Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№ 04.02.2020

кмир1Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ноҳияи Рӯдакӣ ду ҳавзаи якмандата-ҳавзаи интихоботии «Сомониён» №8 бо 83 участкаи овоздиҳӣ ва ҳавзаи интихоботии «Рӯдакӣ» №9 бо 114 участкаи овоздиҳӣ (69 участкаи овоздиҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 45 участкаи овоздиҳӣ дар ноҳияи Варзоб), ҳамчунин, комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ бо 40 ҳавза ва 152 участка ташкил ёфтааст.

Абдулло Пирзода — раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот изҳор дошт, ки дар рафти омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар шахсони ботаҷриба ва ҷавонони фаъол ҷалб шудаанд.

- Дар ҳар участкаи интихоботӣ 7 нафар ва ҳавзаҳои интихоботӣ 11 нафар аъзои комиссия фаъолият мебаранд. То ба ин дам дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ номзадии 43 нафар ва ба таври худпешбарӣ номзадии 77 нафар ба КМИР пешниҳод шудааст. Аз участкаю ҳавзаҳо оид ба ҷараёни омодагиҳо, пешбарии номзадҳо, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод мегардад, — гуфт А. Пирзода.

Дар участкаҳо қуттиҳои бюллетенпартоӣ, нуқтаҳои овоздиҳӣ ва хонаи модару кӯдак ташкил шудаанд.

Ҳамчунин, барои беҳтару хубтар ба сокинон фаҳмонидани аҳамияти интихоботи дарпешистода дар ҳар гӯшаи чашмраси маркази ноҳия ва шаҳраку деҳоти он 22 номгӯй шиору овеза бо навиштаҷоти «Якуми марти соли 2020-Рӯзи интихоботи вакилони халқ», «Ба тақдири ояндаи давлату ҷомеа бетараф набош!», «Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандии ман аст!», «Бетараф набош, овоз бидеҳ!», «Интихоботи озоду шаффоф-омили рушди давлат!», «Ояндаи худро интихоб намо!» насб шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

*******

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд, тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, ки бо қарори Комис­сияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҳайати Комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Ваҳдат №10 иборат аз 9 нафар таъсис ёфтааст.

- Дар 79 участкаи ҳавзаи якмандатии интихоботии Ваҳдат №10 айни ҳол беш аз 155 ҳазору 900 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихобот зиёда аз 75 фоиз кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ шомил гаштаанд. Аз шумораи умумии ҳайати комиссияҳои участкавии интихобот 428 нафарашон (77,4 фоиз) дорои маълумоти олӣ мебошанд,- гуфт котиби Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Ваҳдат №10 Маҳмадӣ Нӯъмонов. — Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи конселярӣ, маблағ, муҳрҳо ва қуттиҳои шаффоф барои овоздиҳӣ таъмин гардидаанд. Аз ин ҳавзаи интихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ 3 нафар ва бо роҳи худпешбарӣ 3 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.

Бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аъзои Комиссияи ҳавзавӣ ва шаҳрии интихобот бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Ҳамчунин, тавассути рӯзномаи шаҳрии «Шаҳриёр» ва бахши радиошунавонии маҳаллии «Садои Ваҳдат» бо ширкати масъулини комиссияҳои интихоботӣ аз ҷараёни омодагӣ ва корҳои анҷомдода пайваста матлабҳо омодаю нашр ва пахш карда мешаванд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

******

Бино ба иттилои раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар №26 Амонулло Ашӯрзода ҳавзаи якмандатии интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва як қисми ноҳияи Кӯшониён таъсис ёфтааст.

Дар ҳавзаи мазкур 71 участкаи интихоботӣ — 38 участка дар шаҳри Бохтар, 17 участка дар Левакант ва 16 участка дар ноҳияи Кӯшониён амал мекунад. Дар ҳамаи участкаҳо корҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини маводи иттилоотӣ, рӯйхати интихобкунандагон, дастурамалҳо ва маводи конселярӣ анҷом ёфта, шиору овезаҳо насб шудаанд. Ҳамзамон, барои интихобкунандагоне, ки вазъи саломатиашон хуб нест ва ба макони ҷойгиршавии интихобот омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр ташкил гардидааст. Дар баробари ин, бо мақсади ба роҳ мондани муоширати дуруст бо нозирони хориҷӣ 26 гурӯҳи волонтёрҳо аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъсис ёфтааст.

То ин замон, аз рӯи маълумоти оморӣ, дар ҳавза 104 ҳазору 64 нафар интихобкунанда, аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар — 51 ҳазору 339, дар шаҳри Левакант — 27 ҳазору 455 ва дар ноҳияи Кӯшониён 25 ҳазору 255 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳавзаи мазкур номзадии 5 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагон — як нафар аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, як нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, як нафар аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва ду нафар ба тариқи худпешбарӣ пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

 Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

*******

Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот дар ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадисҳоқ Ғафуров гуфт, ки интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, комиссия, пеш аз ҳама, талош намуда истодааст то ҳар як сокини ноҳия дарк намояд, ки иштирок дар интихобот, интихоби вакилони арзанда маънии саҳми шахсии ӯ дар давлатдории тоҷикон ва қабули қонунҳои барои зиндагии мардум муҳимро дорад. Аз ин рӯ, шинос намудани овоздиҳандагон бо қонуни интихобот ва дастурамалу дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин маърака хеле зарур аст. Ба ин хотир, мо бо раисон ва аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ семинару суҳбатҳо доир намуда истодаем. Дар навбати худ аъзои комиссия дар байни аҳолӣ оид ба тарзи гузаронидани интихобот вохӯрӣ ва суҳбатҳо ташкил менамоянд.

Аз суҳбат бо сокинони ноҳия ба хулоса омадан мумкин аст, ки онҳо аз интихобот ва мақсад аз ташкили он хуб хабар доранд ва нисбат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф нестанд.

Дар ноҳия 33 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст. Шумораи овоздиҳандагон 23 960 нафарро ташкил медиҳад, ки 893 нафари онҳо бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд. То ин замон барои соҳиб гардидан ба мандати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 38 нафар аз ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта ва аз тариқи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

*******

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот Маҳмадризо Пудинаев алҳол дар ноҳияи Нуробод омодагиҳо ба маъракаи дарпешистода хеле хуб идома доранд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ 39 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ мондаанд. Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот, инчунин деҳаҳо, шиору овезаҳои мансуб ба маъракаи интихобот насб шудааст.

- Ба ҳар участкаи интихоботӣ  5 нафар ва ҳавзаҳои интихоботӣ  11 нафар аъзои комиссия вобаста шудаанд. То ин замон дар ноҳия аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ номзадии беш аз 78 нафар ба КМИР пешниҳод гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки интихобкунандагони ноҳияи Нуробод дар ду ҳавзаи интихоботӣ — Файзобод №11 ва Рашт №12 овоз хоҳанд дод. Шумораи умумии овоздиҳандагон 42 007 нафарро ташкил медиҳад, -  гуфт Маҳмадризо Пудинаев.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»