Бо мақсади ба таври воқеӣ нишон додани вазъи тайёриҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасмим гирифтем, ки бо фаъолияти чанде аз ҳавзаю участкаҳои интихоботии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз наздик шинос шавем.
Ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯлоб № 37 дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ қарор дорад. Мебинем, ки ба ихтиёри комиссияи ҳавза ҳуҷраҳои зиёд, толори барҳаво ва тамоми таҷҳизоти чопии электронӣ вогузор карда шудааст. Бо аъзои комиссияи ҳавза Хуршед Ашӯрмадов ва котиби комиссияи ҳавзаи интихоботӣ Мирзоаҳмад Қурбонов ҳамсуҳбат гаштем. Мирзоаҳмад Қурбонов гуфт, ки лаҳзае қабл ба Саидиброҳими Назар — номзад аз ҲНИТ ва Кибриё Гулмадова- номзад ба таври худпешбарӣ шаҳодатномаҳои номзадӣ супорида шуданд. Номзадҳо Раҳмонзода Абдуғаффори Азиз — собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, Алӣ Комилов — директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Зайниддин Давлатов- раиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб вобаста ба дархости комиссияи ҳавзавӣ ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод карданд.
- Ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯлоб № 37 аз 55 участкаи интихоботӣ иборат буда, ҳамаи онҳо соҳиби шароити хуби фаъолиятанд. Айни ҳол участкаҳои интихоботӣ бо дастуру маводҳои омӯзишӣ таъминанд ва қисмати дохилу беруни биноҳои мансуби онҳо бо овезаҳои гуногуни таблиғотӣ оро дода шудаанд. Аъзои комиссияи участкаҳои интихоботӣ миёни интихобкунандагон машғули амалҳои фаҳмондадиҳианд, -шарҳ дод вазъи омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботиро М.Қурбонов.
-Мо тамоми шароиту воситаҳои корбарии ин маъракаи сиёсиро, ки фардои ҷомеаамон аз натиҷаи ҳамин гуна маъракаҳо вобастагӣ дорад, дар ихтиёр дорем. Шумораи интихобкунандаҳои эҳтимолии участкаи мо 2670 нафарро ташкил мекунад, -гуфт раиси участкаи интихоботии №6-и ҳавзаи мазкур Санг Саидов.
Мо дар ин ҳавзаи интихоботӣ имкон пайдо намудем, ки бо раиси ҳавзаи интихоботии №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Рустам Абдуқаюмов ва раиси комиссияи участкаи интихоботии №6 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Нигина Муродова низ ҳамсуҳбат шавем. Эшон иброз намуданд, ки дар ҳавзаю участкаи вобастабудаи онҳо тамоми корҳои омодагӣ сари вақт ба анҷом расонида шудаанду алҳол дар пайи ба расмият даровардани ҳуҷҷату асноди номзадҳо мебошанд.
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Муъминобод №38 раиси комиссияи он Раҷабалӣ Табаров дар робита ба мавзӯи суҳбат гуфт, ки ҳавза ҳудуди пурраи маъмурии ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Шӯроободро дар бар мегирад ва дар он бо қарори комиссияи ҳавзавӣ 128 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Иштирокчиёни Конференсияи муштараки бахши ҲХДТ-и ноҳияҳои мазкур номзадии Маҷидзода Ҷӯрахони Зоирро, ки муваққатан фаъолият намекунад, аз ҷониби худ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешниҳод намуданд. Инчунин ба комиссияи ҳавзавӣ Садриддин Ғаюров- аъзои ҲХДТ аз ноҳияи Муъминобод, Раҳмон Зокиров- аъзои ҲХДТ аз ноҳияи Шӯрообод ва Абдулмуъмин Раҷабов- аъзои ҲХДТ аз ноҳияи Ховалинг номзадиашонро ба таври худпешбарӣ пешниҳод кардаанд. Шумораи эҳтимолии интихобкунандагони ҳавза 90725 нафарро ташкил мекунад, ки аз ин ҳисоб 43 ҳазор нафари он ба ноҳияи Муъминобод, 25 ҳазор ба ноҳияи Шӯрообод ва беш аз 22 ҳазор нафари дигар мансуби ноҳияи Ховалинг аст.
Дар участкаи интихоботии Туто №38, ки марбут ба деҳоти «Балхобӣ»-и ноҳияи Муъминобод аст, ному насаб, соли таваллуд ва ҷойи истиқомати 1215 нафар интихобкунандагони участка дар варақаҳои махсуси интихоботӣ, бо тартиби муайян навишта, дар ҷойи намоёни бинои участка овезон карда шудааст. Раиси комиссияи участкаи интихоботӣ Давлатмад Абдуллоев вобаста ба рӯйхати эҳтимолии интихобкунандагон изҳор намуд, ки шумораи овоздиҳандагон дар нисбати интихоботи гузашта 300 нафар афзудааст. Аъзои комиссия зимни санҷиш 60 нафар интихобкунандагони участкаро муайян намуданд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
- Рӯйхати дар муҳоҷирати меҳнатӣ будагонро барои баррасӣ ба комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Муъминобод №38 пешниҳод намудем, -арз кард Д. Абдуллоев.
Зимни боздидамон аз комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯлоб №37 ва комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Муъминобод №38 ва баъзе участкаҳои дигари интихоботӣ ба хулоса омадем, ки тадбирҳои андешидаю омодагиҳои ҳамаҷонибаи онҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ воқеан ҳам хубу ҷавобгӯи муқаррароти қонунгузории амалкунандаанд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»