Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№25 (4131) 25.02.2020

DSC_0026 55         копияОмодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад.

Бино ба маълумоти раиси комиссияи ҳавзавии ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур, №3, Фаридун Ҳакимов, дар ҳавза 54 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла, 42 участка дар ноҳияи Шоҳмансур ва 12 участка дар ноҳияи Фирдавсӣ, ташкил гардидааст. Номбурда гуфт, ки дар ҳавзаи мазкур 89 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта, ба онҳо хабарномаҳо пурра дастрас шудааст.

- Аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур, №3 шаш номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — панҷ нафар намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва як нафар ба тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи нақша вохӯрии номзадҳоро дар ду муассисаи таълимӣ, ки ҳамчун участкаҳои интихоботӣ муайян шудаанд, ташкил кардем. Баргузории вохӯрии дигар 26-уми феврал ба нақша гирифта шудааст. Умуман, омодагии ҳавза ба интихобот хуб аст, — афзуд Фаридун Ҳакимов.

Воқеан, дар утоқи кории комиссияи ҳавзавӣ дастурамал ва лавҳаҳои тарғиботии номзадҳо мавҷуд буданд, вале аз аъзои комиссия ягон нафарро надидем. Шояд ба участкаҳо рафта буданд?!

Пас аз суҳбат бо раиси комиссияи ҳавзавӣ ба яке аз участкаҳои интихоботӣ – участкаи интихоботии №8 рафтем, ки дар қабати якуми бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мус­тақили Тоҷикистон ташкил шудааст. Ҳарчанд раиси участкаи интихоботиро пайдо накардем, вале ба мо як нафар аз аъзои участка маълумот дод, ки онҳо 1156 нафар интихобкунандаро ба қайд гирифтаанд. Ҳамчунин, маълум шуд, ки то ба ҳол хабарномаҳо ба интихобкунандагон дастрас нашудааст. Дар ҳоле ки, тибқи муқаррарот, хабарномаҳо ба овоздиҳандагон бояд даҳ рӯз пеш аз интихобот расонда шаванд. Дар участкаи интихоботии №8 гуфтанд, бо сабаби он ки сокинони маҳаллаҳои участка рӯзона кор мекунанд, тақсимоти хабарномаҳоро ба бегоҳирӯзӣ вогузор кардаанд. Вале нагуфтанд, ки бегоҳи кадом рӯз, ҳарчанд то интихобот вақт кам мондааст.

Он рӯз, ки бистуми феврал буд, дар участкаи интихоботӣ қуттиҳои овоздиҳӣ ба назар нарасид. Се ғурфаи овоздиҳӣ ташкил шудааст, вале дар онҳо мизу курсӣ, рӯшноӣ мувофиқи табъ набуд. Ду мизи калон паҳлуи ҳам меистоданд, ки бояд дар онҳо рӯзҳои наздик барои раиси комиссияи участка, нозирони интихобот ҷой дуруст карда шавад.

Дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Комис­сияи шаҳрии интихобот ва раъйпурсӣ дар шаҳри Душанбе низ ҷойгир аст. Зимни боз­дид аз он маълум гардид, ки дар шаҳри Душанбе 350 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст, вале он ҳанӯз шумораи ниҳоии интихобкунандагон набуд.

Мушкили асосӣ дар робита ба интихобот, аз ҷумла, дар ноҳияи Шоҳмансур, он аст, ки шумораи интихобкунандагон ҳар рӯз иваз мешавад. Масалан, сокинони бархе аз маҳаллаҳое, ки тибқи нақша аз ҷои зисташон ба ҷои дигар кӯчонида шудаанд, дар қайди ҷои қаблӣ нестанд. Дар ҷои нав бошад, ҳанӯз ба қайд гирифта нашудаанд. Ин ҷиҳат боис гардидааст, ки шумораи интихобкунандагон ҳар рӯз дигар шавад ва қисме аз овоздиҳандагон аз қайд берун монанд.

М. УСМОН, «Садои мардум»

*******

Ба гуфти раиси ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ванҷ, №40 Ёдгоршо Шеров дар ноҳияи Дарвоз оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст. Дар онҳо 13 ҳазору 56 нафар интихобкунанда ба ҳисоб гирифта шудааст. Участкаҳо бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дорои 32 қуттии калон ва қуттиҳои сайёр барои овоздиҳандагони барҷомонда мебошанд. Инчунин, роҳравҳои махсус барои одамони имконияташон маҳдуд сохта шуда, шиору овезаҳо насб гардидаанд. Аз тарафи аъзои участкаи интихоботӣ корҳои тарғиботӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷараён дорад. Сатҳи омодагӣ дар ноҳия ба интихобот хуб аст.

Пайшамбе ШОҲЗОДА, «Садои мардум»