Омодагӣ ба баргузории интихобот

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

Дувоздаҳуми октябри соли 2013 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба натиҷаҳои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки 11 октябри соли 2013 муҳлати бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба охир расид.

Баъди маъракаи ҷамъоварии имзоҳои  шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар номзад бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 9 ва 10 октябр  ба қайд гирифта шуданд. Ба онҳо шаҳодатномаҳои дахлдор супурда, шахсони боэътимоди номзадҳо низ ба қайд гирифта шуданд.

Бо вуҷуди ин як нафар номзади пешбаришуда, яъне номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова дар муҳлати муқарраргардида меъёри зарурии  имзоҳои шаҳрвандонро  ҷамъоварӣ  карда натавонист ва ба қайд гирифта нашуд.

Сипас, Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  давоми як ҳафта маълумотро дар бораи бақайдгирии номзадҳо, бо зикри  дигар маълумотҳое, ки қонун муқаррар  кардааст (насаб, ном, номи падар, сол ва маҳалли таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, аҳволи оилавии номзад,  инчунин номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президент пешниҳод кардааст), дар матбуот ба чоп мерасонад.

Муҳимтарин вазифаи  комиссияҳои участкавии интихобот дар марҳилаи ҳозира тартиб додани рўйхати интихобкунандагон аст. Ин рўйхат  бояд то 22 октябр тартиб дода, дақиқ карда, барои шиносойии интихобкунандагон дар бинои участкаҳои интихоботӣ овехта шавад.

То 20 октябр Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ комиссияҳои участкавиро  бо варақаҳои интихоботӣ ва шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ таъмин менамояд.

Инчунин тибқи моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 27 октябр бюллетенҳои интихоботиро омода ва чоп карда, ба тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ дастрас мекунад.

Бисёр муҳим аст, ки комиссияҳои участкавии интихобот то 1 ноябри  соли 2013 тамоми интихобкунандагонро дар бораи вақт ва ҷойи  овоздиҳӣ хабардор намоянд.

Тибқи моддаи 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» хароҷоти вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Маблағ барои ташкили ситодҳои пешазинтихоботӣ ҷудо карда шудааст. Фақат ҳизбҳои сиёсиро лозим аст,  ки маълумоти  зарурӣ, яъне реквизитҳои худро ҳар чӣ зудтар ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  пешниҳод намоянд.

Интизор меравад, ки барои назорати омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз созмонҳои  бонуфузи  байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони сершумори воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ба кишвари мо меоянд.

То имрўз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ситодҳои худро дар ҷумҳурии мо таъсис дод, ба фаъолият шуруъ карданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»