24 феврали соли 2016 дар литсейи № 1- и шаҳри Чкалов мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода вохӯриро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки сокинони шаҳр сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоянд ва бо меҳнати шоён дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Ҷаббор Ахмедов оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, барномаҳо оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакатро ба дастгирии давлатии ҷавонон махсус таъкид намуд.
Дар интиҳо сокинони шаҳри Чкалов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳод оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар деҳоти «Куруш»-и ноҳияи Спитамен низ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов, муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»