Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№26 (4132) 27.02.2020

DSC_0026 55         копияТо маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои ба шумор мондааст.

Дар ҳавзаи интихоботии Муъминобод, №38, ки ноҳияҳои Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин низ ба он шомиланд, шумораи раъйдиҳандагон 103 ҳазору 697 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2800 нафарашон бори якум дар интихобот иштирок мекунанд.

Тавре раиси Комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Муъминобод, №38 Раҷабалӣ Табаров изҳор дошт, дар участкаҳои интихоботӣ навбатдорӣ ташкил гардидааст ва корҳои таблиғотӣ идома доранд.

- Айни ҳол дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Муъминобод, №38 аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ду нафар (Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 1 нафар, ҲХДТ 1 нафар) ва се нафар ба таври худпешбарӣ аз ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардидаанд. Участкаҳои интихоботӣ бо қуттиҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои сайёр ва лавозимоти иттилоотӣ таъмин мебошанд, — гуфт Р. Табаров ва афзуд, ки сокинони ватандӯсти ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»

******

Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Сино, №4, ки 19 декабри соли 2019 дар ҳайати 11 нафар таъсис ёфтааст, то ба ҳол дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳоро анҷом додааст. Аз ҷумла, 50 участкаи интихоботии ҳудудӣ таъсис дода, аъзои он муайян карда шудааст.

Раиси он Мӯсо Асозода гуфт, ки лавозимоти зарурии интихоботӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва пурра ба участкаҳои интихоботӣ дастрас гардид. Бино ба гуфти ӯ, дар ҳавза 4 нафар барои соҳиб шудан ба курсии вакили Маҷлиси намояндагон — як нафарӣ аз ҳизбҳои халқии демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон ва як нафар ба таври худпешбарӣ ҳуҷҷатҳояшонро ҳамчун номзад ба комиссия пешниҳод кардаанд. Дар ҳавза 89393 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 1328 нафарашон бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.

Мӯсо Асозода, ҳамчунин, зикр кард, ки ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизб­ҳои сиёсӣ ва номзадҳо дар ҳавза хуб ба роҳ монда шудааст. Чунончӣ, то 25 феврали соли равон зиёда аз 31 вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор ва хабарномаҳо пурра ба интихобкунандагон дастрас гардидааст.

Дар ҳавзаи интихоботии ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино низ корҳои омодагӣ зиёда аз 90 дарсад ба анҷом расидааст. Раиси он Зай­наб Одилова зикр кард, ки барои интихоби вакилони ноҳиявӣ 40 ҳавза ва 80 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст. Дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино 40 ҷой муқаррар гардидааст, ки барои он 120 нафар номзад рақобат мекунанд. То 25 феврал хабарномаҳо ба интихобкунандагон дастрас ва дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ташкил шудаанд.

Дар маҷмӯъ, корҳои омодагӣ дар ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сино, №4 ва Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино хуб ба роҳ монда шуда, масъулин муътақиданд, ки маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»