Чанде пеш дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони соҳаи ҳуқуқ ва намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои ба таври шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқу уҳдадориҳои хабарнигорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар мавзуи «Нақши ВАО-и кишвар дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ кард. Ӯ, аз ҷумла зикр намуд, ки таъмини ҷомеа бо иттилооти саҳеҳ ва беғаразона дар давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи воситаҳои ахбори оммаи кишвар мебошад. Аз ин хотир, ҷараёни маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҷониби хабарнигорон холисона, беғаразона ва шаффоф инъикос ёбад.
Дар рафти мизи мудаввар инчунин Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов дар мавзуи «Марҳилаҳои раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов дар мавзуи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Каримова дар мавзуи «Ҷанбаҳои ҳуқуқиву амалии муносибатҳои байни воситаҳои ахбори омма ва комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додоев дар мавзуи «Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рафти омодагиҳо ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карданд.
Дар ин нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал оид ба иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст, ки дар раванди инъикоси воқеии ин маъракаи сиёсӣ барои хабарнигорон роҳнамои асосӣ хоҳад буд.
Дар фарҷом раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва дигар коршиносони соҳаи ҳуқуқ ба саволу дархостҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас доданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»