Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№14 (4120) 30.01.2020

DSC_0026 55         копияДар доираи омодагиҳо барои баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, таъмини иштироки ҳамаҷонибаи шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент 103 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст.

Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷакент, №21 Насим Ҳикматуллоев иброз дошт, ки участкаҳо миёни аъзои комиссия (15 нафар) тақсим карда шудааст ва онҳо ба таври доимӣ ҷараёни омодасозии қуттиҳо ва участкаҳои овоздиҳиро назорат мекунанд. Айни замон участкаҳои овоздиҳӣ бо маводи зарурӣ (тарғиботӣ ва конселярӣ) таъмин гардидаанд. Шиору овезаҳои марбут ба ин маъракаи сиёсӣ насб, гӯшаҳои иттилоотӣ омода (аз ҷумла, дар бинои Кохи Лоиқ Шералӣ, ки комиссияи ҳавзавӣ дар он амал мекунад),  маълумот дар бораи номзадҳо аз ҳавзаҳои ягонаи ҷумҳуриявӣ ва номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҳавзаи якмандата тартиб дода шудааст.

- Дар ҳавзаи интихоботии Панҷакент, №21 шумораи эҳтимолии интихобкунандагон 139 770 нафар мебошад, ки 15 617 нафарашро муҳоҷирони меҳнатӣ ва 6040 нафарашро шаҳрвандоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, ташкил медиҳанд, — зикр кард Насим Ҳикматуллоев. — Итминон дорем, ки сокинони шаҳри Панҷакент дар интихоботи вакилони халқ фаъолона иштирок мекунанд.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»

***

Тавре маълум аст, 1 марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, фарогири тамоми доираҳои ҷомеа мебошад. Ҳоло дар доираи қонунгузорӣ вобаста ба раванди омодагӣ ва баргузор намудани интихобот як қатор тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ корҳо идома доранд.

Оид ба рафти омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ раиси ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Ванҷ, №40 Ёдгоршо Шеров иттилоъ дод, ки дар конференсияи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ номзадии раиси Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мус­тақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва дар асоси Дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи ҳуҷҷатҳо иборат аз 12 номгӯй  пешниҳод гардид.

Ба таври худпешбарӣ бошад,  Нуруллоев Раҳмиалло Раҳмуллоевич — сардори  Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намудааст.

Аз дигар ҳизбҳо номзадҳо пешбарӣ нашудаанд.

Дар  ҳавзаи интихоботии Ванҷ, № 40, 155 участкаи интихоботӣ бо фарогирии 60 ҳазору 562 овоздиҳанда таъсис дода шудааст.

Ҳамаи участкаҳо бо мавод ва дастурамалҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин  ва шиору овезаҳо доир ба ин маъракаи муҳим насб гардидаанд.

Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ, инчунин, ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия 30 ва ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ВМКБ 7 номзад пешниҳод намудааст. Аз Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби коммунист низ ба таври худпешбарӣ як нафарӣ  пешниҳод шудаанд. 

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»

***

Тавре раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Раҳим Сангаков иттилоъ дод, дар ноҳияи Лахш омодагиҳо ба ин маъракаи муҳим  идома доранд.

Тибқи маълуоти пешниҳоднамудаи мавсуф, бо мақсади дар сатҳи баланд гузарондани  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ то ба имрӯз 40 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ ташкил ёфтааст. Комиссияи ноҳиявии интихобот ва раъйпурсӣ дар робита ба пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ, тартиби кори ҳавзаю участкаҳо  6 қарор қабул намудааст.

Барои хуб ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби фаъолони ноҳия гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфтаанд, ки дар байни аҳолӣ кор мебаранд. Дар маркази ноҳия ва деҳот шиору овезаҳо оид ба интихобот насб гардидааст.

- Дар ҳар участкаи интихоботӣ 9 нафар ва ҳавзаҳои интихоботӣ 11 нафар аъзои комиссия вобаста шудаанд. Аз ин участкаю ҳавзаҳо доир ба ҷараёни омодагиҳо, пешбарии номзадҳо, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳисоботи оморӣ омода ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. То ба имрӯз дар ноҳия аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ номзадии беш аз 40 нафар ба КМИР пешниҳод шудааст, — гуфт Р. Сангаков.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»

***

Имрӯзҳо дар ноҳияҳои минтақаи Рашт бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ корҳои омодагӣ идома доранд.

Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 Муллоҷон Аҳмадов изҳор дошт, кор дар ин ҳавза тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби кишвар эътирофгардида ба роҳ монда шудааст.

Тибқи ҷадвали таҳиягардида, ҳайати комиссия дар 198 участкаи интихоботӣ, ки дар ҳудуди ҳавза ташкил шудааст, навбатдориро ба роҳ мондаанд.

Рақам, нишонӣ, маҳали аҳолинишин, ҷойи овоздиҳӣ ва ҳайати комиссияи участкаҳои ҳавза дар 3 шумораи рӯзномаи «Оинаи Рашт» ба нашр расонда, ба маҳалҳои овоздиҳии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод дастрас карда шуд. Ҷойи кории ҳайати ҳавза ва коргоҳҳои комиссияҳои участкавӣ бо маводи зарурӣ таъмин, гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд.

Ҳоло 6 нафар — 3 нафар ба тариқи худпешбарӣ, 1 нафар аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 1 нафар аз тарафи Ҳизби аграрии Тоҷикис­тон ва 1 нафар аз тарафи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон барои ба қайд гирифтан ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Рашт, № 12 ариза пешниҳод намудаанд. Айни замон ҳуҷҷатҳои номзадҳо мавриди омӯзиш қарор доранд.

- Бо мақсади таъмини иштироки фаъол ва озодонаи интихобкунандагон дар маъракаи интихобот дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда истодаанд. Барои мушоҳидачиёни миллию байналмилалӣ низ шароити хуб муҳайё гардидааст. Инчунин, барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот имконнопазир мебошад, ташкили қуттиҳои сайёр ба роҳ монда шудааст, — гуфт Муллоҷон Аҳмадов.

Д. ТАЛАБЗОДА,

«Садои мардум»