзи вайронапараст» аз дур истода, ба насиҳат пардохтаанд. Ҳамонҳое, ки дар Аврупову Амрико ва Россия мавқеи махсус доранду душман сохта, сабабгори пайдоиши Равшану Ҷамшуд — қаҳрамонони намоишҳои таҳқиркунандаи «Наша Раша» шудаанд. Ба ёд оред, сабаби ба майдонҳо кашидани мардуми ноогоҳро аз ҷониби ташкилкунандагони ҳодисаҳои февралии соли 1990.
Хулоса, ман, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳумро иҷлосияе мешуморам, ки оғоз дошту анҷом не. Он моро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва худхӯрӣ баровард. Баъди ҳазору сад соли бо айби роҳбари бегонапараст аз байн рафтани империяи абарқудрате, ки чор насли тоҷикон сохтанд, бо амри тақдир давлате бо номи Тоҷикистон арзи ҳастинамударо бархе аз соҳибдавлатон ба ҷои шукргузорӣ бо мансабталошӣ ба ҳолати нестшавӣ оварданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ нигоҳ дошт.
Интихоби Роҳбари ватандӯст, дорои сатҳи баланди ҳисси миллӣ ва давлатдории миллӣ, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзӣ ва қобилияти ташкилотчигиву равона намудани ақлҳои солиму меҳнати созандаи халқ барои сулҳ, ризояти миллӣ, ободии шаҳру деҳи кишвар, бунёди иншооти бемисл, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, обрӯву эътибори баланди бесобиқаи Ватану миллат дар дунё гардид. Туфайли хизматҳои бузурги дар боло зикршуда, аввалин роҳбарест, ки сазовори унвонҳои олӣ: Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шуданд. Ин ҳама давоми кори ҳамон Иҷлосияи муқаддасу тақдирсоз аст, яъне мақсаду ормонҳои муайянкардаи он дар ҳаёти давлату миллат пиёда шуда истодааст. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, чун нияти хайри таҳкими сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани обрӯи миллату давлат дар ҷаҳон оғоз дошту анҷом надорад!
Абдулмаҷид ДОСТИЕВ, сардори котиботи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ